Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » МАН БА КИШВАРИ ХУД ЛОЗИМАМ!

МАН БА КИШВАРИ ХУД ЛОЗИМАМ!

25-04-2018, 16:37
Хабарро хонданд: 238 нафар
Назарҳо: 0
МАН БА КИШВАРИ ХУД ЛОЗИМАМ!
Ё дар ҳошияи рушди ҳамкориҳои минтақавии ТҶҶ "Созандагони Ватан"

Бо даъвати Ташкилоти ҷамъиятии умумироссиягии “Гвардияи ҷавон” (“Молодая гвардия”) – қаноти ҷавонони ҳизби умумироссиягии “Россияи воҳид” (“Единая Россия”) мо-ҳайати сенафараи Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон "Созандагони Ватан"-қаноти ҷавонони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шахси Илҳомҷон Ҳамидов, Зулфиқор Гулаҳмадзода ва Орзу Ҳамидиён рўзҳои 15-19 апрели соли 2018 дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия ҷиҳати иштирок дар Форуми “Ту ба кишвар лозимӣ” ("Ты нужен стране") қарор доштем.

Дар роҳ ба Қазон, ки тавассути фурудгоҳи “Домодедово” парвоз мекардем, бо истифода аз 6 соат фурсати иловагӣ аз мавзеъҳои таърихии шаҳри Москва ҳам дидан намудем.
Дар шаҳри Қазон то оғози Форум бо дигар иштирокчиён, аз ҷумла намояндагони Молдова, Украина, Абхазистон, Осетияи Шимолӣ, Озарбойҷон ва Қирғизистон наздиктар шинос шуда, суҳбатҳои самимӣ анҷом додем.
Саммити лидерони ҷавони кишварҳои ИДМ, ки дар доираи Форум баргузор гардид, шоми 16 апрели дар толори ҳамоишгоҳи бонуфуз бо иштироки беш аз ҳазор нафар иштирокчиён аз ҳудуди Русия, Аврупо ва ИДМ бо суханронии ифтитоҳии раиси Ташкилоти ҷамъиятии умумироссиягии “Гвардияи ҷавон” Денис Давидов оғоз шуд. Мавсуф дар бораи нақши ҷавонон дар шаклигирии сиёсати давлатӣ ва мавқеи онҳо дар дўстиву рафоқат миёни халқу миллатҳои олам суханронӣ намуда, аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки бештар омўзанд, аз ҷараёнҳои сиёсӣ огоҳ бошанд, дар интихоботҳо номзад шаванд ва бо диду назари тоза дар эҷоди навгониҳо мусоидат намоянд, зеро неруи ҳар як ҷавони кишвар барои давлат пурарзиш аст.
Пас аз оғози расмии Форум дар доираи хурд суҳбати самимии роҳбарияти Ташкилоти ҷамъиятии умумироссиягии “Гвардияи ҷавон” ва намояндагии он дар Ҷумҳурии Тотористон бо меҳмонони хориҷӣ баргузор гардид. Дар рафти суҳбат вобаста ба нақшаву ҳадафҳои созандаи созмонҳои кор бо ҷавонон ҷонибҳо табодули афкор сурат гирифт. Дар ин радиф ҷониби Тоҷикистон иброз дошт, ки ТҶҶ “Созандагони Ватан” танҳо бо баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ маҳдуд нагашта, дар баробари ин, ҷавононро ба корҳои амалӣ роҳнамоӣ месозад. Ҳамкориҳои ташкилоти мо ба созмонҳои минтақавӣ ҳам ранги дигар гирифта, соле қабл он аъзои Шўрои ҷамъиятии Тоҷикистон гардид.
Дар поёни чорабинӣ аз ҷониби ҳайати Тоҷикистон ба мизбонон туҳфаҳои хотиравии дорои унсурҳои фарҳанги миллӣ тақдим карда шуд.
17 апрел ёдгориҳои қадимаи шаҳри Қазонро тамошо кардем. Дар доираи ин сафар аз манораҳои таърихӣ, ҳайкали ҷолиби шоири тотор Мўсо Ҷалил, “Кремли тоторӣ”, соҳили дарёи назди “Кремл”, масҷиди Кул Шариф, хонаву ҳавлиҳои қадимаи тоторӣ, лавҳаи самбўсаи машҳури “Эчпочмак”, осорхонаи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тотористон ва дигар мавзеъҳои муҳими фарҳангиву суннатии бостониро дидан намудем. Мардуми Қазон бо ишора ба наздик будани бинои колисои насрониву масҷиди мусалмонӣ ифтихор аз таҳаммулгароии худ мекунанд ва ин ҳамзистии осоиштаро намунаи ибрат барои дигарон медонанд.
Инчунин, ҷойи зикр аст, ки мардуми тотор ба миллати тоҷик ҳамчун миллати тамаддунофар эҳтирому эътиқоди зиёд доранд. Онҳо бо эътирофи он ки маҳз тавассути донишманди тоҷик Имоми Аъзам Абуҳанифа дини Ислом миёни онҳо паҳн шуд, сипосгузоранд ва маҳз чунин мазҳаби башардўстона боис гашт, ки миллати тоторро дар рўҳияи некиву хайрхоҳӣ ва ҳамзистӣ бо динҳои дигар тарбия кунад.
Дар нимаи дуюми рўз ба фаъолияти Анҷумани дипломатҳои ҷавони Тотористон ва созмони рушди истеъдодҳои "Сэлэт", ки ба тарбияи беруназдарсии кўдакон машғул аст, шинос шудем. Дар воқеъ, созмони “Сэлэт” дар такмили истеъдоди кўдакон аз роҳи ташкили чорабиниҳои маърифатӣ, лагерҳои тобистона, ташкили шароитҳои барои рушди зеҳнӣ ва амсоли инҳо саҳм гузошта, дар шаклгирии тафаккури онҳо мусоидат менамояд. Анҷумани дипломатҳои ҷавони Тотористон низ дар самти ташаккули тафаккури дипломатии ҷавонон дар доираи қариб 30 барномаи алоҳида кор бурда истодааст. Доираи ҳамкориҳояшон васеъ буда, бо аксар кишварҳои Аврупо, Осиё, инчунин давлатҳои арабӣ ҳамкориҳоро ба роҳ мондаанд. Дар давоми вохўрӣ аз тарафи аъзои ТҶҶ "Созандагони Ватан" ба осорхонаи Анҷумани дипломатҳои ҷавон тоқии чакан ҳамчун ёдгорӣ тақдим гардид.
18 апрел намояндагони ТҶҶ "Созандагони Ватан"-и ҲХДТ якҷоя бо дигар меҳмонони форуми ҷавонони "Гвардияи ҷавон" бо вакили Думаи давлатии Федератсияи Русия Артем Туров мулоқоти самимӣ анҷом доданд. Дар рафти мулоқот доир ба нақши забони русӣ дар муттаҳид кардани ҷавонони ҳайати ИДМ мубодилаи афкор сурат гирифт. Дар ин радиф, аз номи ҳайати Тоҷикистон муовини якуми раиси ТҶҶ "Созандагони Ватан" Илҳомҷон Ҳамидов суханронӣ намуда, иброз дошт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо шинохта шудааст ва як қатор донишгоҳу муассисаҳои илмӣ ва нашрияву китобҳо бо ин забон нашр мешаванд. Зикр гардид, ки ташкилоти мо дар ин самт пурра омодааст дар шароити баробар ва эҳтирому эътирофи баробари тарафайн ҳамкориҳои шарикию стратегиро ба роҳ монад. Дар ин мулоқот аз номи ҳайат ба Артем Туров туҳфаи хотиравӣ супорида шуд.
Дар идомаи рўз намояндагони ТҶҶ "Созандагони Ватан" якҷоя бо дигар меҳмонони Форум ба фаъолияти Ташкилоти ҷамъиятии “Гвардияи ҷавон” дар самти омода намудани ихтиёриён (волонтёрҳо) ба маъракаҳои муҳими сиёсӣ шинос шуданд. Тавре зикр гардид дар арафаи маъракаҳои муҳими сиёсӣ, махсусан интихоботҳои парлумониву президентӣ бо ихтиёриён семинар-машваратҳо доир намуда, ҳамон навъ чорабиниҳоро дар шакли бозӣ бо иштироки васеи онҳо доир менамоянд.
Дар ин радиф, иштирокчиёни форум бо раиси Шўрои давлатии Ҷумҳурии Тотористон Муҳаммадшон Фарид Хайруллоевич вохўрӣ анҷом доданд. Зимни вохўрӣ Фарид Муҳаммадшон вобаста ба раванди рушди Ҷумҳурии Тотористон, захираҳои нефтиву неруи инсонӣ ва малакаву маҳорати корбарии ҷавонон изҳори назар намуда, қайд кард, ки яке аз муваффақияти асосии Тотористон дар истифодаи бошуурона аз неруи ҷавононаш мебошад.
Шоми ҳамон рўз дар доираи Форум эътимодномаи ҳамкорӣ байни сохторҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ ва қабул гардид. Ҳамчунин, ба хотири тақвият бахшидани робитаҳо созишномаи ҳамкорӣ байни ниҳодҳои кор бо ҷавонони Қирғизистон ва Осетияи Шимолӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии умумироссиягии "Гвардияи ҷавон" ба имзо расид.
Пас аз анҷоми чорабиниҳои расмӣ, зимни аксгирии иштирокчиён дар назди лавҳаи форум, мо Парчами Тоҷикистонро ҳамчун муқаддасоти миллӣ ва рамзи соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрии Ватани маҳбубамон ба иштирокчиёни форуми Қазон муаррифӣ намуда, таърихи давлатдориву парчамдории тоҷикон ва мазмуни баланди унсурҳои ин парчамро ба онҳо шарҳ додем.
19 апрел ҳайати мо ва дигар иштирокчиёни Форум бо Президенти Ҷумҳурии Тотористон Меннихонов Рустам Нургалиевич вохўрӣ анҷом доданд. Мавсуф зимни суханронии худ махсус қайд намуд, ки ҷавонон набояд танҳо бо иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сиёсӣ ва пешбарии номзадии худ ба интихобот маҳдуд шаванд, балки ҷавононро лозим аст дар рушди хоҷагии халқ низ фаъол гардида, ҷиҳати амалӣ гардидани барномаҳои аграрии давлат низ саҳм гузоранд. Дар ҷараёни вохўрӣ аз номи ҳайати ИДМ роҳбари ҳайати Тоҷикистон Илҳомҷон Ҳамидов баромад намуда, миннатдории ҳайати кориро барои ташкили чунин чорабинии сатҳи баланд баён дошт.
Шоми 19 апрел мо аз Қазон ба Душанбе баргаштем ва бо нафас гирифтан аз ҳавои пурнакҳати Тоҷикистони азиз ҳар кадоме гуфтем: “Ман ба кишвари худ лозимам!”
Илҳомҷон ҲАМИДОВ,
Зулфиқор ГУЛАҲМАДЗОДА,
Орзу ҲАМИДИЁН
Душанбе-2018
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: