Барои рушди ҷомеа меҳнати содиқона менамоем31-07-2018, 08:26
Хабарро хонданд: 289 нафар
Назарҳо: 0
Дар толори Чамъияти матлубот маҷлиси ҷамъбастии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич бо иштироки ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баргузор гардид. Дар маҷлис ҳисоботи фаъолияти КИ ҲХТД дар шаш моҳи авали соли 2018, тасдиқи нақшаи фаъолияти ҳизб барои нимсолаи дувуми соли 2018, тасдиқи қарори «Обуна 2019» ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ҳисоботи ҷамъбасти нимсоларо Раиси КИН ҲХДТ дар ноҳия Комрон Исмоилзода иро карда доири иҷрои дастуру супоришҳои Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Кумитаи марказӣ ва вилоятӣ ҳарф зад. Инчунин бобати тарғибу ташвиқи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мулоқоти фаъолони кишвар, «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ва дар самтҳои дигар корҳои басомон расонидаро ба саҳми ҳамагон расонид. Инчунин барои боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти КИ ҲХДТ ва ташкилотҳои ибтидоӣ аз ҷониби аъзоёни раёсат ва иштирокдорон фикру мулоҳизаҳо пешниҳод гардида, мавриди музокира қарор гирифт. Ҳамзамон ҷамъомадагон маводҳои гуногуни таблиғотӣ супорида шуд. Лоиқ Тӯйчиев мутахассиси шӯъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ н.Деваштич. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.