Вакили порлумони Қирғизистон хост, дахлнопазирии Отамбоев бекор карда шавад11-05-2018, 09:16
Хабарро хонданд: 202 нафар
Назарҳо: 0
Вакили порлумони Қирғизистон Исҳоқ Масалиев пешниҳод кард, ки дахлнопазирии президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоев дар доираи таҳқиқи харҷи навсозии Маркази гармидиҳии шаҳри Бишкек бекор карда шавад. Ба гуфтаи ӯ, дар хулосаи комисияи порлумонӣ, ки сабабҳои садама дар Маркази гармидиҳии Бишкек ва харҷи пулҳои қарзӣ ба навсозии онро таҳқиқ кард, номи як қатор мансабдорон ва вакилони порлумон оварда шудааст. "Ман пешниҳод мекунам, ки дахлнопазирии Отамбоев бекор карда шавад. Вай борҳо гуфта буд, ки ҳама дар назди қонун баробаранд ва агар лозим шавад, омода аст, шахсан ҷавобгариро ба зимма бигирад. Мо бояд ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ имкон диҳем, ки ин мушкилро ҳал кунанд. Агар поканд, пок номида шаванд, агар не, пас ҷавоб диҳанд. Агар мо гунаҳкори асосиро пайдо кунем, сарвазирони пешин худашон мегӯянд, ки танҳо хомуш истоданд", - изҳор дошт вакили қирғиз. Сарвазири пешини Қирғизистон Сафар Исҳоқов дар посух ба пешниҳоди вакил гуфт, Отамбоев дар доираи навсозии Маркази гармидиҳии Бишкек ҳеч дастуру супорише надодааст. Порлумони Қирғизистон 10 май хулосаи комисияи вакилонро баррасӣ кард. Дар ин ҷаласа сарвазирони пешин Жанторо Сотиболдиев, Темир Сариев ва Сафар Исҳоқов ҳузур доштанд. Дар хулосаи комисия пешниҳод шудааст, ба амали раҳбароне, ки зери санади дарёфти қарз аз Чин имзо гузоштанд, баҳои ҳуқуқӣ дода шавад. Ҳукумати Қирғизистон соли 2013 аз Эксимбонки Чин барои навсозии Маркази гармидиҳии Бишкек 386 миллион доллар қарз гирифт. Навсозии марказ соли 2017 ба поён расида, 26 январи соли 2018 дар он садама рух дод, ки дар натиҷа пойтахти Қирғизистон тақрибан як ҳафта бегармӣ монд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.