
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 04-уми майи соли 2018 дар доираи барқияи телефонии Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, аз 3 майи соли 2018 таҳти №10 ва нақша –чорабиниҳои худ оид ба дастгирӣ ва тарғибу ташвиқи корнамоии иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, чорабиниҳои аёдатро таҳти унвонӣ “Дастгирии табақаи ниёзманди ҷомеа- ҳадафи мост!”-ро бо дастгирии бевоситаи номзад аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе- Исмоилов Нурҷаҳон Ҷамшедович аз ҳавзаи интихоботии №53 ва кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия роҳандозӣ намуд.
Дар доираи ин амалӣ хайр санаи имрӯз бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе- Файзуллозода Заррина Файзулло, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Қурбонмамадова Қурбонгул, шахси бовариноки номзад –Талабов Шарофиддин, кормандони масъули КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино ва намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ҳудуди шаҳракҳои Гипрозем, Ю.Вафо ва маҳаллаи Борбади ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аёдати маъюбону иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ доир гардид ва ба 20 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсоне, ки дар ақибгоҳ на камтар аз 6 моҳ кор кардаанд ва ҳамчунин оилаҳое, ки маъюб доранд, кӯмак аз қабили маводи ғизоӣ: орд, шакар, равған, собун, макарон ва дигар маводҳои ғизои аввалия расонида шуд.
Бояд ёдовар шуд, ки ин амали хайру эҳсонкориҳо чун ҳамасола дар партави дастуру ҳидоятҳо ва ғамхориҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ карда мешаванд.
Хушбахтона, то имрӯз дар ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 20 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва 44 нафар шахсоне, ки дар ақибгоҳ на камтар аз 6 моҳ кор кардаанд, умр ба сар мебаранд.
Лозим ба ёдоварист, ки ин иҷдомҳои хайру эҳсонкориҳо то рӯзи баргузории ҷашни 73 –умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ доир карда мешавад.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар
ноҳияи Синои шаҳри Душанбе