ДУШАНБЕ, /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи ҷашни 73-юмин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади ҳавасмандгардонии иштирокчиёну маъюбони ҶБВ қарори марбута ба имзо расонд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе иттилоъ доданд.
Гуфта мешавад, ки тибқи ин қарор, Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе муваззаф гардидааст, ки аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе 720 ҳазору 300 сомонӣ ҷудо намояд. Дар асоси қарори мазкур ба иштирокчиёну маъюбони ҶБВ-и солҳои 1941-1945 ва ҳамсарони ҷанговарони дар ҶБВ ҳалокгардида ба ҳар кадоме 1500 сомонӣ кумаки якдафъаина расонида мешавад. Инчнуин ба шахсони дар давраи ҶБВ дар ақибгоҳ бо ордену медалҳои ҳарбӣ сарфарозгардида, шахсони дар давраи ҶБВ дар ақибгоҳ коркарда, маъюбони амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон), маъюбони садамаи Нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил ва оилаҳое, ки саробони онҳо ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд, ба андозаи 800 сомонӣ кумаки молиявӣ аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе расонида мешавад.