Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Даъват ба саҳмгузорӣ ба пояи бузурги ҷомеаи навини тоҷикон

Даъват ба саҳмгузорӣ ба пояи бузурги ҷомеаи навини тоҷикон

9-10-2015, 17:20
Хабарро хонданд: 401 нафар
Назарҳо: 0
Даъват ба саҳмгузорӣ ба пояи бузурги ҷомеаи навини тоҷиконДар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ғончӣ баҳри татбиқи супориши Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ ва Кумитаи иҷроияи ХҲДТ дар вилояти Суғд ва пиёда сохтани нақша-чораҷӯиҳои КИН ҲХДТ маҷлиси васеи кормандони соҳаи маориф ва илми ноҳия баргузор гардид, ки яке аз масъалаҳои умдаи он ошкор кардани нақшаи муғризонаи ҲНИТ ва баҳои дурусти воқеӣ додан ба вазъияти баамаломада дар ҷумҳурӣ мебошад. Вобаста ба рӯйдодҳо ва ҳодисаҳои хунине, ки нимаи аввали моҳи сентябри соли ҷорӣ дар пойтахт ва атрофи он ба вуқӯъ омада, вазъи кишварро ноорому мардуми осоиштаро нигарону нороҳат кардаанд, мудири шӯъбаи ташкилӣ ва иттилооту таблиғоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ғончӣ Н.Отахонова баромад намуда, изҳороти прокурори генералиро ба самми умум расонид. Ҳамзамон оиди роҳбарони пасипардагӣ ва сабабгорони ин воқеаҳоро, ки мушаххас гардидаанд, зикр намуда, ҳадафу мақсадҳои нопок ва нақшаҳои зишти ин гуруҳи террористиро, ки боиси ба ҳалокат расонидани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва халалдор гардидани суботу амнияти ҷомеа гардидаанд, шарҳ дод.
Гуруҳҳои таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ аз ҳисоби зиёиён, собиқадорон, занон ва ҷавонон мебошанд, ки дар умум, оиди ин масъала қайд намуданд, дар ин роҳ бояд ягон нафар бетарафӣ зоҳир накунад, Ҳамчунин, гуфта шуд, ки агар аз ҷунин омилҳои номатлуби халалрасон ба рушди Тоҷикистон ва миллати тоҷик пайдо гардад, фавран ба мақомотҳои дахлдор барои чораҷӯй маълум намоянд.
Ҳамзамон, дар ин чорабинӣ аз тарафи Б. Қутбиддинова, корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ғончӣ омили дигари номатлуб – ришвахӯрӣ ва пешгирии он маърӯза
Иштирокчиён дар хулоса пешниҳод намуданд, ки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баҳри бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дастгирӣ карда, ҳамаро даъват ба саҳмгузорӣ ба пояи бузурги ҷомеаи навини тоҷикон намуданд.
© Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ғончӣ.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: