Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Раъно Бобоҷониён: Мубодилаи афкор байни ҳизбҳои сиёсӣ муҳим аст

Раъно Бобоҷониён: Мубодилаи афкор байни ҳизбҳои сиёсӣ муҳим аст

29-05-2018, 16:27
Хабарро хонданд: 177 нафар
Назарҳо: 0
Раъно Бобоҷониён: Мубодилаи афкор байни ҳизбҳои сиёсӣ муҳим аст

Дар доираи Форуми ҳизбҳои сиёсии кишварҳои СҲШ дар шаҳри Шинҷони Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳайати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро таҳти роҳбарии муовини Раиси ҲХДТ Раъно Бобоҷониён муовини Вазири шуъбаи байналмилалии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Чин Гуэ Джо ба ҳузур пазируфт.
Гуэ Джо ба ҳайси мизбон ҳайати меҳмононро хайрамақдам гуфта, зикр намуд, ки чунин ҳамоишҳо аҳзоби сиёсиро ба ҳам наздик меоранд: «Хеле шодем, ки даъвати моро роҳбарияти ҲХДТ пазируфт ва намояндагонашро ҷиҳати ширкат дар ин ҳамоиш фиристод. Агар лозим донед, таҷрибаи моро бо мақсади ободию пешрафти ватанатон истифода баред»,- гуфт ӯ.
Раъно Бобоҷониён дар навбати худ изҳор дошт, ки барои мо омӯзиши таҷрибаи ҳизбҳои тавоно дар мисоли Ҳизби коммунисти Чин бисёр муҳим аст. Чанд лаҳза пеш мо Намоишгоҳи дастовардҳои технологияи инноватсионии музофоти Гуандунро тамошо кардем. Ба ин ҳақиқат бовар кардем, ки дар зарфи 40 сол Шинҷон аз як шаҳри кучак, ки 30 ҳазор аҳолӣ дошт ба шаҳри бузурги ҷамъияти 20 миллион нафара табдил ёфт. Имрӯз технологияи инноватсиониаш на танҳо дар дохили мамлакат, балки дар саросари ҷаҳон машҳур аст.
Раъно Бобоҷониён: Мубодилаи афкор байни ҳизбҳои сиёсӣ муҳим аст
Муовини Раиси ҲХДТ аз ҳамкориҳои ин ду кишвар ёдовар шуд, ки дар садри он сарварони ин давлатҳо Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои чинаш Си Ҷинпин меистанд. Гуо Джо гуфт, ки Чин ва Тоҷикистон дар руҳияи неки ҳамсоягӣ қарор доранд: «Мо намегуям роҳи моро интихоб кунед, балки нишон медиҳем, ки мо бо ин роҳ ба чунин дастовардҳо расидем».
Мавсуф дар охир афзуд, ки ташрифи навбатии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Форуми сарони кишварҳои Созмони Ҳамкории Шанхай, ки рӯзҳои 9-10 июн дар шаҳри Стиндаои музофоти Шандун баргузор мегардад, интизоранд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: