Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҷамъбасти фаъолияти ҳизбиён

Ҷамъбасти фаъолияти ҳизбиён

27-01-2017, 15:23
Хабарро хонданд: 267 нафар
Назарҳо: 0
  Ҷамъбасти фаъолияти ҳизбиён
Маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба фаъолияти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич дар соли 2016 бо иштироки аъзои Раёсат ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич, аъзои гуруҳи вакилии ҳизбӣ дар МВХН, роҳбарону масъулони ТИҲ, аъзои Шӯрои собиқадорон ва аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҷлис масъалаҳои ҷамъбасти фаъолияти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич барои соли 2016 ва вазифагузориҳо дар соли 2017, тасдиқи нақша-чорабинии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич барои соли 2017, тасдиқи қарори Маҷлиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолияти кумиҷроияи ҳизбӣ ва ба талаботи марҳилаи ҳозира мутобиқ кардани он мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар оғози чорабинӣ намоиши расмҳои таърихӣ аз фаъолияти Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аккомпанементи шеърии шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб «Мардумписанд» ва суруди «Тоҷикистон» дар иҷрои хонандагони Литсейи Президентии шаҳри Бӯстон барои иштирокдорон намоиш дода шуд. Сипас Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич Комрон Исмоилзода ҳисоботи ҷамъбастии фаъолияти КИ ҲХДТ ва аъзои ҳизбро дар соли 2016 барои ҳамагон қироат намуда, қайд кард, ки Кумитаи иҷроияи ҳизбӣ ва аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия тӯли фаъолияташон дар соли 2016 тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Оиннома, барнома ва дигар санадҳои меъёрии ҳизбиро ба роҳбарӣ гирифта, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру нишондодҳои Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин баҳри иҷрои супоришҳои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва вилоятии ҲХДТ дар самти тарғибу ташвиқ ва роҳандозии ҳадафҳои созандаи барномаҳои пешазинтихоботии ҳизбӣ ва аъзои ҳизб, таҳти шиори «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум», бо кӯшишу ғайрати дучанд ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуданд.
Муовини раиси ноҳия, узви Раёсат ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич Рафоат Каримова дар суханронии хеш қайд намуд, ки баҳри амалишавии Барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо Сарварии Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои беназир ноил гардидем. Аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич барои иштироки фаъолонаи Шумоён миннатдорӣ баён менамоям.
Бо Сипосномаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич 15 нафар раисону масъулони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва 10 нафар фаъолони ҳизб қадршиносӣ гардиданд. Инчунин бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба Ташкилотҳои битидоии ҳизбии «Маркази ёрии иҷтимоӣ», «АДСИН» ва аъзои Агентии ҳифзи меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия туҳфаҳои хотиравӣ ва мактуби шодбошӣ тақдим гардид.
Лоиқ Тӯйчиев, мутахассиси бахши таблиғот- иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: