Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Отамбоеву Бордюжа мубориза бо терроризми байналмилалиро баррасӣ карданд

Отамбоеву Бордюжа мубориза бо терроризми байналмилалиро баррасӣ карданд

2-09-2016, 12:25
Хабарро хонданд: 197 нафар
Назарҳо: 0
Отамбоеву Бордюжа мубориза бо терроризми байналмилалиро баррасӣ карданд


Алмосбек Отамбоев, президенти Қирғизистон Николай Бордюжа, дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД)-ро, ки дар доираи як сафар дар Бишкек қарор дорад, ба ҳузур пазируфтааст.
Дар мулоқот масоили вобаста ба фаъолияти созмон, омодагӣ ба иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ, ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони дифоъ ва Кумитаи котибони шӯрои амнияти СПАД, ки қарор аст 13-14 октябри соли равон дар Ереван баргузор шавад, баррасӣ шудааст.
Отамбоев ва Бордюжа ҳамчунин нақшаи муборизаи муштарак бо терроризму экстремизми байналмилалӣ ва паҳлӯҳои ҳамкориҳои минбаъдаро дар таъмини амнияти минтақа муҳокима кардаанд.
Ёдрас мешавем, дабири кулли СПАД дар доираи як сафари серӯза вориди Қирғизистон шудааст. Қарор аст, вай дар ҷараёни боздидаш аз Бишкек бо Раимбердӣ Дуйшанбиев, сардори Ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳ ва Темур Ҷумақодиров, котиби Шӯрои дифои ин кишвар низ дидор ва гуфтугӯ кунад.
Бордюжа 3 сентябри соли равон дар расми ифтитоҳи Бозиҳои ҷаҳонии аспдавони II ва Ёдгории қурбониёни соли 1916 иштирок хоҳад кард.




Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: