12-уми июли соли 2018 дар толори Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе оид ба фаъолияти сохторҳои шаҳрии ҳизб дар нимсолаи якуми соли 2018 баргузор гардид.
Дар он муовини Раиси ҲХДТ Раъно Бобоҷониён, аъзои КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, раиси Комиссияи тафтишотии ташкилотҳои ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Икромҷон Субҳонзода, мудирони шуъбаҳои Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб ва ноҳияҳои он, раисони як қатор Кумитаю ташкилотҳои ибтидоии пойтахт, роҳбарони намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он ва намояндагони Васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Дар маҷлис чаҳор масъала: гузориши мухтасари раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Раҳмонзода З. Ф. оид ба фаъолияти сохторҳои шаҳрии ҳизб дар давоми нимсолаи якуми соли 2018, ҳисоботи комиссияҳои доимоамалкунанда дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ҳамкорӣ бо собиқадорони ҳизбу меҳнат бо КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, омодагиҳо ба таҷлили ҷашни умумиллӣ - 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои ҷорӣ, ки ба рӯзномаи он ворид гардида буданд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Нахуст, аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода дар бораи фаъолияти сохторҳои шаҳрии ҳизб дар давоми нимсолаи якуми соли 2018 гузориш дод.
Мавсуф роҷеъ ба афзоиши сафи аъзои ҳизб, теъдоди ташкилотҳои ибтидоӣ, чопи хабару мақолаҳо дар нашрияи «Мароми пойтахт» ва сомонаҳои иҷтимоӣ, кумакҳои хайриявии комиҷроияҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, баргузории аксияҳову ҳамоишҳо ва дигар чорабиниҳо, курси бозомӯзӣ, доир намудани чорабиниҳо бахшида ба «Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, 2018-2028», «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва дигар корҳои анҷомдода дар нимсолаи аввали соли 2018 суханронӣ кард.
Тавре аз гуфтаҳои номбурда бармеояд, дар нимсолаи якуми соли 2018 то имрӯз мутобиқи маълумоти оморӣ дар шаҳри Душанбе 63043 нафар аъзои ҳизб ва 767 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ фаъолият доранд. Ҳоло сафи аъзои ҳизб дар шаҳр тадриҷан зиёд гардида, аз ин шумора 28172 нафарро занон (44,69 %) ва 26137 нафарро ҷавонон (42,12 %) ташкил медиҳанд. Танҳо дар давраи ҳисоботӣ теъдоди ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ 17 адад ва шумораи аъзо 838 нафар зиёд гардидааст.
Вобаста ба гузориш аъзои КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ибрози назар ва гузориши З. Раҳмонзодаро қаноатбахш арзёбӣ намуд.
Сипас, ҳисоботи раисони комиссияҳои доимоамалкунанда дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ҳамкорӣ бо собиқадорони ҳизбу меҳнат бо КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мӯсо Асозода ва Умринисо Казакова шунида шуд.
Дар бораи масъалаи сеюм-омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Сипас, муовини Раиси ҲХДТ Раъно Бобоҷониён оид ба масоили баррасишудаи маҷлис ибрози назар карда, гузоришу ҳисоботҳоро қаноатбахш ҳисобид ва ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавсияҳои судманд дод.
Мавсуф, ҳамзамон, дар хусуси иқдомҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе - кумакҳои хайриявӣ, курси бозомӯзӣ, корҳои таблиѓотиву ташвиқотӣ миёни аҳолӣ ва мулоқоту вохӯриҳои судманд дар мавзӯъҳои гуногун ибрози назар карда, таъкид кард, ки чунин иқдомҳо дар дигар шаҳру навоҳии кишвар метавонанд намунаи ибрат ва омӯзанда бошанд.
Ӯ, ҳамчунин, диққати ҳозиринро ба масъалаи тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ва даъвати онҳо ба сафи Артиши миллӣ ҷалб намуда, қайд кард, ки кор дар ин самт на он қадар хуб аст ва моро мебояд дар бораи ин масъала дар шаҳраку маҳаллаҳо корҳои фаҳмондадиҳиро ҷоннок намоем.
Илова бар ин, Р. Бобоҷониён аз фаъолияти хуби нашрияи “Мароми пойтахт”-и КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва хонданибоб гаштани он нисбат ба солҳои қаблӣ изҳори хушҳолӣ намуда, вобаста ба обуна дар нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Мароми пойтахт”, дастрасии саривақтии ҳафтаномаҳо ба Кумитаю ташкилотҳои ибтидоӣ, чопи матлабҳои доѓи рӯз дар нашрияи «Мароми пойтахт» ва боз ҳам хонданибоб намудани он тавсияҳо дод.
Дар ин миён, чанд нафар раисони Кумитаю ташкилотҳои ибтидоӣ бо Ифтихорномаву Сипосномаи Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб қадрдонӣ карда шуданд.
Ҳамин тариқ, Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул намуд.
Обиди ОДИЛИЁН