Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ба 447 нафар собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳон кумаки якдафъаинаи Пешвои миллат супорида мешавад

Ба 447 нафар собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳон кумаки якдафъаинаи Пешвои миллат супорида мешавад

5-05-2017, 08:42
Хабарро хонданд: 277 нафар
Назарҳо: 0

Ба 447 нафар собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳон кумаки якдафъаинаи Пешвои миллат супорида мешавад
ДУШАНБЕ, /АМИТ Ховар/. Ба муносибати 72-солагии Рӯзи Ғалаба ба 24 нафар иштирокдорони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аз ноҳияи Спитамен, шаҳрҳои Конибодом ва Исфара аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кумаки молии якдафъаина тақдим карда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Кумак аз тарафи гурӯҳи корӣ ба собиқадорони ҷанг дар фазои тантанавӣ тақдим гардид.
Бояд зикр кард, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ғалаба бо Амри навбатии худ ба ҳар кадом аз собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (ҶДҶ) ва коргарони ақибгоҳ 3 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ ҷудо намуданд. Ин кумаки Пешвои миллатро роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ба собиқадорони ҷанг мерасонанд.
Ғайр аз ин, Сарвари давлат ба ҳамаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дастур додаанд, ки бо назардошти имконоти худ ба таври иловагӣ ба собиқадорони ҷанг кумак расонанд.
Бино ба маълумоти Шӯрои ҷумҳуриявии собиқадорони ҷанг ва коргарони ақибгоҳ, имрӯз дар Тоҷикистон 447 нафар собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941-1945 зиндагӣ мекунанд.
Куҳансолтарин собиқадори ҷанги Тоҷикистон Додарҷон Умарови 117-сола мебошад, ки айни ҳол дар ноҳияи Вахш умр ба сар мебарад. Ҷавонтарин собиқадор Леокадия Ковтуни 90-сола буда, дар Душанбе истиқомат дорад.
Олег Соболев, собиқадори Ҷанги дуюми ҷаҳон аз Тоҷикистон, собиқ шореҳи АМИТ «Ховар» бо даъвати Ҳукумати Россия дар гузашти низомии 9 майи соли 2017 дар Майдони Сурхи Москва иштирок мекунад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: