Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Роҳҳои ҳифзу фаромӯш нашудани матнҳои хонда

Роҳҳои ҳифзу фаромӯш нашудани матнҳои хонда

3-07-2018, 07:37
Хабарро хонданд: 261 нафар
Назарҳо: 0
Роҳҳои ҳифзу фаромӯш нашудани матнҳои хонда
Ибтидои ҳар дониш, илм, маърифт ва огоҳ будану донистан, аз хондан аст. Вале на ҳама хонданро дӯст медорад. Таҳаммули хондан на ба ба ҳар кас муясар мегардад. То агар дар дил завқу шавқи хондан набошад, иҷборан бефоида аст. Маълум аст, ки бо туфайли хондан мо тамоми маълумотхои заруриро ба даст меорем ва соҳиби дониши мустаҳкам мегардем. Аз шунидан то хондан фосилаҳост. Ҳеҷгоҳ сару садо ва шунидаҳо ба пояи хондан баробар намешавад. Барои бисёриҳо душвории хондан дар он аст, ки матнҳои хондаашонро дар ёд нигох дошта наметавонанд ва зуд онро фаромӯш мекунанд. Ҳар дардеро давоест. Илоҷи ҳар коре дар дасти худи инсон аст. Барои ҳифозати хондаҳои худ аз олами фаромӯши чӣ бояд кунем? Биёед ба гуфтаи коршиносон назар кунем.
1. Баъзе мутахасисон маслиҳат медиҳанд, ки он чизеро, ки мехонед, ҳатман ба дигарон нақл кунед.
2. Ҳангоми хондан зери лаб гап задан ё ин ки хаёлан он чизеро, ки айни ҳол хондед, талаффуз кардан лозим нест. Ҳамаи ин дар хотир нигохдории матни хондаатонро суст мегардонад, ба парешоншавии диққат мусоид мекунад, системаи асаб ва чашмро монда месозад.
3. Хондаатонро қайд намоед. Агар адабиёти бадеӣ хонда истода бошед, ин корро накунед, чунки он бе ин ҳам дар хотир мемонад. Вале агар сухан дар бораи корҳои илмӣ-техникӣ равад, он гоҳ қайд ҳатмист. Баъзе лаҳзаҳои мураккабро қайд намуда, фикрҳои муаллифро барои худ осон мегардонед.
4. Хондани он чизеро, ки барои шумо ҳар чӣ бештар зарур аст, пагоҳӣ хонед, чунки дар ин вақт майнаи сар беҳтар кор мекунад. Пеш аз хоб хондан лозим нест, чунин хониш дар хотир нигоҳдориро бад мегардонад. Ғайр аз ин хобатон ҳам вайрон мешавад. Вале бояд гуфт, ки баъзе одамон шабона беҳтар фикрронӣ мекунанд, аз ин рӯ шабона маслиҳати моро мувофиқи ҳиссиётҳои шахсӣ ва нерӯи биологии худ истифода баред.
5. Пеш аз он, ки ягон асарро хонед, аввал бо мундариҷа, фикрҳои танқидии дигар олимон ё шоирон оиди ҳамин асар шинос шавед.
6. Ҳангоми хондан кӯшиш кунед садои оинаи нилгун, ғалоғулаи кӯдакон, садои дағали ягон намуди техника ба шумо халал нарасонад.
7. Ҳангоми хондан кӯшиш кунед назаратон ҳар чӣ бисёртар калимаҳоро фаро гирад. Кӯшиш кунед назаратон ба ақиб яъне ба пораи матни аллакай хондашуда барнагардад, чунки ин дар ёд нигоҳ доштани матни хондашударо душвор мегардонад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: