Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ваҳдат ин осоиши ҳар хонадони тоҷик аст

Ваҳдат ин осоиши ҳар хонадони тоҷик аст

22-06-2018, 08:21
Хабарро хонданд: 210 нафар
Назарҳо: 0
Ваҳдат ин осоиши ҳар хонадони тоҷик аст

ВосеЪ:-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ ба ифтихори рӯзи Ваҳдати миллӣ гуфта буд: “Барои мардуми мо Ваҳдат бузургтарин ва арзишмандтарин неъмат ба ҳисоб рафта, он дар радифи Эъломияи Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нерӯи бузургу созанда ва сарнавиштсоз ба шумор меравад ва дар замони муосир бояд ин ду неъмати бебаҳоро аз ҳар гуна андешаҳои ифротӣ ҳифз карда, онҳоро азизу муътабар донем.”
Вобаста ба ин дар ҷамоати деҳоти Абди Авазов бо иштироки васеи сокинони ҷамоат, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ оиди самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, инчунин бахшида ба 21-умин солгарди рӯзи Ваҳдати миллӣ андешаронӣ карда шуд.
Зимнан корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ Давлаталии Қурбоналӣ ба сухан баромада гуфт, ки вазифаи ҷониву имонии ҳар як шаҳрванди равшандилу солимфикр ва бо нангу номуси Тоҷикистон аст, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллии ба қиммати ниҳоят гарон ба даст омадаро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунем. Инчунин вазифаи муқаддаси мост, ки сулҳу субот ва Ваҳдати миллиамонро ҳамеша таблиғу ташвиқ намоем, ки ин дар кадом шароит бо чӣ мушкилот ва бо чӣ гуна қурбониҳо ба даст омадааст.
Дар робита бо ин сокинон зикр намуданд, ки шукргузори он ҳастем, ки имрӯз ҳамаи унсурҳои давлатдориро дорем. Ба мо танҳо лозим аст, ба хотири он, ки аъдо оби моро ба ҷӯи худ накашад, воҳид бошему баҳри шукуфоии кишвар аз як гиребон сар бароварда, ба меҳнати ҳалол пардозем.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: