Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Наҳзати паймоншикан ва ҷинояткор

Наҳзати паймоншикан ва ҷинояткор

31-07-2018, 08:43
Хабарро хонданд: 272 нафар
Назарҳо: 0
Наҳзати паймоншикан ва ҷинояткор
Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки чун анъана ҳар сол санаи 27 июн бо шукӯҳу таҷаммул таҷлил мегардад 21 сол сипарӣ шуд. Баъди ба даст омадани сулҳ то имрӯз мардуми Тоҷикистон дар фазои орому ваҳдати миллӣ зиндагӣ мекунад. Зуҳуру бурузи ваҳдати миллӣ дар шароити Истиқлолияти давлатӣ маънои онро дорад, ки маҳз фазои мустақилияти сиёсӣ имкон дод, ки масъулият бар бемасъулиятӣ пирӯз гардад ва падидаҳои манфуре, мисли, нафрат, ҷаҳолатписандӣ, кинаварзӣ ва бегонапарастӣ аз саҳнаи зиндагии миллӣ бадар рафта, вазъи баҳамойӣ дар кишвар салтанат кунад, аммо паймоншиканони террористи наҳзатӣ имрӯз дар хориҷи кишвар ин равандро ба чолиш кашида, бо туҳмату буҳтон ҳарфҳои дарҳам барҳамро баён менамоянд.
Яке аз масоиле, ки вақтҳои охир аз тарафи расонаҳои гурӯҳии мансуб ба ҳизби терористии наҳзати исломии Тоҷикистон дар фазои маҷозӣ пӯшиш меёбад, ин баррасии масъалаи сулҳи тоҷикон ба ҳисоб меравад. Таҳлилгарони ТТЭ ҲНИ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар навиштаҳояшон воқеиятро воруна нишон диҳанд ва бо ин ки тайи 18 сол дар кишвар фаъолият намуда, соҳиби мансабҳои гуногун ва боигариву сармоя буданд ва танҳо пас аз содир намудани ҷиноёти сангини табаддулоти давлатӣ, тибқи қарори Суди Олии Тоҷикистон фаъолияти онҳо боздошта шуд, ҷиноёти муртакиб гардидаи хешро ба гардани дигарон бор кунанд ва худро аз қабзаи террористӣ ва паймоншиканӣ раҳоӣ бахшанд. Ин гуна равишро дар навиштаҳои иғвоангезонаи онҳо метавон мушоҳида намуд. Ба ин навиштаи иғвобарангезонаи террористони наҳзатӣ мехоҳем ҷавоби кутоҳе диҳем, ки дар поён оварда шудааст.
1.Муссалам аст, ки шаклгирӣ ва омилу сабабҳои асосии ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-ум асри гузашта ТТЭ ҲНИ ва сардамдорону пайравонаш буданд, ки то имрӯз ҳазорон мадраку маъхазҳое мавҷуданд, ки ин воқеиятро тасдиқ менамояд. Яке аз мадраки хеле бомаврид он аст, ки чун дар дигар кишварҳои мусалмоннишини собиқ шӯравӣ чунин навъи ҳизби динӣ вуҷуд надошт, интиқолӣ қудрат ба оромиш сурат гирифт, вале мутаассифона вуҷуди ҳамин гуна ҳизб Тоҷикистонро ба хоку хун кашида, кишварро дар ҳоли нобудӣ қарор дод. Мадорики мавҷуда бозгӯкунандаи он аст, ТТЭ ҲНИ ва пайравони ҷиноятпешааш аввалин нафароне, буданд, ки ҳанӯз ҷиноятҳои ғоратгарӣ, авбошӣ, мардумозорӣ ва қатлу кушторро аз воқеиятҳои баҳманмоҳи соли 90-ум шурӯъ намуда, баъдан онро дар марҳилаи дигаргуниҳои соли 91-идома бахшиданд. Инҳо ҳамон босмачипешагоне, буданд, ки бо баробари фазоро холӣ дарёфт намудан қавонини асри миёнагиро мавриди иҷро қарор дода, пас аз мағлубият дар интихоботи умумихалқӣ ба фазаи ҷангӣ гузаштанд ва дар кишвар ҷанги шаҳрвандиро ба роҳ монданд. Тавассути зӯри силоҳ ҳукумати қонуниро аз байн бурда, таҳти фишори силоҳ Президенти аз ҷониби мардум қонунан интихобшударо маҷбуран ба истеъфо бурданд. Кишварро ба макони ҷангу хунрезӣ, ваҳшат ва ғоратгарӣ табдил доданд. Ҷумҳурӣ бо дасти ғоратгарон ва қотилони наҳзатӣ дар алангаи ҷанг месӯхт ва вуҷуди Тоҷикистон ба ҳайси давлат зери суол рафта буд. Тоҷикистонро террористони наҳзатӣ ба пора-пораҳо табдил дода буданд. Қонунмандӣ пурра аз кишвар рахт баста буд ва ҳарфи қонунро дузду роҳзан ва камонмарду силоҳдор мезад. Тоҷикистон ба ноамнтарин макони ҷаҳон табдил ёфта буд, ки ҳамаи ин аз «баракати наҳзати исломӣ» маншаъ мегирифт.
2. Ноамнии пойтахт ва ҷануби кишварро, ки ғоратгарони террористи наҳзатӣ роҳандозӣ намуда буданд, сабаб гардид, то иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хӯҷанд баргузор гардад. Дар ин сессия, ки як гардиши куллие, дар раванди ҳодисоти Тоҷикистон буд, аз нав ҳукумати қонунӣ ва аркони давлатдорӣ, ки кайҳо фалаҷ гардида буданд, барқарор гардиданд. Паймони сулҳ низ ба тавсиб расида, оши оштӣ дода шуд, вале паймоншиканҳои наҳзатӣ ба он иктифо накарда, аз зури аслиҳа истифода намуда, ба қатлу ғоратгаӣ идома доданд. Ҳамин сабаб гардид, ки ҷанги дохилӣ идома ёфт ва ҳазорон мардум ба Афғонистон гурезаю овора гардиданд. Ин гурӯҳи ҳарис аз бадбахтии мардум истифода намуда, бо номи ёрӣ ба бародарони мусалмон аз гурезаву фирорӣ ва бадбахт намудани тоҷик дар хориҷи кишвар пулу сармоя ҷамъоварӣ намуданд. Бо фиребу найранг ва таблиғи фалсафаи ҷиҳоду шаҳодат ҳазорон фарзанди тоҷикро гумроҳ намуда, сабабгори ҷисман нобуд гардидани онҳо шуданд.
3. Барои ба вуҷуд овардани фазои ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва тафоҳуми миллӣ музокироти тоҷикон бо ризоияту тавофуқи масъулини тарафҳои даргир аз 5 апрели соли 1994 шурӯъ гардида, то 27 июни соли 1997 бо баимзорасии Созишномаи умумӣ анҷом ёфт. Дар муддати қариб 40 моҳи гуфтушунидҳо, дар 8 давр 44 санади муҳим ба имзо расид, ки дар маҷмуъ, роҳҳои ҳалли мушкилоти ҷомеаи ба фоҷеа гирифторшударо фаро мегирифт. Воқеан, дар ин миён хидматҳои шоёни Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нотакрор ва шоёни таҳсин аст. Зеро ин бузургмард новобаста аз ҳамаи мушкилоти сиёсии ба миён омада, бо иродаи қавӣ тавонист, мардумро сарҷамъ намояд ва ҳамаи гуноҳҳои қаблан содиршударо бибахшад. Тибқи муқаррароти баҳсу муноқишоти сиёсӣ, дар раванди гуфтушуниди байни тоҷикон муҳайё сохтани шароити моддию равонӣ, идеявию фарҳангӣ ҳукми зарурат маҳсуб меёфт ва дар ин амр ёрию дастгириҳои хайрхоҳонаи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, мисли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони конфронси исломӣ ва мамолики кафили сулҳи тоҷикон, назаррас буда, фаъолияти беғаразонаи созмонҳои марбута ба муваффақона анҷом пазируфтани муколимоти тарафайн ва саранҷом, ба вуҷуд омадани фазои ваҳдати миллӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ шароити мусоидат фароҳам овард
4.Имрӯз, ки наҳзатиҳо даъво пеш меоранд, ки гӯё ба хотири мардум сулҳ карда бошанд, аслан дурӯғе беш нест. Инҳо дар тамоми муборизот гумроҳ кардани мардум ва кишварро ба хоку хун кашидан танҳо бо мақсади ба даст даровардани ҳокимияти сиёсӣ роҳандозӣ намуда буданд. Ҳамин аст, ки дар раванди гуфтушунидҳои сулҳ ҳам онҳо танҳо мақсади ба даст овардани ғасби ҳокимияти сиёсӣ ва сармояву дороӣ, на чизи дигар. Агар раванди бозгашт ва ба зиндагии муқарарӣ баргаштанӣ онҳоро ба таҳқиқ мурур кунем, нек хоҳем дарёфт, ки онҳо ҳарисона ба сармояғундорӣ ва ҳифзи ҷоҳу ҷалоли хеш машғуланд, на чизи дигар. Агарчи ин гурӯҳ 30 дар сади мансабҳои давлатиро ба даст дароварданд ва соҳиби сармояҳои муайяне гардиданд ва тамоми ҷиноёти қаблан аз тарафи онҳо рух дода бахшида шуда бошад ҳам, вале иктифо накарда, тавтеъапардозӣ, мазҳабфурӯшӣ ва мағзшӯии сокинони кишварро идома доданд. Ахиран, пас аз шикасти хеш дар интихоботи парлумонии соли 2015 даст ба ҷинояти сангини табаддулоти давлатӣ заданд. Ин табаддулот тавассути яке аз фаъолони ТТЭ ҲНИ , ки тибқи квотаи 30 дар садӣ ба мақоми муҳими давлатӣ расида буд сурат, гирифт. Ин ҳама ҷиноятҳои наҳзатиҳо бозгӯкунандаи он аст, ки сарварони ТТЭ ҲНИ агар дар зоҳир ба ҷараёни сулҳ шомил шуда бошанд ҳам, вале пинҳонӣ барои табаддулотӣ ҳарбӣ омодагӣ мегирифтанд. Мадорик бозгӯкунандаи он аст, ки аз соли 1997 ба баъд низ масъулони ин ташкилоти террористӣ ба ҷиноятпешагӣ машғул буданд, ки онҳо пай дар пай аз тарафи ниҳодҳои ҳукуматӣ хунсо карда шуданд. Пас, суоли матраҳ ин аст, ки паймони сулҳро террористони мансабталоши фурӯхташудаи ТТЭ ҲНИ поймол карданд, на Ҳукумат.
5.Имрӯз ҷинояткорони ТТЭ ҲНИ, ки барояшон дигар ягон арзиш ва муқаддасоте вуҷуд надорад, дар Аврупо панаҳ бурда, танҳо ба бадном кардани давлату миллати тоҷик машғуланд. Барои инҳо на сулҳ на Ватан ва миллат арзиш надоранд. Танҳо ғасби ҳокимият, дарёфти пулу зиндагии бошукӯҳ бар ивази бадномии миллату давлат барояшон арзишманд аст. Ин гуруҳи худбохта тасаввур намекунад, ки як бор бо худхоҳиву мансабпарстӣ дар солҳои навадум кишварро пора- пора намуда, онро дар ҳоли нобудӣ қарор додаст. Аз он ибрат намегиранд ва имрӯз дубора чунин талош доранд. Вале имрӯз дигар мардум онҳоро шинохтааст ва ба ҳазёни ин ҷунунпешагони пойбанди мансабу пул бовар нахоҳад кард.
Эҳсони Илҳом






Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: