Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » АДИБ ДАР МАҚОМИ САРБОЗ АСТ

АДИБ ДАР МАҚОМИ САРБОЗ АСТ

31-05-2018, 08:48
Хабарро хонданд: 431 нафар
Назарҳо: 0
АДИБ ДАР МАҚОМИ САРБОЗ АСТ
Шарифбек Азизӣ яке аз адибони моҷаронигори тоҷик аст. Вай солҳост, ки дар ин ҷода муваффақона заҳмат мекашад. Қиссаву романҳои «Ҷосус», «Дурахши алмос», «Порикоб», «Парвоз», «Оҳ, Тамара», «Пораи қанд», «Сангҳои сари роҳ», «Ҷадвали тақдир», «Нукта дар хати буриш» натиҷаи ҳамин заҳматанд. Ҳамчунин ў бо ҳаммуаллифии бародараш Ҳокими Азиз романҳои «Сангчарх», «Бо навои борон», «Теғи сухан»- ро эҷод намудааст.
Нависанда ба ҳуҷраи кории мо баъди бозгашт аз Рўзҳои фарҳанг ва ҳунари ВМКБ дар вилояти Хатлон ташриф овард ва мо ҳамроҳаш суҳбате оростем, ки фишурдаи онро манзури шумо мегардонем.

- То ҷое мо огоҳӣ дорем, Шумо омадани хешро ба саҳнаи адабиёт тасодуфи арзёбӣ намудаед. Ҳангоми қалам ба даст гирифтан, дар замири қаламбадаст чӣ хоҳише ба бор меояд. Муносибати Шумо ба сухан?
- Чун хизмат ба адабиёт ин хизмат ба Ватан аст ва нафаре, ки ба дифои ин Ватан хома ба даст гирифтааст дар мақоми сарбоз қарор дорад. Оне, ки бо амри дил ба ҳифзи марзу буми Ватан мехезад ва агар дар замони хизмат дар набардҳо ширкат намуда бошад, дигар аз ин пайроҳа берун нахоҳад рафт. Охир ў сарбоз аст сарбози Ватан. Маҳз ҳамин масъулият ўро ҳамарўза дунболгир аст, дунболгир чун соя, вале на бояд адиб сояи вақт бошад ва агар чунин аст ў сояи хешро гум хоҳад кард. Сабабҳои хома ба даст гирифтани инсонҳо ҳам гуногунанд, нафареро ҳавои шуҳрат, дуюмӣ ба хотири ба дигаре собит намудани амале, сеюмӣ барои ба даст овардани маблағи муайяне ба ин кор даст задаанд. Ҳамаи ин дар доираи фаҳмишу дониши инсонҳо дар зери меҳвари ягона шуур давр мезананд. Қаламбадастро танҳо як мақсад дар пеш аст, ин ҳам бошад баёни дарду доғи дили хеш ба атрофиён. Ба ин васила вай мехоҳад дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии ҷомеа саҳмгузор бошад. Ҳар як адиб умед бар он дорад, ки натиҷаи заҳматҳои эҷодиашро доираҳои гуногуни аҳолӣ мепазирад. Аз нигоҳи мантиқ нависанда бояд ҳамеша дар байни халқ бошад ва бо ин амал ҷаҳонбинии хешро ҳамарўза васеъ намояд. Ин амал метавонад боиси шиносоии наздики вай бо хонанда гардад. Нависанда метавонад ҳодисаро дар шакли аслиаш ба риштаи тасвир кашад, суол ва посухи ба ин тасвир пайдошударо бояд худи хонанда дарёбад. Сухан барои суханвари асил қимати беандоза дорад ва муносибат ба он бояд самимӣ бошад. Ба шарофати сухан инсонро аз дигар мавҷудоти олам ҷудо кардаанд. Маҳз тариқи сухан қавму миллатҳо забони хешро пайдо намудаанд ва аз байн рафтани забон ин худ нишонае аз нобудшавии миллат аст.
- Дар байни асарҳои рўи чоп омадаи шумо нишонаеро аз жанри хурд надидам. Бовар кардан душвор аст, ки нафари тасодуфан ба саҳнаи адабиёт қадам ниҳода хомаи хешро яку якбора дар жанри калони адабӣ чун роман санҷида бошад?
- Умқи эҷод ин ба умқи нигоҳи муаллиф вобаста аст. Мегўянд «обро бину мўза каш» ва чун нависанда болои мизони вақт маҷмўи ҳодисаҳо, ғояҳо, ҳаяҷону изтиробро гузошта ба ҷустуҷўи ҳақиқат қадам мениҳад, худи вазн самти ҳаракати вайро муайян мекунад. Вазни миёншиканро дар жанри адабӣ танҳо роман бардошта метавонад. Бояд зикр кард, ки танҳо роман имконияти васеи тасвири ҳақиқатро дорост. Ҳатто бо гузашти асрҳо ин шакли баён тағйир наёфт ва роман чун жанри пешоҳанг дар адабиёт боқӣ монд. Беҳтарин романҳои замони муосир чун нигини адабиёт шинохта шудаанд, ки дар байни онҳо романҳои детективӣ низ ҳастанд. Муаллифоне, ки бо асарҳои моҷароӣ сару кор доранд, бозигари танҳоро дар сари тахтаи шоҳмот мемонанд. Ҳеҷ як асари детективӣ бе иштироки шоҳи сиёҳ- ҷинояткор, шоҳи сафед –муфаттиш, маликаи сиёҳ –ёвари ҷинояткор, маликаи сафед –ҷабрдида, афсарон – кормандони бахшҳои ҷустуҷўӣ ва бе сарбозон –шоҳидон арзи вуҷуд дошта наметавонад ва ҳамаи онҳоро худи муаллиф болои тахтаи шоҳмот ҳаракат медиҳад. Дар ҳали проблемаҳои пурпечутоб ва тезутунд намудани ҷараёни воқеаҳо муаллиф танҳо ба жанри калонҳаҷм чун роман такя карда метавонад. Хонандаи закӣ баробари ба даст гирифтани асари моҷароӣ аллакай медонад, ки саҳнаҳои ба қалам додаи муаллиф бо ғалабаи шоҳи сафед поён меёбад, вале ҳаргиз ин пешгўӣ қимати асарро паст намекунад, чунки роҳу усулҳои то ба мара расидан ниҳоят гуногунанд ва маҳз ҳамин ҳолат таваҷҷуҳи хонандаро ба рафти ҳодисаҳо зиёдтар мекунад.
- Эҷод кори ниҳоят душвор аст. Баъди ин қадар заҳматҳо оё боварӣ доред, ки китобҳоятон таваҷҷуҳи хонандаро бедор мекунад. Оё асарҳои шумо ҳам метавонанд дар як саф бо адабиёти классикӣ ҷой гиранд?
-Новобаста аз комёбиҳои иттилоотӣ нигоҳи адиб ва китоби таълифнамудааш чун нигоҳи номанавис аз замонҳои қадим, ки номаро ба зарфи сарпўшидае андохтаву бо умед ба баҳр мепартофт ва намедонист, ки он нома ба дасти муштарӣ мерасад ё на боқӣ мемонад. Дар ин бораи чизе гуфта наметавонам, ҳамааш ба ақлу заковати худи хонанда вобаста аст. Хондан ин пеш аз ҳама гуфтугў бо қаҳрамонҳои асар ва баҳс бо муаллиф аст. Чун асри мо асри иттилоот аст ва васоити гуногуни ахбори омма дар рақобат қарор доранд бояд китоб таваҷҷуҳи хонандаро бедор карда тавонад. Дар нисбати тамошобин хонанда будан душвортар аст ва аксари мардум кори душворро хуш надоранд. Маҳз ҳамин ҳолат ба фоидаи нависанда нест, ҳарчанд дар ин самт ҳам имтиёзҳо ҳастанд, ки поёнтар сари ин масъала хоҳам баргашт. Барои хонанда будан душворӣ он нест, ки ақаллан бояд хонда тавонӣ, душворӣ он аст, ки барои ҳама намуди хондан кўшиши зиёда ба харҷ додан лозим аст. Нисбат ба кино ва телевизион китоб ҳамеша ба хонанда имконияти бозгашт ба қафоро медиҳад. Хонанда метавонад ба зерматн ва мафҳуми то кунун барояш нофаҳмо дигарбора назар афканад. Ҳангоми сару кор доштан бо китоб хонанда худ суръати хонишро муайян мекунад. Бовар дорам, ки ҳатто ягон нафар аз адибони классики мо, ки акнун шуҳрати ҷаҳонӣ доранд, ҳангоми эҷоди асарҳояшон ҳатто ба гўшаи хотир ҳам наоварда буданд, ки барои асрҳо менависанд. Онҳо барои замони хеш навиштанд, бехабар аз он ки зиндагиро ҷовидона ба риштаи тасвир додаву ҷовидона боқӣ мемонанд.
- Олимон уҳдадор нестанд, ки ҳамрози ҳамзамони хеш бошанд, ихтисосашон ба ин имкон намедиҳад, вале барои нависанда ин амал баръакс аст, чунки сарманшаи эҷоди вай ин инсон аст. Нигоҳи шумо дар ин бора?
- Дар ҳақиқат инсон бо ҷаҳони хеш бо ҷаҳони гузашта ва ояндаи хеш ҳамеша мавзўи асосии адабиёт қарор дошт. Нависанда пеш аз ҳама бояд ба намояндагони одии миллати хеш ёрӣ диҳад, то ки онҳо сараввал худшинос гарданд, фаҳманд, ки чи фарҳанги бою ғание доштанд ва гузаштагони онҳо баҳри пойдор мондани забон ва фарҳанги хеш чӣ ҷонбозиҳое кардаанд, дуюм онҳо кўшиш ба харҷ диҳанд, ки ҷои хешро дар ҷамъият дарёбанд. Эҷодкор пеш аз ҳама рассом аст ва агар ў дар асараш инсонро бо хислатҳояш ва алоқаи байни онҳоро ба қалам диҳад – носир ё худ нависанда ва агар инсонро бо ҳиссиёташ ба риштаи тасвир кашад, ў нозим ё худ шоир аст. Саҳнаи адабиёт пур аз тазодҳост. Нависанда ин саҳнаро чун майдони набард ба ихтиёри персонажҳои асар мегузорад. Дар ин майдон чи марди ҷасуру чи тарсую бетараф, чи қаҳрамону чи марди бадкирдор пой бар рикоби саманди давр гузошта ба сағрии асп қамчин мезананд, вале ин даврзаниҳо барои адабиёт чандон муҳим нест, муҳим ин нигоҳи муаллиф ба мавзўи интихобнамудааш аст. Инсон чун ҳамешагӣ мавзўи ягона ва асосии адабиёт боқӣ мемонад. Аз ҳамин лиҳоз ҳар як рафтору кирдори ў ва сабабҳои ба чунин амал даст заданаш лаҳзае ҳам набояд аз мадди назари адиб дур монад. Таҳлилҳо нишон додаанд, ки пеш аз ба ҳар як амале даст задан дар ниҳоди инсон туғёни бузурги рўҳие хуруҷ мекунад. Ҳар як рафтору кирдор ин натиҷаи ҳамин туғёни ботин аст, ки дар замири ҳар яки мо аланга зада андешаҳоямонро дар атрофи иҷрои амале мутобиқ мегардонад. Таҳлили ботини инсон чун сарчашмаи ташхис танҳо хоси адабиёт аст, вале мутаассифона дар аксари мавридҳо муаллифон мутеи тасвир шуда таҳлилро, ки сабабгори асосии ба амале задан гардидааст ба гўшаи фаромушӣ медиҳанд. Адибе, ки ба таҳлили воқеаҳо аз паси панҷа менигарад мавқеи муайян надорад. Кирдори инсонҳо метавонад гуногун бошад, вале сабаб як аст: - яке ҷўёи шуҳрат аст ва дигаре ҷўёи пул, яке мехоҳад ҷасораташро қадр кунанд, дигаре ҳамчун мутахассис амали ба дўш доштаашро бе тамаъ иҷро мекунад. Ҳамчун адиб ҳамеша ба ҳолатҳои рўҳию-равонии персонажҳои асарҳоям ва сабабҳои ба чунин амалҳо даст задани онҳо диққат медиҳам. Ҳангоми ифшои асар ҳаргиз ба хулосабарории худсарона роҳ надодаам, чунки таҷрибаи 28-солаи корӣ дар мақомоти милиса дар ин ҷода роҳнамоям ҳаст ва дар кадом ҳолат ба ҳаракат даровардани донаҳои шоҳмотро медонам.
- Китоб дар ҳаёти ҳаррўзаи мо мавқеи махсус дорад. Назари шумо дар ин бора?
- Бояд иқрор шуд, ки дар тарбияи инсон ва ҷаҳонбинии ў нақши китоб беназир аст. Аз тамоми кашфиёте, ки то ба имрўз ба инсон даст додааст, китоб дар сархати аввал меистад. Нависанда ин пеш аз ҳама хонанда аст, хонандае, ки дар нисбат ба дигар табақаҳои аҳолӣ, қимати ин зарро бештар медонад, медонад, ки аз китоб дида барои инсон дўсти беҳтаре нест, медонад, ки муаллиф бо чи заҳматҳое дар он на танҳо дониш, балки таҷрибаи зиндагии хешро баҳри хонанда ба ёдгор мондааст. Дар байни тамоми санъатҳои тасвири ҷаҳонро фарогирифта китоб беҳтарин воситаи азхуднамудани дониш дониста шудааст. Барои инсон дар кадом мавзўъ ва чӣ хел хондани китоб маҳдудияте нест. Нависанда пеш аз ҳама ҳунарманд, нигоришгар, рассом аст. Андешаи нависанда ин танҳо сухан не, ин танҳо баёни фикр дар навъи жанри бадеӣ не, балки ин симо, гуфтор, рафтор, кирдор, ишора ва ҷанҷолу низои ўст. Китобе, ки дар он симои муаллиф айён нест, чун аспи бесавор аст. Дар интиҳо китоб ин кушиши аввалин дар муаррифии симои муаллиф ба хонанда аст.
- Меҳнат чун ҳамеша яке аз мавзўҳои адабиёт боқӣ мемонад. Дар бораи нақши наср дар ин зерхат чанд сухан мегуфтед?
- Меҳнат ҳамеша яке аз мавзўҳои калидии адабиёт буд, вале он танҳо дар ҳолате ҷойгузини асари бадеӣ мешавад, ки дар фазои бекарони зиндагӣ ситораҳо болои сари инсоният ва афкори ў парфишонӣ намоянд. Агар ба ин мавзўъ нависанда бо амри дил рў оварда бошад. Нависанда бояд аз хотир набарорад, ки ў муаррифгари некист. Маҳз аз ҳамин нуқтаи назар болои лисон хома барад, то некӣ ба бадӣ, рўшноӣ бар зулмот пирўз шавад.
Нависанда чун адвокат бояд ҳимояи инсонро ихтиёран ба дўш гирад, то зерҳимояи ў аз хорию зиллат эмин бошад, то боварии ў ба адолат беш гардад, то ў худро ғуломи қонун ҳисобад. Адабиёт ин худ муттаҳидкунандаи қавму миллатҳост ва адиб сарбозест дар ин саҳна. Меҳнат дар кадом шакле набошад, бароям писанд аст. Гумон мекунам, ки меҳнати фикрӣ дар нисбат ба меҳнати ҷисмонӣ душвортар аст, вале аз ин роҳ баромаданӣ нестам, чунки ман ин роҳро ихтиёран интихоб намудаам. Ба ҳамон хотир менависам, ки нависанда ҳастам, метарсам, ки номи калону шаҳри вайрон нашавад. - Таваҷҷуҳи нависандаи моҷаронависро чӣ бедор мекунад ва кадом суолҳо дар ин самт ўро дунболгиранд?
- Нависандаи моҷаронавис ҳам мисли дигар адибон пеш аз ҳама нигоранда ё худ рассом аст. Тақдир ба ў нигориши акси инсонеро ҳавола намудааст, ки ҷои нишасти хешро намеёбад, ҳамеша ба муқобили қонун ҳаракат мекунад ва ба қалам додани акси чунин шаҳрванди қайсар осон нест. Маҳз аз рўи рафтору кирдори персонажҳои асар таваҷҷуҳи нависандаи моҷаронавис ҳамеша ба фанҳои криминология, ҳуқуқи ҷиноӣ ва ҳуқуқи мурофиаи ҷиноӣ нигаронида шудааст ва суолҳо низ аз ҳамин фанҳо ўро дунболгиранд. Чун асари калонҳаҷмро дар муҳлати кутоҳ навиштан ғайриимкон аст, бо гузашти вақт муаллифро зарур аст, ки онро хонад ва такрори чандинкаратаи ин амал ногузир аст.
- Солҳои охир чопи асарҳо чун муаррифкунандаи кору фаъолияти кормандони мақомотҳои тафтишотӣ бештар ба назар мерасад. Ҳатто рўзномаю маҷаллаҳо ҳам дар инъикоси меҳнати ҳомиёни тартибот дар жанри насри хурд кўшиш ба харҷ дода истодаанд. Чун собиқадори милиса ҳастед, назари шуморо донистан мехостем?
- Рўзномаю маҷаллаҳо ин машқгоҳеро мемонанд, ки асар дар кадом жанре набошад, аз рўи имкони ҳамин коргоҳ ба намоиш бароварда мешавад. Кулли адибони номдори дунё ҳам қадамҳои нахустини хешро ба остонаи рўзномаю маҷаллаҳо гузоштаанд ва бо фотеҳаи ҳайати таҳририяи ин муассисаҳо ба «парвоз» рухсат гирифтанд. Маҳз ҳамин нашрияҳои даврӣ муаррифкунанда ва ҳидоятгари муаллиф барои даст задан ба жанри бузургтар ва баромадан ба саҳнаи фарохтар мегардад. Дар замони Шуравӣ маҷаллаи соҳавии «Милитсияи советӣ» дар ҳаҷми 80 саҳифа ё худ 5 ҷузъи чопӣ нашр мешуд. Маҳз як ҷузъи чопии он ё худ ҷузъи охиринаш асарҳои калонҳаҷми моҷароиро дар шакли маҷаллавӣ (журнальный вариант) ба нашр мерасонд ва соле се ё чор муаллифро бо як асар ба хонандагон шинос мекард. Ин иқдоми хубе буд. Ҳоло ҳам маҷаллаи мазкур дар ҳамон шакли пештарааш дар Федератсияи Русия чун маҷаллаи соҳавии ВКД нашр шуда истодааст ва хуб мешуд, ки мақомотҳои тафтишотии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои ба нашр расонидани чунин як маҷаллаи соҳавӣ тадбирҳо меандешиданд.

Суҳбаторо Ворис




Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: