Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » МАНФИАТҲОИ МУШТАРАК ДОРЕМ

МАНФИАТҲОИ МУШТАРАК ДОРЕМ

4-05-2018, 07:50
Хабарро хонданд: 188 нафар
Назарҳо: 0
МАНФИАТҲОИ МУШТАРАК ДОРЕМ
Таърихи 28 апрели соли равон намояндагони ҳизби «Единая Россия»-и Федератсияи Россия Железняк С.В., - муовини Котиби Шӯрои генералии ҳизби сиёсии умумироссиягии «Единая Россия», вакили Думаи давлатии Маҷлиси Федеролии Россия, Балбек Р.И.- вакили Думаи давлатии Маҷлиси Федеролии Россия, Петриченко К.К.-Сардори департаменти муносибатҳои байналмилалии Кумитаи иҷроияи марказии ҳизби «Единая Россия», ҷиҳати иштирок дар машварати байниҳизбии ҲХДТ ва ҳизби «Единая Россия» ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд. Меҳмононро Сафири фавқулодда ва мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лякин-Фролов И.С ҳамроҳӣ мекард.
МАНФИАТҲОИ МУШТАРАК ДОРЕМ
Дар машварат аз ҷониби ҲХДТ, Раъно Бобоҷониён - муовини Раиси ҲХДТ, Фелеиев А. С.- муовини Раиси Маҷлиси намояндагони МО Ҷумҳурии Тоҷикистон, Салимзода О. – Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони МО Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хонов А.-Роҳбари дастгоҳи КИМ ҲХДТ, Ҳамдамов Б. –Сардабири нашрияи марказии ҲХДТ «Минбари халқ», Раҳмонзода З.-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш. Душанбе, Ҳамидов И. –мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, Раҳимов О.-мушовири шӯъба оид ба равобити ҳизбии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, Мирзомуддинов С. ва Абдураззоқов А.-намояндагони ташкилоти ибтидоии «Иттиҳод» дар ш. Москваи Федератсияи Россия ширкат варзиданд.
Раъно Бобоҷониён намояндагони ҳизби «Единая Россия»-ро хайрамақдам гуфта, аз ҷумла зикр кард, ки ҳамкориҳои аҳзоби пешбари Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ба манфиати ҳар ду кишвар буда, ҷиҳати фароҳам овардани муносибатҳои густурда дар дигар соҳаҳои муҳим низ такони ҷиддӣ хоҳад дод. Зикр гардид, ки муносибатҳои Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ҳамун шарикони стратегӣ дар тамоми самтҳо беш аз пеш тавсеа ёфта, дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, табодули илмӣ, таҳсили донишҷӯён ва такмили ихтисоси кормандони соҳаи мухталиф, муҳоҷирати меҳнатӣ, таъмини амнияти минтақавӣ, мубориза алайҳи терроризм ва хатарҳои нав дар арсаи байналмилалӣ хеле назаррас аст.
Владимир Железняк низ дар навбати худ ҳамкориҳои ҳизби «Единая Россия» ва ҲХДТ-ро муҳим арзёбӣ намуда, машварати байниҳизбиро майдончаи хеле мусоид ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар муносибатҳои тарафайн номид. Ӯ аз ҷумла оид ба хатарҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, ки рӯз то рӯз шиддат мегиранд, роҳҳои пешгирии онҳо сухан ронда, мавқеи роҳбарияти сиёсии Тоҷикистон, ба хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин замина дар асоси санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналмилалӣ ва қобили таҳсин арзбӣ кард.
Дар машварат инчунин Руслан Балбек, Олим Салимзода, Акрамшо Фелалиев, Константин Петриченко, Лякин –Флоров, Илҳомҷон Ҳомидов, Бахтиёр Ҳамдамов баромад карда, доир ба масъалаҳои дурнамои ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, пешгирии терроризм, паҳншавии ақидаҳои радикалӣ дар байни ҷавонон, нақши ВАО, мушкилоти муҳоҷирати меҳнатӣ ва амсоли он изҳори назар намуданд.
Дар анҷоми машварат Раъно Бобоҷониён таъкид намуд, ки баланд бардоштани сатҳи ҳамкориҳои ҳизбӣ хеле муҳим буда, ин иқдом бояд дар сатҳи ташкилотҳои минтақавӣ низ идома дода шавад. Ӯ аз ҷумла зикр намуд, ки ҲХДТ бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҳизб Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд татбиқ гардидани шартноҳои байнидавлатӣ ва байнҳизбӣ саҳми арзанда гузорад.
«МХ»
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: