Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Пиряхҳои Тоҷикистон-манбаи асосии ҳаёт дар Осиёи Марказӣ

Пиряхҳои Тоҷикистон-манбаи асосии ҳаёт дар Осиёи Марказӣ

19-04-2018, 09:52
Хабарро хонданд: 1945 нафар
Назарҳо: 0
Пиряхҳои Тоҷикистон-манбаи асосии ҳаёт дар Осиёи Марказӣ
Тағйирёбии глобалии иқлим, сол то сол гармтар шудани ҳаво аз мушкилоти ҷиддии экологист, ки тайи чанд даҳсолаи охир ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиши ҷиддӣ рӯ ба рӯ кардааст ва оқибати ин тағйирёбӣ ба захираҳои обии Осиёи Марказӣ таъсиррасон буда, аллакай аз худ дарак медиҳад.
Об дар Осиёи Марказӣ неъмати бебаҳо, муҳимтарин унсури миллӣ ва амниятии минтақавист. Он дар баробари неъмати истеъмолии зарурии ҳаётӣ будан, асосан дар хоҷагии халқ бо мақсади обёрии замин ва тавлиди энергия истифода бурда мешавад. Ҳоло муайян карда шудааст, ки зиёда аз 90 фоизи оби ҳавзаи Баҳри Арал дар обёрии кишоварзӣ сарф мегардад. Бо афзоиши аҳолӣ ва беш аз пеш расидани кишварҳои минтақа ба шукуфоии иқтисодӣ талабот ба об торафт зиёд мешавад. Дар шаст соли охир шумораи аҳолӣ дар минтақа аз 20 миллион ба 65 миллион нафар ва талабот ба истеъмоли солонаи об аз 60 км3 ба 110 км3 расида, мувофиқи пешгӯйиҳои илмӣ ин талабот то соли 2030 боз то 20 фоиз афзоиш хоҳад ёфт. Вобаста ба тағйирёбии иқлим ва ба таври бесобиқа гарм шудани ҳавою обшавии аз меъёр зиёди пиряхҳо масъалаи таъминоти минтақа бо обро дар солҳои наздик боз ҳам печидатар хоҳад кард. Ҳамин аст, ки ба масъалаи муносибати оқилонаю сарфакорона ба об ҳамчун неъмати бебаҳо ва бо чизе ивазнашавандаи табиат, Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ диққати ҷиддӣ зоҳир менамояд. Кишвари мо тайи 15 соли охир ташаббускори фаъоли масоили марбут ба об дар сатҳи глобалӣ маҳсуб меёбад. Чор ташаббуси пурарзиши байналмилалии обии кишвари мо бо пешкории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла Даҳсолаҳои байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» ( 2005-2015) ва «Об барои рушди устувор» (2018-2028), ки боиси қабули қатъномаҳои Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид гардида, Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун мамлакати пешоҳанг муаррифӣ намуданд, ба ин далели бебаҳс шуда метавонад.
Пиряхҳои Тоҷикистон-манбаи асосии ҳаёт дар Осиёи Марказӣ
Тоҷикистон дорои захираи фаровони обист ва 60 фоизи оби дарёҳои Осиёи Марказӣ, аниқтараш 64 миллиард метри мукааб об ҳар сол дар қаламрави кишвар тавлид меёбад. Манбаи ин оби фаровон дар навбати аввал боришоти зиёди барфу борон дар минтақаҳои баландкӯҳ бошад, аз сӯйи дигар пиряхҳост, ки дар натиҷаи пайиҳам боридани барф ва аз сардии ҳаво ба зудӣ об нашудани он дар ин минтақаҳо қомат афрохтаанд. Барфҳои доимӣ дар фарозҳои бузург зери таъсири вазни худ ғафс шуда, тадриҷан ба яхи фирновии(куҳнаи) донакдор ва пас бо гузашти муддате боз ҳам ғафстар гардида, ба яхи шаффофи пурҷило табдил меёбанд.
Қариб нисфи ҳамаи қитъаҳои пиряхии Осиёи Миёна дар ҳудуди Тоҷикистон дар баландии 3500-5300 метр аз сатҳи баҳр воқеъ гардидаанд. Қисми асосии пиряхҳо ба қуллаҳои баландтарини кӯҳҳои Осиёи Марказӣ – қуллаҳои Сомонӣ (собиқ «Коммунизм») ва Абуалӣ ибни Сино (собиқ ба номи Ленин) рост меоянд, ки аз се ду ҳиссаи ҳамаи ҳудуди яхбандиро ишғол намудаанд. Ҳудуди васеи пиряхҳо дар ҷойи пайвастшавии қаторкӯҳҳои Академияи илмҳо, Дарвоз, Пётри Як ва Ванҷу Язгулом ба назар мерасанд. Пиряхҳои хурду миёна ва бузург бо 559 км3 яхи худ беш 8,0 ҳазор км3 ва ё қариб 6 фоизи масоҳати ҷумҳуриро фаро гирифтаанд. Майдонҳои калони яхбандии Помири шимолӣ-ғарбӣ аз ҷиҳати фарохии масоҳат ва ҳаҷми бузурги ях аз дигар майдонҳо тафовут доранд. Пиряхи азими Федченко бо дарозии 71,2 ки ва даҳҳо пиряхҳои дигар дар ҳамин ноҳия воқеъ гардидаанд.
Пиряхҳои Тоҷикистон ба ташаккулёбии ҷараён ва реҷаи об дар дарёҳои ҷумҳурӣ ва таъмини оби дарёҳои ҷониби мамлакатҳои поёноб ҷоришаванда бевосита таъсир мерасонанд. Онҳо аз як сӯ таъминкунандаи оби дарёҳо бошанд, аз сӯйи дигар танзимгари табиии ҷараёни ҷоришавии обанд. Баҳорон дар мавсими киштукор, ки талабот дар кишоварзӣ ба об зиёд мешавад, бо гарм шудани ҳаво пиряхҳо ба обшавӣ сар карда, киштзоронро сероб мегардонанд. Вале дар панҷоҳ соли охир дар натиҷаи тағйирёбии глобалии иқлим ва гармшавии атмосфера ба таври ғайримуқаррарӣ обшавии аз ҳад зиёди пиряхҳо ба мушоҳида мерасад, ки боиси ташвиши ҷиддии Ҳукумати Тоҷикистон гардидааст. Зеро бо идомати бардавоми ин ҳодиса на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ проблемаи таъминоти об ба миён меояд. Тибқи тадқиқоти гуруҳи олимони тоҷик, ҳоло бо сабаби гармшавии глобалии иқлим деградатсияи пиряхҳо авҷ гирифта, онҳо ҳар сол аз 0,8 то 1,0 фоиз масоҳати худро гум мекунанд. Илман ҳисоб шудааст, ки ба ҳар 1 0 С гарм омадани ҳаво ба ҳисоби миёна дар як шабонарӯз 7 мм қабати пирях об мешавад. Агар ҳарорати ҳаво дар ним аср ба ҳисоби миёна нисбат ба давраи ҳозира 1,50 С боло рафта, давомнокии давраи камшавии пирях 100 рӯз бошад, он гаҳ пирях дар як сол ба таври иловагӣ 1 м ғафсии худро гум мекунад.
Омилҳои обшавии пиряхҳо бисёранд. Ба ғайр аз гармшавии бесобиқаи ҳаво дар кураи Замин, ки олимон инро ба афзоиши газҳои гулхонаӣ, бахусус гази ангидриди карбон дар қисмати болоии атмосфера бар асари сӯхтусӯзи сӯзишвории минералӣ дар фаъолияти инсон нисбат медиҳанд, боди афғонӣ, зуҳуроти метеорологии элнино, гарду чанги майдони хушкшудаи баҳри Арал, сиклонҳои гарм, обкушоӣ ва ҷоришавии об аз таги пирях низ аз омилҳои таъсиррасон дар обшавии босуръати пиряхҳо дониста шудаанд. Тазаккур бояд дод, ки бо таъсири ҳавои гарм миқдори обҳои ҷоришаванда аз зери пирях зиёд мешаванд ва пирях бештар «лағжанда» гардида, суръати ҳаракаташ меафзояд. Дар ҳоле ки «харҷ»-и пирях аз «даромад»-аш зиёд аст, деградатсия суръати бештар касб мекунад.
Ба гуфти директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамидҷон Расулзода дар такя ба тадқиқоти олимон, пиряхҳо вобаста ба андоза, ҷойгиршавиашон дар нишебӣ ё баландӣ ба гармшавии иқлим вокуниши гуногун нишон медиҳанд. Майдони яхбандии Помир дар баландиҳои 4500-7000 м аз сатҳи баҳр дар муддати мушоҳидаҳо кам коҳиш ёфтааст. Пиряхҳои қисмати шимолӣ ба гармишавӣ бештар устуворанд. Масалан, пиряхи аз ҳама калонтарини Тоҷикистон Федченко аз аввали асри ХХ (нахустин андозагириҳои инструменталӣ дар соли 1928) то ин ҷониб 1 км ақиб рафта, 5 км2 яхашро талаф додааст. Ҳамзамон, пиряхҳои ҳаҷман хурдтар, ки дар поинтар аз Федченко ҷойгиранд, аз таъсири гармӣ бештар об шуда, миқдорашон кам гардидааст.
Зиёда аз даҳяки масоҳати пиряхҳои Гармо ва Скогач дар ҳавзаи дарёи Обихингов дар муддати хеле кӯтоҳи охири асри ХХ ба нобудӣ рафтааст. Пиряхи Бакчигир дар болооби дарёи Ғунди Помири Ғарбӣ низ дар чунин як фосила даҳҳо миллион метри мукааб яхи худро аз даст додааст. Умуман, аз рӯйи ҳисоби олимони яхшинос масоҳати яхбандӣ дар Тоҷикистон аз нимаи дуюми асри ХХ то имрӯз 20 фоиз коҳиш ёфтааст ва то соли 2050 бо гармтар шудани ҳаво боз то 20С нисбат ҳолати имрӯза, пиряхҳо бештар об шуда, боз ҳамин қадар масоҳати худро гум мекунанд, ки ин боиси коҳиш ёфтани обнокии дарёҳо ва ба вуҷуд омадани мушкилот дар таъминоти об дар минтақаи Осиёи Марказӣ мегардад.
Бо назардошти моҳияти масъала, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи майи соли 2010 «Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва нигаҳдории пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030» -ро қабул намуд. Вазифаи стратегии ин барнома мониторинги фаврии яхшиносӣ оид ба
ҳолати пиряхҳо ва барфҳои ҳавзаҳои тамоми дарёҳои ҷумҳурӣ бо
мақсади пешгӯйии ҷараёни дарёҳо ва бартараф намудани оқибатҳои
ҳодисаҳои табиӣ мебошад. Ва дар доираи амалӣ гардонидани он бисёр тадбирҳо доир ба ҳифзи пиряхҳо ба нақша гирифта, тӯли ҳафт соли гузашта як қатор корҳои омӯзишию тадқиқотӣ ва муҳофизатӣ анҷом дода шуданд.
-Шуруъ аз соли 2011 бо таъмин гардидани кормандони Маркази яхшиносии Агентӣ бо либоси махсуси касбию асбобҳои барфченкунӣ ва дигар таҷҳизоти корӣ, ташкили эскпедитсияи миллӣ барои мониторинги пиряхҳои репрезантативии Федченко, Мазорӣ, Скогач ва Кашолях, мушоҳидаҳои аэровизуалии қабати барф дар шаш ҳавзаи дарё, омӯзишҳо доир ба яхшиносӣ бо истифодаи суратҳо аз кайҳон, таъсиси махзани маълумот оид ба соҳаи яхшиносӣ, экспедитсияҳои байналмилалӣ ва миллӣ ҷиҳати барӯйихатгирии пиряхҳо, тадқиқот дар кӯлҳои Пайрун, Темурдара ва қаторкӯҳҳои Пётри 1 доир ба ҳолати пиряхҳо ва кулҳои рахнашаванда қисмате аз тадбирҳое буданд, ки аз тарафи мутахассисони Агентӣ то имрӯз амалӣ карда шуданд. Махсусан экспедитсияҳо бо мақсади омӯзиши ҳолати пиряхҳои Федченко, Дидал ва Бивачний ва ҳавзаи дарёи Сурхоб (солҳои 2016-2017) хеле пурсамар гузаштанд, - меафзояд директори агентӣ. -Дигаргуниҳое, ки тайи чанд соли охир дар ҳолати пиряхҳо ба амал омаданд, омӯхта шуданд. Дар рафти экспедитсия омӯзиши қисмати поёнӣ ва сатҳи болоии пиряхи Федченко то мавзеи имконпазир ва мушоҳидаҳои аэровизуалӣ то мавзеи якҷояшавии пиряхи Бивачний бо пиряхи Федченко анҷом дода шуданд. Ин пиряхи калонтарини ҷаҳон дар тӯли сад сол 1-1,5 километр ақиб рафта, аз рӯи масоҳат 11 километри мураббаъ кӯтоҳтар шудааст. Ҳоло он бо суръати 15-20 метр дар як сол ба ақиб меравад. Қисми ниҳоии пиряхро дар тӯли 6- 8 км пиряхи мурда бо тарқишҳои шикаста ва кӯлҳои яхии зиёд фаро гирифтаанд. Кӯлҳои пиряхӣ хатари рахнашавиро пеш меоранд, ки дар натиҷаи он эҳтимоли обхезиҳо дар назар аст.
Дар ҳавзаи дарёи Обихингов пиряхи калонтарин - Гармо бошиддат
таназзул менамояд. Аз соли 1940 то соли 1985 он қариб се километр ақиб
рафта, 3,1 км2 масоҳаташро аз даст додааст. Дар солҳои 1985-90
сатҳи пирях 13 метр паст шуда, аз забони он майдони яхӣ бо масоҳати
3,5 км2 ва бо дарозии 3600 метр ҷудо гардидааст. Ҳоло пиряхи мазкур
тақрибан 9 метр дар як сол ақиб рафта, сатҳи он то 4 метр паст мешавад.
Пиряхи дуюм дар ҳавзаи Обихингов - Скогач аз соли 1969 то соли 1991 143 метр ақиб рафта, беш аз сад миллион метри мукааб ё даҳяки қисми худро аз даст додааст.
Аз рӯи пешгӯиҳои иқлимшиносон дар давраи то соли 2050 ҳарорати миёнаи ҳаво дар минтақа 1-2 дараҷа баланд мешавад. Масоҳати умумии яхбандӣ дар ҷумҳурӣ дар давраи мушоҳида аз соли 1930 то 30 фоиз кам шудааст. Аз рӯйи баҳодиҳии хадамоти обуҳавосанҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ҷараёни оби дарёҳо дар дурнамои дарозмӯҳлат метавонад то 5 - 15 фоиз кам гардад.
Пиряхҳо бар иловаи манбаи пурбаҳои захиравии об будан хатар ҳам доранд. Дар ҳудуди ҷумҳурӣ 35 пиряхи ҳаракаткунанда ба қайд гирифта шудааст, ки гоҳ-гоҳ канда шуда, пеши дарёҳои кӯҳиро мебанданд ва хатари обхезиро ба вуҷуд меоранд. Ҳаракати шабонарӯзии онҳо ба таври муқаррарӣ аз 0,3 то 6,0 метр буда, метавонанд дар як сол якчанд километр ва дар фосилаи кӯтоҳи шабонарӯзӣ то 100 метр ҳаракат кунанд. Шаст пирях, аз ҷумла Хирс, Барс, Фортамбек, Музгазӣ, Шин-Бинӣ ба ин гурӯх дохиланд, ки ҳаракати бисёркилометрии онҳо метавонад оқибатҳои харобиовар дошта бошад.



Тибқи мушоҳидаҳои аъзоёни экспедитсияи соли 2016, қабати барф дар пиряхи ҳаракаткунандаи Дидал дар баландиҳои зиёда аз 2700-2800 метр аз сатҳи баҳр 40-60 сантиметрро ташкил медиҳад, ки нисбат ба солҳои қаблӣ 40-50 фоиз камтар мебошад. Дидал ба андозаи 1200 -1500 метр ба пеш ҳаракат кардааст. Ғафсии қабати пирях 60-80 метр ва паҳнои он дар қисмати поёнӣ 80-100 метр мебошад. Дар пирях тарқишҳо ба назар мерасанд.
Пиряхи Бивачний яке аз шохаҳои асосии пиряхи Федченко, аз соли 2012 ба ҳаракат даромада, моҳи июли соли 2013 ба масофаи 1 км ва августи соли 2014-ум 1,5 км ба пеш ҳаракат кардааст. Ҳоло қисми поёнии пирях ба дарозии 4-5 км ба тарқишҳо ҷудо ва бо кӯлҳои бисёри яхин пӯшида шудааст. Мувофиқ ба нишондодҳои соли 2014-2015 сатҳи болоии пирях 1,5-2,0 км ба пеш ҳаракат кардааст. Дар тани пирях тарқишҳо намоён буда, мавзеи оббарои он коҳиш ёфтааст. Ҳаракати пиряхи Бивачний ба оби аз зери пиряхи Федченко ҷоришаванда бе таъсир намонда, дар натиҷаи рахна шудани яхпораҳои азимҷусса роҳи оби аз пирях ҷоришаванда баста шуда, он аз дохили пирях селобаҳоро баровардааст.
Дар ҷумҳурӣ моҳи июли соли 2017 мувофиқи маълумоти обуҳавошиносӣ ҳарорати ҳаво дар баландиҳои 600-1000 метр аз сатҳи баҳр 42-45 дараҷа, 2 ҳазор метр - 35 дараҷа ва 3-4 ҳазор метр - 20-25 дараҷаро ташкил медод. Чунин равандҳои синоптикӣ ва метеорологӣ боиси босуръат обшавии барфу пиряхҳо дар баландкӯҳҳои ҷумҳурӣ гардид.
Тавре ки зикр намудем, обшавии босуръати пиряхҳо бино бар тағйирёбии иқлим ва торафт гармшавии ҳаво, ки билохир боиси афзоиши ҳодисаҳои фавқулодаи табиию камобии дарёҳо гардида, хоҷагии халқи Тоҷикистон нисбат ба дигар кишварҳо аз ин тағйирёбӣ бештар осебпазир аст, дар сатҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ аз масъалаҳои доғ шинохта шудааст ва Хукумати ҷумҳурӣ бо мақсади кам кардани пайомаҳои харобиовари ҳодисаҳои вобаста ба об дар баробари истифода аз имкониятҳои дохилӣ, сармояи хориҷиро низ сафарбар намудааст. Намунаи беҳтарини инро дар маблағгузорӣ ба соҳаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ва дигар созмонҳои байналмилалии молиявӣ метавон возеҳ мушоҳида намуд. Вале ҳоло дар шароити тағйирёбии иқлим дар масъалаи нигаҳдошти захираҳои обӣ, аз ҷумла пиряхҳо, зарурати ҳамкориҳои дастаҷамъонаи мамлакатҳои Осиёи Марказӣ пеш омадааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бино бар муҳим будани ин масъала дар Конфронси 15-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Миллали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим таъкид намуданд, ки «Бо дарназардошти фоҷиаи воқеии баҳри Арал мо набояд ба нобудшавии пиряхҳо, ки манбаи асосии ҳаёт дар Осиёи Марказӣ мебошанд, роҳ диҳем. Аз ин рӯ, зарурати таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро, ки метавонад кӯшиши кишварҳои минтақа ва созмонҳои байналмилалиро дар ин бахши муҳими стратегӣ муттаҳид намояд, ногузир мешуморем».
Хушбахтона, чунин даъвату пешниҳодоти Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланд доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи об дар сатҳи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфта, амалӣ мешаванд. Дар изҳороти муштараки сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар поёни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон (9-10 март) ҳавасмандии мутақобилаи ҳарду ҷониб оид ба рушди шарикии минтақавӣ дар истифодаи одилона ва оқилонаи захираҳои обӣ, зарурати такмили василаҳои ҳуқуқии истифодаи ҳамгироёна ва самарабахши захираҳои обии фаромарзии Осиёи Марказӣ ба манфиати ҳамаи кишварҳои минтақа таъкид карда шуд. Сарвари давлати ҳамсоя бо дарки амиқи масъала изҳор дошт, ки Ӯзбекистон ба обҳои Тоҷикистон, бахусус оби нӯшокии он эҳтиёҷи калон дорад ва аз ҳамкорӣ дар соҳаи об ҷонибдорӣ мекунад. Ва дар ин робита тарафҳо дар аввали моҳи июни ҳамин сол баргузории Анҷумани байналмилалии муҳитизистии Осиёи Марказӣ дар Тошканд ва дар даҳаи сеюми ҳамон моҳ Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал ”Об барои рушди устувор” 2018-2028 дар Душанберо истиқбол намуданд.
Чунин муколамаву изҳороти созанда кишварҳои Осиёи Марказиро дар ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи об боз ҳам наздик мекунанд ва он рӯз дур нест, ки хазинаи байналмилалии мавриди назар -ҳифзи пиряхҳо ташкил хоҳад ёфт.
Албатта, дар як муддати кӯтоҳи ҳафтсола на ҳама вазифаҳо ва тадбирҳои нақшавии Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва нигаҳдории пиряхҳои Тоҷикистон, назири мониторинги фаврии яхшиносӣ оид ба
ҳолати пиряхҳо ва барфҳои ҳавзаи тамоми дарёҳои ҷумҳурӣ, пешгӯии муосири захираҳои об дар барфҳои мавсимии ҳавзаҳои Амударё ва Сирдарё, ҷорӣ намудани низоми ҷамъоварии маълумоти моҳворавӣ ва ташкили феҳристи пиряхҳо мувофиқи матлаб ба роҳ монда шудаанд ва имрӯз дар доираи имкониятҳои мавҷуда амалӣ мегарданд. Вале муҳим он аст, ки дар ин муддат дар Агентии обуҳавошиносӣ Маркази яхшиносӣ таъсис ёфта, пойгоҳҳои обуҳавосанҷӣ қариб дар тамоми минтақаҳо таҷдиду навсозӣ ва бо таҷҳизоти корӣ таъмин гардиданд, давра ба давра ҷиҳати омӯзишу тадқиқоти нав экспедитсияҳо ташкил карда мешаванд. Ба таври дигар, дар ҷумҳурӣ барои омӯзиш ва нигаҳдории пиряхҳо заминаҳои бунёдӣ гузошта шудаанд.
Ба гуфти Ҳамидҷон Расулзода, айни ҳол дар агентӣ тамсиласозии (моделсозии) таъсири тағйирёбии иқлим ба ҳолати пиряхҳо дар доираи лоиҳаи Бонки Рушди Осиё амалӣ шуда истодааст. Бори аввал дар 27 соли гузашта бахшида ба оғози Даҳсолои байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”(2018-2028) аз тарафи мутахассисони агентӣ Кадастри давлатии об барои соли 2016 таҳия гардида, дар арафаи нашр қарор дорад. Ғайр аз ин, супориш шудааст, ки Агентӣ дар ҳамкорӣ бо мушовирони байналмилалӣ методикаи пешгӯйии обнокии дарёҳои ҷумҳуриро барои солҳои наздик таҳия намуда, ҳаракати пиряхҳои ҳаракаткунандаро бо истифода аз реперҳои муқаррарӣ, шароити пирях ва таъсири ҳавои атмосфера дар мавзеи ҷойгиршавиашон муайян намояд.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки дар ояндаи наздик бо истифода аз техникаи ҳозиразамон тамсилаҳои иқлимӣ ва суратҳо аз кайҳон пешгӯйиҳои дарозмуддат оид ба ҳолати яхбандии ҳудудҳои Тоҷикистон ба роҳ монда хоҳад шуд.
Н. Худойбахшов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: