Роҳбарияти ТЭТ ҲНИТ бояд барои куштори одамон ҷавоб гӯяд23-11-2017, 08:30
Хабарро хонданд: 440 нафар
Назарҳо: 0
Сардамдорони ташкилоти мамнуъ ва террористии ҲНИТ, ки аз ҷавобгарӣ дар назди мардуму қонун гурехта дар хориҷа паноҳ мебаранд, ҳамеша аз демократия ва озодӣ сухан мегӯянд. Вале воқеъият танҳо ба гуфтан ҷамъбаст намешавад, балки воқеъиятро амалия муайян менамояд. Ҳамин аст, ки меъёри дарёфти ҳама гуна ҳақиқат амалияи инсон аст на чизи дигар. Аз касе пӯшида нест, ки ТЭТ ҲНИТ ҳанӯз аз охири солҳои Шӯравӣ ба фаъолиятҳои экстремистию терористии худ оғоз намудааст. Масалан, факту далелҳои мақолаи «ҲНИТ ва ДИИШ», ки ба қалами Изатулло Саъдулло, номзади илмҳои таърих, узви собиқи ҲНИТ, роҳбари ташкилотии ибтидоии ҲНИТ дар ноҳияи Шоҳмансур ва гуруҳи шоҳидони ин ҳодисаҳо тааллуқ дорад (рӯзномаи «Фараж», №44 (570) аз 01.11.2017), бозгӯкунандаи онанд, ки ҲНИТ аз бунёд ташкилоти экстремистӣ- террористӣ буда, амалан аз охири солҳои 80-уми асри гузашта амалҳои ифротиашро дар шаҳрҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа оғоз кардааст. Тибқи далелҳои овардаи муаллиф ин гуруҳ ҳаводиси экстремистиро маҳз аз масҷидҳо оғоз намудаанд. Яъне ҳанӯз дар даври Шӯравӣ бо калтаку корд ва оҳану арматур ба дигарандешон ҳамла кардан аввалин шеваҳои зӯроварии наҳзатиҳо будааст. Маҳз аз масҷидҳо шуруъ намудани нооромӣ ва даст задан ба зӯроварию масҷидро аз макони муқаддасу ибодат табдил додан ба макони шарорату муқовимат амали касифонаи ҲНИТ-иён буд. То ин замон мардуми тоҷик чунин зеҳнияте дошт, ки масҷид макони бисёр мукаддас аст ва он ҷо ба ҷуз аз ибодат анҷоми амали дигар ношоиста аст. Пас аз пош хурдани собиқ ИҶШС ва ба даст овардани истиқлолият дар Тоҷикистон, замоне ки ҷумҳуриҳои дигар дар ҳоли тақсими мероси аз Шӯравӣ бозмонда ва таҳкими давлатдориашон буданд, ҲНИТ бо такя ба дастури хоҷагони хориҷиаш барои бо роҳи зӯрӣ ба даст овардани ҳокимият ба набарди мусаллаҳона даст зад ва ҳукумати конститусионро дар соли 1992 ғасб намуда, кишварро ба майдони ҷанг ва қатлу куштор табдил дод. Дар як фурсати кутоҳ дар натиҷаи ин амали нангини ҲНИТ, ҳокимият дар саросари Тоҷикистон фалаҷ гардид, миллат пароканда шуд ва вуҷуди ягонагии кишварамон ба ҳайси давлат зери савол монд. Мусаллаҳшавии ҲНИТ-иён ба фаъолияти экстремистии онҳо тақвият бахшида, минбаъд ба фаъолиятҳои террористона пардохтанд. Кушторҳои ваҳшиёнае, ки дар соли 1992 (дар бинои ҳаммоми совхози Туркманистони ноҳияи Вахш ва ғайра) террористони наҳзатӣ анҷом додаанд, назирашро таърих ёд надорад. Ин гуруҳ имрӯз нашармида аз миллату инсоният ҳарф мезананд, аммо хиёнатҳояшон ва аъмоли фоҷиаборашон аз ҳуҷуми чингизиён ба минтақа камтар нест. Наҳзатиҳо бадтарин шеваҳои қатли инсонро дар ин минтақа нисбат ба ҳамватану ҳаммеҳани худ раво дидаанд, ки онро ҳеҷ инсоне ба ягон кас раво надидааст. ҲНИТ-иёни фирории террорист, ки имрӯз дар хориҷи кишвар аз ҳуқуқи инсон ҷор мезананд, аз аъмоле, ки дар баробари ҳамватанони худ анҷом додаанд, нашармида худро ҳомии ҳуқуқи башар эълон мекунанд. Дар мақолаи ёдшуда сухан дар бораи зиндонҳои ихтироъ намудаи ҲНИТ-иён дар қаламрави Тоҷикистон меравад, ки фикр мекунам дар ҳеҷ кишвари муосири ҷаҳон чунин навъи шиканҷа ва аъмоли зиддиинсонӣ ба назар намерасад. Имрӯз, ки инҳо дод аз донишмандиву нобиғагӣ мезананд ва ихтирооти илмиву дастоварди олимонро ночиз мешуморанд, дар давоми мавҷудияти ташаккули терористии худ як «кашфиёт» кардаанд ва он ҳам кашфиёти «бочка-зиндон», ки дар даруни бочкаҳои оҳании барои истифодабарии об ва бензин истеҳсолшуда ҳамватанони худро зиндонӣ намуда, бо бадтарин шева мекуштаанд. Ан ин «ихтироъ» то солҳои 2000-ум баъзе аз пайравони ҲНИТ истифода намуда будаанд. Баҳ- баҳ, чи «ихтирои муҳиме» он ҳам шеваи тарсноки инсонкушӣ… Фаъолияти ин ҳизб ҳамеша зиддимиллӣ ва зиддиинсонӣ буд. Силсилакушторҳои ҲНИТ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ афзоиш ёфта, ҳатто пас аз ба имзо расидани созишномаи сулҳ идома ёфтаанд. Ҳамаи ин баёнгари онанд, ки ин ҳизби экстремистию террористӣ, ки айни ДИИШ аст, бо фаъолиятҳои зиддиинсонии худ ҳазорон хонадони тоҷикро аз саробони оилаву аз ҷигарбандон маҳрум намудааст. Амалҳои террористии ин гурӯҳ, ки боиси аз байн бурдани ҷони 150 ҳазор сокини осоиштаи Тоҷикистон гардид, бузургтарин хиёнат ва ҷафоест, ки аз тарафи онҳо содир шудааст. Имрӯз аз хотима ёфтани ҷанги шаҳрвандӣ бештар аз 20 сол сипарӣ мешавад ва сардорони фирории ҲНИТ дар хориҷи кишвар паноҳ бурда, худро инсонҳои мутамаддин вонамуд мекунанду чунин пиндореро дар зеҳни худ мепарваранд, ки гӯё бо гузашти вақт аъмоли зиддиинсонии онҳо ба фаромӯшӣ рафтааст. Вале бехабар аз онанд, ки дар саҳифаҳои таърих ва дар зеҳни ин миллат даҳшатафканию қатлу ғорати наҳзатиҳо боқӣ хоҳад монд. Ҳарчанд ҲНИТ-иён дар хориҷи кишвар паноҳ мебаранду аз инсонияту тамаддун ҳарф мезананд, вале то ҳанӯз ҳам ҳисси инсонбадбинӣ ва фанатизми мазҳабӣ аз зеҳнияти онҳо зудуда нашудааст. Агар имкон ёбанд, дер ё зуд боз дар шакли дигар ҳатман аъмоли касифонаи хешро анҷом медиҳанд. Имрӯз дар сомонаҳои интернетӣ бо роҳи дурӯғпароканӣ ва худро донишманду ҳамадон нишон додани баъзе аз идеологҳои ҲНИТ-ӣ ва аз ин роҳ мағзшӯӣ кардани ҷавонони ноогоҳ ва роҳнамуд кардани онҳо ба самти афкори муғризонаи зиддиинсонӣ давоми хиёнатҳои қаблии хешро дар баробари ҳаммеҳанони худ ба роҳ мондаанд. Кудурати ботинӣ ва инсонбадбинии ҲНИТ-иён боиси он гардид, ки солҳои 90-уми асри гузашта миллатҳои ғайри тоҷик ва ғайри мусалмон махсусан русзабонҳову аврупоиён низ мавриди ҳамла ва куштори онҳо қарор гирифтаанд. Тавре дар мақолаи зикршуда ишора мешавад, дар соли 1995 ба таври дастаҷамъӣ қатл кардани сарбозони заставаи 12-уми сарҳадбонони Россия, соли 1997 ба қатл расонидани намояндагони ҳайати Созмони Миллали Муттаҳид дар Тавилдара бозгӯи он аст, ки онҳо миллатҳои дигарро таҳаммули дидан ва дар як фазо бо онҳо зиндагӣ кардан надоранд. Ҳамин аст, ки дастгиршудаҳои ташкилоти террористии ҲНИТ Қузратов Саидмуҳриддин Муҳибуллоевич, соли таваллудаш 1964 таълимоти террористӣ диверсиониро дар Ҷумҳурии исломии Эрон гузаштааст ва Абдуллоев Абдуқодир Гурезович, соли таваллудаш 1967, ки дар рӯҳияи инсонбадбинӣ таҳаммулнопазирӣ ва фанатизми исломӣ тарбият ёфта буданд, якуми июни соли 1994 дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Маяковский, хонаи 2 бо дастури роҳбарони ифротии ин ташкилоти террористӣ хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки миллаташон рус буд, аз ҷумла Хрестофоров Сергей Евгеневич, Захаров Александр Юревич ва ҳамчунин Кленова Флюра Бакировна, Онишюк Татяна Александровнаро бо истифода аз силоҳи оташфишон бераҳмона парондаанд. Номбурдагон аз захмҳои бардоштаашон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Чунин навъи кушторҳои ҲНИТ солҳои 90-уми асри гузашта зиёд буданд ва сабаби тарки Тоҷикистон намудани ҳазорон ҳамватанони мо, ки аз миллатҳои ғайр буданд, ё бовару эътиқоди дигарро доштанд, гардидаанд. ҲНИТ ва пайравони экстремисти он ки дар хориҷ аз Тоҷикистон, махсусан дар мактабҳои террористии аз тарафи доираҳои мутаассибу манфиатдори ҶИЭ роҳандозишуда таълимоти террористӣ гирифта, ба мақсади ғасби ҳокимият, тавсия додани нуфузи худ ва амсоли ин, амалҳои террористиро дар саросари Тоҷикистон анҷом додаанд. Фактҳои овардашуда гувоҳи онанд, ки наҳзатиҳо ба дигарандешон, ҳамзабону ҳаммеҳану ҳаммиллати худ дар солҳои 90-ум раҳм накардаанд ва ин кушторҳои дастаҷамъонаи ваҳшиёнаро анҷом доданд. Чи расад ба аз озодии виҷдон ва ҳуқуқу озодиҳои инсон сухан гуфтани онҳо. Маҳз куштори русзабонон ва миллатҳои дигари аврупоӣ ба хотире содир шудааст, ки онҳо мутааллиқи миллатҳои дигар буданд ва аз тарафи дигар аз назари бовару эътиқод ба бовару эътиқоди ҲНИТ-иён ҳамсон набуданд. Роҳбарони наҳзатиҳо имрӯз дар кишварҳои хориҷӣ бо роҳи шиорфурӯшӣ мехоҳанд, ҷомеаи ҷаҳониро фиреб диҳанд, ки гӯё инҳо воқеан демократанд ва барояшон ҳуқуқи инсон, озодии виҷдон, бисёр арзишманданд. Вале ин ҳарфҳо танҳо баҳонаеанд, то худро аз қабзаи террористӣ орӣ нишон диҳанд ва аз ҷавобгӯӣ дар назди қонун барои ҷиноятҳои содир намудаи худ халос шаванд. Аммо роҳбарияти ҲНИТ дер ё зуд барои ҷиноятҳояшон ва хусусан барои куштори одамон бояд ҷавоб гӯянд. Эҳсони Илҳом |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.