Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Отамбоев: гузаштан ба хатти лотин мардуми туркро аз ҳам ҷудо мекунад

Отамбоев: гузаштан ба хатти лотин мардуми туркро аз ҳам ҷудо мекунад

21-07-2017, 09:47
Хабарро хонданд: 184 нафар
Назарҳо: 0
Отамбоев: гузаштан ба хатти лотин мардуми туркро аз ҳам ҷудо мекунад

Алмосбек Отамбоев, президенти Қирғизистон дар анҷумани байналхалқии "Маданияти Олтой ва халқҳои наздик ба оилаи забонҳои олтойӣ" дар шаҳри Бишкек гуфт, ҳар пешниҳоди нави иваз кардани хат шарҳи наве бо худ дорад.
"Барои мисол, яке аз сабабҳояшонро чунин меноманд: лотинӣ хатти ҳамаи кишварҳои пешрафта аст, гузаштан ба лотин ба рушди иқтисод мусоидат мекунад. Аммо оё иероглиф ба Ҷопону Куриё монеъ шудааст? Оё иероглиф ба рушди иқтисодии Чин монеа гузоштааст? Дар айни замон, оё хатти лотин ба бархе аз кишварҳои Африқо кӯмак кард, ки аз фақр раҳо шаванд?", - афзуд Отамбоев.

"Гузаштани тадриҷӣ ба лотин муттаҳид не, балки баръакс мардуми моро аз ҳам ҷудо мекунад. Ва амалан гузаштан ба лотин зери таъсири идеяи пантуркизм шеваи "ҷудоӣ андоз ва роҳбарӣ намо"-ро идома медиҳад, ки дар даврони Имерияи Русия ва ҳам дар даврони СССР зидди мардуми мо истифода мешуд", - гуфт Отамбоев.

Роҳбари Қирғизистон илова кард, ки ҷудоӣ аз хатти пешин маънии буридан бо гузаштаро дорад. "Гузаштан ба хатти сирилик баъди алифбои лотинӣ ба кишварҳои турктабори шӯравӣ кӯмак кард, ки дар як доираи фарҳангӣ на танҳо бо ҳам, балки бо тамоми Авруосиё гирди ҳам оянд. Чингиз Айтматов, Мухтор Авезов - тамоми эҷодиёти олимон ва нависандагони мо ба хатти сирилик аст ва ин хат онҳоро қонеъ карда буд", - гуфт Отамбоев.

Баъди пошхӯрии шӯравӣ Озарбойҷон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ба хати лотин гузаштанд. Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ҳам дастур дод, ки шакли лотинии алифбои қазоқӣ то охири соли ҷорӣ омода шавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: