Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Ҷавонони шаҳри Хуҷанд ҳамлаи хиёнаткорона ба сайёҳонро маҳкум намуданд

Ҷавонони шаҳри Хуҷанд ҳамлаи хиёнаткорона ба сайёҳонро маҳкум намуданд

2-08-2018, 14:01
Хабарро хонданд: 218 нафар
Назарҳо: 0
Ҷавонони шаҳри Хуҷанд ҳамлаи хиёнаткорона ба сайёҳонро маҳкум намуданд
Дирӯз дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки ҷавонони фаъол, волонтёрони назди бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр оид ба маҳкумияти аъмоли хиёнаткорон дар мавриди ҳамла ба сайёҳон нишаст баргузор шуда, онро амалҳои тарҳрезинамудаи ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон унвон намуданд.
Мудири бахши кор бо ҷавонони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов зимни баромади худ аз ҷумла таъкид дошт, ки таҳқиқи ҳодиса аз ҷониби мақомоти қудратии кишвар собит сохт, ки ҳодисаи мазкур садамаи муқаррарӣ набуда, балки амалӣ қаблан тарҳрезишудаи душманони миллати тоҷик дар симои ҷавонони тундрав ба хотири паст намудани эътибори кишвар дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.
Таъкид шуд, ки ин амали бадхоҳон ба имиҷи кишвари мо таъсир расонида наметавонад. Ҷаҳониён ба хубӣ медонанд, ки кишвари афсонавии Тоҷикистон яке аз давлатҳои амн дар минтақа маҳсуб меёбад ва ҳаргуна хатару фалокатҳои бавуҷудомада аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бартараф ва чораандешӣ карда мешавад.
Маҷмуъан ҷавонони шаҳри Хуҷанд ин аъмоли разилонаи хоинони миллатро маҳкум намуданд.
Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: