Исёнгароёни исломӣ3-08-2016, 12:00
Хабарро хонданд: 646 нафар
Назарҳо: 0
Тайи чанд рӯз аст, ки расонаҳои иттилоотии минтақа ва ҷаҳон аз табаддулоти Туркия хабару гузориш ва маводҳои таҳлилӣ интишор медиҳанд. Воқеан ҳам, ҳаводисе, ки дар ин кишвар рух дод, қобили таваҷҷуҳ буда метавонад. Вале пайравони Ҳизби террористӣ ва экстремистии наҳзати исломӣ ба он чӣ пайвандие доранд, ки худ аз номи коршиносон ин кудаторо баҳогузорӣ намуда, таъсири онро ба ҷаҳони ислом ва мусулмонон шарҳ доданӣ мешаванд. Сомонаи «Паём.нет»-и ТЭТ ҲНИТ меоварад, ки мухбиронаш аз оғози кудато дар байни тазоҳургарон буда, шоҳиди ҳаводиси майдонҳо шуда, дар тазоҳуроти Истамбул ширкат кардаанд.
Бояд тазаккур дод, вазъияти кунунии олами муосир нишон медиҳад, ягон гурӯҳу қувваи динӣ-мазҳабӣ, ки ҳамчун ҳаракати сиёсӣ фаъолият мекунад, наметавонад ҷомеаро он тавре ки мардум мехоҳанд, идора созад. Дар ниҳояти кор ба бардхӯрдҳо рӯ ба рӯ шуда, аз байн меравад. Ҳолати кунунии Туркия инро бозгӯ мекунад. Аммо аъзои Ҳизби террористӣ ва экстремистии наҳзати исломӣ дар ҳар давлате чӣ воқеае рух диҳад, новобаста аз вазъият ва шароит ба он мепечанд ва ё бевосита дар он ширкат мекунанд. Ҳамақида будани ташкилоти экстремистӣ ва террористии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон нисбат ба ҳодисае, ки рӯзи 16-уми июли соли равон дар Туркия ба амал омад, баръало аён мегардад. ТЭТ ҲНИТ ба тавсифи созмонҳои иртиҷоии динӣ-мазҳабӣ мепардозад, ки рӯз то рӯз аз байн рафта истодаанд ва ё зуҳур мекунанду боз нопадид мешаванд. Наҳзатиҳо ба табаддулоти Туркия, ки аз сӯи гурӯҳе аз низомиёни ин кишвар иттифоқ афтод, дахолат мекунанд ва онро маҳкум месозанд, дар ҳоле ки соле қабл худи ҳамин ТЭТ ҲНИТ ва низомии хиёнаткор Абдуҳалим Назарзода дар Тоҷикистон даст ба исён зада буданд. Давлати Туркия Фатҳулло Гюлен, руҳонии фирории турк ва мухолифи ҳукумати феълии Туркияро дар қасди табаддулоти давлатӣ дар ин кишвар гунаҳкор ҳисобида, хостори истирдоди ӯ аз Амрико шуд. Агар ҳукумати Туркия кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар ин кишварро бевосита ба руҳонии фирорӣ - Фатҳулло Гюлен алоқаманд ҳисобад, кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар Тоҷикистон низ бевосита ба фирории ифротӣ - Муҳиддин Кабирӣ вобаста аст. Аз ҷониби ҳукумати Туркия барои муайян кардани ҳадафҳои табаддулоти давлатӣ ва он доираҳое, ки дар паси ин хиёнат истодаанд, чораҳои зарурӣ андешида шуда бошад, дар Тоҷикистон ҳам тадбирҳо барои муайян ва маълум кардани миёнаравҳо, шарикон ва ҳаводорони ин гурӯҳи ҷинояткор амалӣ шудаанд, ки дар садри он Муҳиддин Кабирӣ меистод. Аъмоли Кабирӣ характери ҷиноятӣ дошт ва он собит шуд. Туркия созмони таъсисдодаи Гюленро хатарнок меҳисобад, вале ТЭТ ҲНИТ-и Кабирӣ аз он ҳам хатарноктар аст. Раҷаб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия дар ин табаддулот Фатҳулло Гюленро гунаҳкор кард ва аз Амрико талаб дорад, ки ӯро ба Туркия баргардонад. Вале ин дар ҳолест, ки раҳбари ТЭТ ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ҳам дар воқеаҳои моҳи сентябри соли гузаштаи Тоҷикистон гунаҳкор аст, вале Раҷаб Эрдуғон Кабириро ба Тоҷикистон интиқол доданӣ нест. Ҷонибдории пайравони наҳзатӣ тарафи дигар низ дорад, зеро раҳбарони ТЭТ ҲНИТ Ҳизби адолат ва тараққиётро қаблан ба расмият шинохта ва ҳатто аз амали он пайравӣ мекарданд. Имрӯз низ мехоҳад аз он пайравӣ кунад. Ин ақида барои Эрдуғон ба ҳар ҳол хушоянд менамояд. Вале чандин кишварҳо ин ҳаракатҳоро ба далели нуфузи зиёд бар доираҳои давлатӣ ҳамчун таҳдид мешиносад. Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон дар пайи шикасти кӯшиши табаддулот гуфта буд, ки Туркияро аз сиёҳкорон озод кардааст. Тоҷикистон низ он замон ба бадхоҳону бадкирдорон мувофиқи аъмолашон посух дода буд. Нерӯҳои сиёҳкоре чун Кабирӣ, ки фикри ба ҳам задани оромии кишварро дар сар доштанд, рӯ ба гурез ниҳода, дар Туркия зери қаноти Эрдуғон маскан гирифтанд. Ҳизби исломгарои адолат ва тараққиёти Эрдуғон ва ТЭТ ҲНИТ-и Кабирӣ аз як сарчашма об мехӯранд ва ақоиди ягона доранд. Аз дохил ва хориҷ фошкориҳо афзоиш ёфта истодааст. То кадом дараҷа ҳаракати сиёсии исломӣ исломикунонии ҷомеаро дар сиёсатгузориҳои хеш меҳварият медиҳад, воқеаҳои охири ҷаҳон нишон дод. Хостаҳои худро даҳчанд зиёд кардан вазъиятро бадтар карду беҳтар не. Рафтори нодурусти исломгароён гурӯҳҳои ҷомеахоҳи исломро ба ҷаҳониён чун «террорист» шиносонд ва вазъи бе ин ҳам печидаро бадтар кард. Рустам Раҳимов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.