Тақдими кумакпулии якдафъаина ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ5-05-2017, 16:07
Хабарро хонданд: 481 нафар
Назарҳо: 0
ҶАББОР РАСУЛОВ.Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти №АП-867 аз 25.04.2017, 5 май гурӯҳи корӣ бо сарварии муовини якуми Раиси ҲХДТ Саидмурод Фаттоҳзода, раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Сарфароз Фаттоҳзода, раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Комил Салимзода иштирокчиёну маъюбони ҷанг аёдат аёдат шуда, ба онҳо кумакпулии якдафъаина ва кумаки моддӣ супориданд. Саидмурод Фаттоҳзода аз номи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собиқадорони ҷангро бо Рӯзи Ғалаба самимона табрик гуфта, ба онҳо се ҳазор сомонӣ кумакпулӣ супорид. Ҳамчунин раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сарфароз Фаттоҳзода ба ҳар кадоми онҳо 1500 сомонӣ кумакпулии якдафъаинаи Раиси вилояти Суғд ва 1200 сомонӣ кумакпулии раиси ноҳия супорида шуд. Бояд гуфт, ки алҳол дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 11 нафар иштирокчиёну маъюбони ҷанг зиндагӣ доранд. Аз ҷумла, 8 нафар иштирокчиёну маъюбони ҷанги дуюми ҷаҳон ноҳияро гурӯҳи корӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аёдат намуд. Се нафари дигар аз сабаби беморӣ дар хонаҳояшон аёдат карда шуданд. Ба собиқадорон кумаки якдафъаинаи Пешвои миллат супорида мешавад СУҒД. Ба муносибати 72-солагии Рӯзи Ғалаба ба иштирокдорони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аз шаҳрҳои Бӯстон ва Гулистон аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кумаки молии якдафъаина тақдим карда шуд. Кумак аз тарафи муовини якуми Раиси ҲХДТ Саидмурод Фаттоҳзода ба собиқадорони ҷанг дар фазои тантанавӣ тақдим гардид. Бояд зикр кард, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ғалаба бо Амри навбатии худ ба ҳар кадом аз собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (ҶДҶ) ва коргарони ақибгоҳ 3 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ ҷудо намуданд. Ин кумаки Пешвои миллатро роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ба собиқадорони ҷанг мерасонанд. Ғайр аз ин, Сарвари давлат ба ҳамаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дастур додаанд, ки бо назардошти имконоти худ ба таври иловагӣ ба собиқадорони ҷанг кумак расонанд. Сарфароз |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.