Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Самараи омезиши илм ба амал

Самараи омезиши илм ба амал

28-12-2015, 14:00
Хабарро хонданд: 356 нафар
Назарҳо: 0
Самараи омезиши илм ба амалИштирокчиёни семинари илмӣ-амалие, ки дар шаҳри Роғун дар мавзӯи «Ҳамкории якҷояи олимону деҳқонон» бо дастгирии мақомати маҳал ва Хазинаи Оғохон дар Тоҷикистон доир гардид, масъалаҳои баланд бардоштани ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзиро мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин ҳамоиш деҳқонони ноҳияҳои Файзобод, Роғун, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Ҷиргатол, Тавилдара ва олимони Академияи илмҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академия илмҳои кишоварзӣ ширкат доштанд.

Дар ифтитоҳи чорабинӣ зикр гардид, ки дар сатҳи маҳал таъсис додани «Гурӯҳи технологии деҳа», ки гурӯҳи деҳқонону олимони соҳаи кишоварзӣ дастоварду навигариҳои илмиро дар истеҳсолот ҷорӣ карда менамоянд, заминаи устувори баланд бардоштани ҳосилнокиии маҳсулот аст. Чунин ҳамкориҳои илмию амалии олимону фермерҳо дар мамлакатҳои пешрафта фаъолият карда, бо ин васила дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот ҷорӣ мегарданд, ки ин фоидаи калони иқтисодиро ба бор меорад. Бо назардошти самараноки ин таҷриба месазад, ки ҷиҳати рушди соҳаҳои кишоварзии мамлакат дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳал, Вазорати кишоварзӣ ва институтҳои илмии кишвар дар хоҷагиҳои деҳқонӣ амалӣ карда шавад.

Сармутахассиси барномаи Хазинаи Оғохон Аскаршо Зеваршоев дар мавзӯи «Мафҳум ва консепсияи нави "Гурӯҳи технологии деҳа", ҳамчун системаи хизматрасонӣ ва паҳнкунии таҷрибаҳои беҳтарини хоҷагидорӣ маълумоти муфассал дод. Зикр шуд, коркарди якҷояи технология равандест, ки дар ҷараёни он олимони соҳа бо ҳамроҳии деҳқонон кори илмӣ-тадқиқотиро пеш мебаранд ва натиҷабахш будан ё набудани ин ё он таҷрибаи кории ғайримуқаррариро исбот менамоянд.

Дар семинар ҳамчунин мавзӯҳои «Фаъолиятҳо дар доираи "Гуруҳҳои технологии деҳа" дар водии Рашт: дурнамои фаъолиятҳо ва сабақҳои омӯхташуда», «Фаъолиятҳои институти боғдорӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои икшоварзии Тоҷикистон доир ба ҳамкориҳои олимону деҳқонон», «Оид ба аҳамият ва пешбурди кишти топинамбур барои амнияти озӯқаворӣ», «Зироаткории сарфаҷӯй», «Истеҳсоли маҳсулотҳои ғизоӣ аз тут ва топинамбур», мавриди баррасӣ қарор гирифта, деҳқонону соҳибкорон доир ба тухмипарварӣ ва ниҳолпарварӣ, оид ба тайёр намудани ширинӣ ва дигар ғизоҳо аз тут, себ ва дигар меваҳо, аз растаниҳои табобатии кӯҳистон омода сохтани маводи табобатӣ, парвариши замбури асал, коркарди маҳсулоти ширӣ ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ таклифҳои судманд пешниҳод карданд. Рӯзи дигар иштирокчиён ба корҳои амалӣ шурӯъ намуда, аз такягоҳи таҷрибавии Институти боғдорию сабзавоткорӣ, аз кору фаъолиятҳои амалии гурӯҳи технологии деҳа дар ноҳияи Файзобод оид ба истеҳсоли тухмии сабзавот ва ниҳолҳои навъҳои маҳаллӣ дидан намуданд. Иштирокчиён хулосаҳои хешро нисбат ба тақвият бахшидани ҳамкориҳои якҷояи олимону деҳқонон дар бахшҳои мухталифи кишоварзӣ, аз қабили нигоҳдории гуногунии биологӣ дар маҳал, ҷорӣ намудани таҷрибаҳои анъанавии кишоварзон дар деҳоти кӯҳистон, тақвияти ҷараёни мутобиқшавии ҷомеа ба тағирёбии иқлим, таъсис додани гурӯҳҳои техникӣ дархост намуданд.

Дар фаранҷоми семинар-машварат барои гузаронидани чунин як омӯзиши илмию амалӣ, ки он минбаъд дар омезиши фаъолиятҳои якҷояи олимону деҳқонони кишвар кӯмаки калон мерасонад, миннатдорӣ баён намуданд.
©М.Маҳмудов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: