Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Соли нав муборак, ҳамватанони азиз!

Соли нав муборак, ҳамватанони азиз!

29-12-2015, 06:00
Хабарро хонданд: 484 нафар
Назарҳо: 0
Соли нав муборак, ҳамватанони азиз!Боиси ифтихору шодмонӣ аст, ки дар ин рӯзҳои накӯ дилу дидаҳои хурду бузурги Тоҷикистон пур аз меҳру муҳаббат, шафқату таровати рангин гаштааст. Дар анҷоми соли сипаригашта ва оғози соли навин якояки мо аз корҳои анҷомдодаамон ба нафъи халқу Ватан ёдовар мешавему бо азму талоши нав ба амалҳои тозаи бунёдкорӣ иқдом менамоем.

Соле, ки сипарӣ гардид бо амалҳои бузурги созандагию бунёдкорӣ, бо таҳкими обрӯ ва нуфузи байналмилалии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ, бо нақши муассири миллати тоҷик дар тамаддуни ҷаҳонӣ дар хотираҳо боқӣ хоҳад монд. Сохта ба истифода дода шудани садҳо иншоотҳои иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию варзишӣ ва муҳайё гардидани ҳазорҳо ҷои нави корӣ боиси баланд гардидани сатҳи зиндагӣ ва осоиши мардум гардидааст. Ҳамаи ин, аз заҳматҳои бесобиқа ва талошҳои пайгиронаи Президенти мамлакат, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад. Ҳамин аст, ки Ватан ва мардуми Тоҷикистон ба қадру манзалат ва хизматҳои фарзанди фарзонааш арҷ мегузорад. Дар ин соли муборак Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қонуни алоҳида ва бо дастгирии ҷомеаи Тоҷикистон Президенти муҳтарами кишварро бо унвони олии “Пешвои миллат” сарфароз гардонд.

Бо ифтихор бояд қайд кард, ки дар раванди бунёдкориву созандагиҳои мамлакати азизамон саҳми ҳизбиёни ноҳияи Қумсангир назаррасу арзанда арзёбӣ мегардад. Мо ҳизбиён дарк менамоем, ки барои ба пуррагӣ расидан ба ҳадафҳои Барномавии ҲХДТ ва дастуру супоришҳои Раиси он корҳои бузурге дар пешанд. Мо ҳизбиён тамоми қувваю дониш ва имконоти худро дар самти пешбурду амалии сиёсати Президенти мамлакат, раиси ҲХДТ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равона намуда, бо меҳнати содиқона ва иштироки фаъолонаи худ дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии мамлакат саҳми муносиб ва арзандаи худро хоҳем гузошт.

Ҳизбиёну ҷонибдорон ва тамоми мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии соли нави мелодӣ табрик гуфта, ба онҳо тансиҳатӣ, умри дароз ва дар корҳои ояндаашон муваффақиятҳо орзумандем.
©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в.Хатлон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: