Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » [b]Пул - роҳҳои хароҷоту пасандоз кардани он [/b]

[b]Пул - роҳҳои хароҷоту пасандоз кардани он [/b]

26-01-2017, 10:13
Хабарро хонданд: 629 нафар
Назарҳо: 0
[b]Пул -  роҳҳои хароҷоту пасандоз кардани он [/b]


“Пул ба монанди об аст”, “Пул куҷо меравад”, “чизе нахаридам, вале пул аллакай нест” - хеле зуд –зуд мо чунин ибораҳоро аз дигарон мешунавем. Дар ҳоле, ки хароҷот беохир буда, амалан пасандоз нест, чи бояд кард? Бисёр одамон бар он ақидаанд, ки танҳо дар сурате, ки даромад зиёд аст ва музди маош беш аз кофӣ буда, манбаи даромади иловагӣ вуҷуд дорад, пасандоз кардан мумкин аст. Албатта ин афсона аст. Пулро новобаста аз миқдори музди маош захира карда мешавад. Дар бораи захира маслиҳатҳо зиёданд, вале мо баъзе қоидаҳое, ки ба шумо барои берун аз доираи қатъии сарфакунӣ пасандоз намудан кӯмак мекунад, сухан мегӯем.

10%-и маошатонро пасандоз намоед

Инак, пеш аз ҳама маслиҳат он аст, ки тамоми музди маоши худро то дирами охирин харҷ накунед. Дар акси ҳол, ба шумо зарур меояд, ки аз дӯстонатон пул қарз гиред, сипас онро баргардонед ва ин давра метавонад муддати дароз тӯл кашад. Ҳар моҳ 10% -и музди меҳнататонро захира намоед. Пулро беш аз даромадатон харҷ накунед. Суханони классикро дар хотир доред “Даромади солона баробар ба 20 фунт ва хароҷот 19 фунту 96 пенс - хушбахтӣ аст. Даромади солона 20 фунт ва харҷ 20 фунту 6 пенс - камбизоатӣ аст”(Чарлз Диккенс).



Хароҷотатонро баҳисоб гиред

Барои қайд намудани даромаду хароҷоти худ одат намоед. Дар назари аввал, шояд тобад, ки ин лозим нест ва душвор аст, аммо ин одати хеле самаранок аст. Маслиҳат дода мешавад, ки рӯйхати доимии хароҷотҳои асосиро дошта бошед- пардохтҳо барои хизматрасониҳои коммуналӣ, роҳкиро, телефон ва маҳсулот. Одатан маблағи чунин хароҷотҳо муқарраргардида мебошанд. Беҳтараш ин маблағро як тараф гузошта, бингаред, ки чӣ миқдор барои хароҷоти ғайричашмдошт боқӣ мемонад. Хароҷотҳои ғайричашмдошт гуногунанд мисол шуморо ба зодрӯз даъват мекунанд ва бе тӯҳфа рафтан намешавад. Маҳз барои ҳамин қайд намудан хеле муҳим аст.

Аз бисёр харид кардан даст кашед

Содда ва бе тааҷҷуб - чизҳои нолозимро нахаред. Яъне, либосҳое, ки ба шумо ягон зарурати амалӣ ва арзишӣ надоранд. Шими иловагие, ки дар телевизион реклама карда шуд, лавозимотҳои нолозим барои хона, бе он ҳам як қуттӣ доред - агар шумо ҳамаи ин харҷ дар тӯли моҳ ҳисоб кунед, маблағи зиёд мешавад. Баъзан чизеро дар маӯоза дида онро хариданӣ ҳастед. Равоншиносон мегӯянд, ки агар ба шумо чизе маҳқул шуд –мунтазир шуда муҳимияти чизро андеша намоед ва баъд аз якчанд рўз шумо дарк мекунед, ки ба он чиз зарурат надоред ва ҳатто дар бораи мавҷудияти он фаромӯш мекунед.

Мотиватсия

На ҳар шахси дуюм мефаҳмад, барои чи пулро сарфа намудан лозим аст. Дар асл равоншиносон маслиҳат медиҳанд, ки одамон масъалаи захира карданро асоснок кунанд. Масалан, Шумо орзу доред, ки тобистон сафар намоед. Барои ин ба шумо миқдори муайяни пул лозим аст. Тамоми хароҷотро барои рухсатии банақша гирифта ҳисоб кунед, даромади худро ончунон баҳисоб гиред, ки ба рухсати рафтан имконпазир шавад. Шумо метавонед дар бонк корти амонатӣ кушоед, то ҳар моҳ фоизи муайяни маоши худро ба он гузоред,

Дар асл санъати пулҷамъкунӣ ногаҳон намеояд. Банақшагирии дурусти маблағҳо хеле муҳим аст. Бо мурури замон шумо мефаҳмед, ки то чӣ андоза сарфаи маблағ барои таъмини ояндаи бехатари худ ва фарзандонатон муҳим аст.

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: