Вохӯрӣ дар кумитаи маҳалла28-05-2018, 07:00
Хабарро хонданд: 185 нафар
Назарҳо: 0
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд, оид ба фаҳмонидани қоидаҳои нави будубоши муҳоҷирони корӣ дар қаламравии Федератсияи Россия, санаи 23 майи соли 2018 байни сокинони кумитаи маҳаллаи «1 – Май» -и шаҳр мулоқот доир намуд, ки дар он мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Фирдавс Саидов ва шахси масъул аз Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд Умедахон Ҳошимова ширкат намуданд.
Дар оғоз Раиси комиссияи кор бо занони кумитаи маҳалла меҳмононро муаррифӣ намуд. Сипас, Умедахон Ҳошимова доир ба фаҳмонидани қоидаҳои нави будубоши муҳоҷирони корӣ дар қаламравии Федератсияи Россия маърӯза намуд ва ба иштирокчиён дастурамалҳо дастрас карда шуд. Баъдан, миёни иштирокчиён саволу ҷавоб баргузор гашт ва бо ҳамин чорабинӣ ба охир расид. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.