Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Ҳамоиши ҲХДТ ва ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар ноҳияи Б. Ғафуров

Ҳамоиши ҲХДТ ва ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар ноҳияи Б. Ғафуров

5-01-2016, 15:53
Хабарро хонданд: 341 нафар
Назарҳо: 0
Ҳамоиши ҲХДТ ва ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар ноҳияи Б. ҒафуровБо ҳиссӣ ифтихору фараҳманди шаҳрвандони минтақаи Овҷиқалъача қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат”-ро баррасӣ ва сад дар сад ҷонибдори намуданд. Ҷаласаи мазкур бо ибтикори кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ ва намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар толори МТМУ № 8 ва МТМУ №37 бо ҷалби фаъолони ҳизб ва аҳли ҷамоатчигӣ доир гардид. Раиси КИИ минтақаи Овчиқалъача Қаландарова М. ба ҷаласа ҳусни ифтитоҳ бахшида аҳли нишастро бо мақсаду мароми мулоқот шинос намуд.
Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Б.Ғафуров М.Мирпоччоева аз қабули қонуни мазкур ёдрас гардида, бобати дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар зарфи 24 сол суханронӣ намуд. Ҳамзамон ӯ қайд намуд, ки маҳз сиёсати оқилонаву хирадмандона ва дурандешонаи Президенти кишвар, Раиси ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Тоҷикистон дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ ба пешравиҳои назаррас ноил гардид.
Роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Б.Ғафуров доири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” васеъ истода гузашта иброз дошт, ки заҳматҳои Президенти кишвар, Раиси ҲХДТ, Пешвои миллат дар назди халқу Ватан беандоза буда, ҳамаи дастовардҳои солҳои Истиқлолият маҳз ба он кас вобастагии ногузастани дорад. Мо ҷавонон ғамхориҳои Презинденти кишварро ҳамарӯза эҳсос мекунем ва бояд ҷавобан ба ин ғамхориҳо сазовор бошем. Ҳамчунин мавсуф, ҷавононро даъват кард, то ки барои созандагиву ободонии кишвар саҳмгузор бошанд, зеро Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама баромадҳояшон мо – ҷавононро ояндаи давлат меҳисобанд ва ба мо боварии калон доранд. Аз ин лиҳоз мо бояд, дар атрофи Пешвои миллат муттаҳид гашта Созандагони Ватан бошем!
Раиси ташкилоти ибтидоии деҳаи Овчӣ Шерматов А, аъзои фаъоли гурӯҳи таблиғотӣ Шарипова Ф, раиси кумитаи маҳаллаи деҳаи Қалъача Шокиров А, раиси Шӯрои занони ҷамоат Мавлиддинова С ба музокира баромада, Президенти кишварро дар ҳақиқат арзандаи унвони Олии Пешвои миллат донистанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: