Гузориш аз ҷараёни ташрифи ҳайати намояндагони ҲКХ ба Тоҷикистон
Рӯзи 16 январи соли 2017 бо даъвати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон як ҳайати бонуфуз аз мақомоти ҳизбию ҳукуматии Ҷумҳурии Халқии Хитой таҳти роҳбарии Муовини Котиби генералии Кумитаи доимии Умумихитоии намояндагони мардумӣ ҷаноби Шен Чуняо ба Тоҷикистон ташриф овард. Меҳмонони воломақомро дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Раъно Маҳмудзода Бобоҷониён истиқбол гирифт.
Баъди истиқболи гарму самимӣ ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Халқии Хитой дар толори меҳмонони расмии фурудгоҳ бо кормандони масъули Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон суҳбати кӯтоҳе анҷом доданд.
Дирӯз дар толори пазироии меҳмонони Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҳайати намояндагони Ҳизби коммунисти Хитой бо сарварии Муовини Котиби генералии Кумитаи доимии Умумихитоии намояндагони мардумӣ ҷаноби Шен Чуняо бо Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Саидмурод Фаттоҳзода Самад мулоқот анҷом дод.
Муовини якуми Раиси ҲХДТ С. Фаттоҳзода меҳмонони олиқадрро хайра мақдам гуфта, тазаккур дод, ки тайи чанд соли даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаҳои дипломатӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратию низомии байни Тоҷикистону Ҷумҳурии Халқии Хитой ҳамаҷониба тавсеа ёфта истодааст. Алоқаҳои ҳизбию сиёсии мо дар зимни ба имзо расидани Созишномаи ҳамкориҳои дуҷониба густариши пурвусъатеро касб намудааст. Дар маҷмуъ дар соли гузашта ҷониби Хитой ба иқтисоди мо ба андозаи 2 миллиард доллар сармоягузорӣ намудааст.
Бо кӯмакҳои молиявии ҶХХ даҳҳо иншооти таъйиноти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию варзишӣ сохта ба истифода дода шуда истодаанд. Махсусан муомилоти молу коло миёни ду кишвари ҳамҷавор баъди кушода шудани роҳи Кулма-Қароқурум қобили қайд мебошад. Кишоварзони Хитой намудҳои нави кишту парвариши зироатҳои гуногунро дар заминҳои Тоҷикистон роҳандозӣ намуда, ба деҳқонони тоҷик роҳҳо ва технологияҳои наву муосири нигоҳубини зироатҳоро меомӯзонанд ва муштаракан ҳосили фаровонеро ба даст меоранд. Дар баробари ин ҳамкориҳо табиист, ки садҳо ҷойи кори нав муҳайё шуда истодааст.
Таҳким ёфтани робитаҳои байни ду кишвари ба ҳам дӯст ба талошу кӯшишҳои сарварони ҳарду ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷаноби Си Ҷинпин вусъати бештар ёфта истодааст, ки мо аз ин истиқбол мекунем. Мо дар масъалаҳои муҳими байналхалқӣ низ ҷонибдори мавқеъҳои якдигар ҳастем.
Татбиқи барномаҳои воқеӣ, сиёсати созанда ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, обрӯ ва нуфузи ҳизбу роҳбарияти мо дар миёни мардум густариш пайдо карда истодааст. Дар айни замон шумораи аъзои ҲХДТ қариб ба 450 ҳазор нафар мерасад. Ҳамин аст, ки дар маъракаҳои интихоботӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба пирӯзӣ мерасад.
Дар хулосаи суханрониаш С. Фаттоҳзода таъкид намуд, ки агар иродаи қавӣ ва хоҳиши халқҳои мо бошад, ҳама мушкилотро пушти сар намуда, барои сокинони ҳарду мамлакат шароиту имкониятҳои муфидеро фароҳам меорем. Барои ин кӯҳсорони баланди миёни марзҳои мо садде шуда наметавонанд.
Мо минбаъд низ алоқаҳоямонро бо кишвари бузурги Хитой тақвият мебахшем, аз таҷрибаи давлатдорию ҳизбии он меомӯзем. Ҳамин аст, ки то имрӯз садҳо нафар аъзои ҳизби мо, кормандони масъули он ва ҷонибдоронамон бо мақсади омӯзиши таҷриба ба кишвари Хитой рафта, намояндагони ин мамлакат ба Тоҷикистон ташриф меоранд. Дар ниҳоят Муовини аввали Раиси ҲХДТ С. Фаттоҳзода ба меҳмонон буду боши хушу гуворо таманно кард.
Муовини Котиби генералии Кумитаи доимии Умумихитоии намояндагони мардумӣ ҷаноби Шен Чуняо аз суҳбати Муовини якуми Раиси ҲХДТ С. Фаттоҳзода изҳори хушнудӣ намуда, ҳайти меҳмононро барои ҳозирин муаррифӣ кард. Ман ҳам аз он қаноатманд ҳастам, ки робитаҳои миёни Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Тоҷикистони соҳибистиқлол сол то сол густариши тоза пайдо карда истодааст.
Мо қариб дар кулли масоили байналмилалӣ, минтақавӣ, аз ҷумла кишвари ҳамсояи мо-Афғонистон, терроризми байналхалқӣ, ҷанҷолҳои баъзе кишварҳо, давлати худхондаи исломии Шому Ироқ ва ғайра мавқеи муштарак дорем. Дар созмонҳои ҷаҳонӣ, ба шумули СММ ва Созмони ҳамкориҳои Шанхай узвияти якҷоя дорем. Дар татбиқи лоиҳаҳои калони иқтисодӣ, Роҳи бузурги Абрешим, як камарбанду як роҳ ва амалӣ гардондани дигар нақшаҳо ҳамкории зич дорем.
Чуноне ки дар ин ҷо зикр гардид, назар ба имкониятҳои молиявиамон мо ба Тоҷикистони ҳамсоя дар соҳаҳои мухталиф ҳамкорӣ намуда, барои бунёди иншоотҳои таъйиноти гуногун сармоягузорӣ мекунем.
Дар охири суханаш сарвари ҳайати намояндагони хитоӣ Муовини Котиби генералии Кумитаи доимии Умумихитоии намояндагони мардумӣ ҷаноби Шен Чуняо ба роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои пазироии самимона изҳори сипос намуд.
***
Худи ҳамин рӯз ҳайати ҳизбию ҳукуматии Ҷумҳурии Халқии Хитой таҳти роҳбарии Муовини Котиби генералии Кумитаи доимии Умумихитоии намояндагони мардумӣ ҷаноби Шен Чуняо дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо кормандони масъул ва фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мулоқот кард.
Вохӯриро Муовини Раиси ҲХДТ Раъно Маҳмудзода Бобоҷониён ифтитоҳ намуда, гуфт, ки дар давоми солҳои охир воқеан ҳам ҳамкориҳои миёни ду кишвари ҳамсоя дар бахшҳои иқтисодию тиҷоратӣ густариш ёфта истодааст. Хусусан табодули ҳайатҳои намояндагии ҳизбии кишварҳои мо ва дар заминаи он омӯхтани таҷрибаҳои ҳамдигар тақвият меёбад. Бояд тазаккур дод, ки ин ташрифи мубораки меҳмонон аз кишвари бузург ва дӯсти мо –Ҷумҳурии Халқии Хитой дар ҳамин чаҳорчӯба сурат гирифта истодааст. Баъдан бо камоли майл суханро ба сарвари ҳайати намояндагони хитоӣ дод.
Дар зимни суҳбат ҷаноби Шен Чуняо ба ҳозирин дар бораи Анҷумани 18 Ҳизби коммунисти Хитой, раванди татбиқи қарорҳои он, Пленуми шашуми ҲКХ, омодагиҳо барои Анҷумани 19 ҲКХ, ислоҳоти бахшҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва амалӣ шудани консепсияҳои қабулшуда маълумоти муфассал дод.
Мавсуф аз ҷумла зикр намуд, ки фаъолияти ҳизбию ҳукуматии мо дар 6 самт амалӣ шуда истодааст. Инҳо дар бахши идеологӣ, интизоми қавии дохилиҳизбӣ, тарбияи кадрҳо, сифати корҳо ва ғайра мебошанд. Ҳизби коммунисти мо, ки теъдоди он то ба 88 миллион нафар мерасад, аз уҳдаи иҷрои ҳама гуна корҳо ва ҳалли мушкилот мебарояд. Беҳуда нест, ки он мамлакатеро идора мекунад, ки дорои 1,3 миллиард нуфус аст. Бо ин нерӯ мо аз ҷиҳати тавоноӣ ва иқтидори иқтисодӣ ба зинаҳои аввал баромада истодаем.
Баъдан ҳозирин фикру назарашонро баён дошта, перомуни таҳкими минбаъдаи равобити байниҳизбӣ пешниҳодҳои ҷолиб ироа доштанд. Аз ҷумла, раиси Комиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, вакили мардумӣ дар парлумон, муовини Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷ. Саидов, мудири шуъбаи таблиғоти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ М. Наимов дар бораи табодули бештари кормандони ҳизбӣ, ташкилотҳои ибтидоӣ, ҷавонони аҳзоб ва ғайра назари хешро баён карданд. Сипас, ду нафар донишҷӯён бо забони хитоӣ меҳмононро хайра мақдам гуфтанд.
Баъди мулоқотҳо ҳайати мақомоти ҳизбию ҳукуматии Ҷумҳурии Халқии Хитой таҳти роҳбарии Муовини Котиби генералии Кумитаи доимии Умумихитоии намояндагони мардумӣ ҷаноби Шен Чуняо Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд.
Таҳияи Усмон Солеҳ, котиби матбуотии ҲХДТ.
Суратгир Тухтамурод Рӯзӣ