ПАЙОМАДХОИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ22-08-2017, 11:45
Хабарро хонданд: 363 нафар
Назарҳо: 0
Иқлим ончунон ба зудӣ тағйир меёбад, ки фурсати ба шароити нав одат кардани одамон дар гумон аст, мегӯянд иқлимшиносон. Соли 2010 дар дунё аз болоравии яку якбораи ҳарорат зиёда аз 10 000 кас ҷон бохтанд. Натиҷаи тадқиқоти якҷояе, ки иқлимшиносони Амрикою Бритониё дар фосилаи солҳои 1980-1995 анҷом доданд, тамоми дунёро ба даҳшат овард: аллакай дар асри ХХ1 ҳарорати экстремалии ҳаво инсониятро ба оқибатҳои зиёди ҳалокатбор рӯ ба рӯ мекунад. Сабабҳои болоравии ҳарорати ҳаво дар кураи Замин чист? Инсоният барои мутобиқсозии худ ба гармшавии глобалии иқлим ва эмин мондан аз он чӣ бояд кунад? Сабабҳои гармшавии иқлим Бояд гуфт, ки тағйирёбии иқлим дар гузашта на як бору ду бор ба мушоҳида расидааст. Масалан, дар давраи асримиёнагӣ гармшавии иқлим мисли рӯзҳои мо ба назар мерасид. Гренландияро Замини Сабз меномиданд, дар Англия ангур парвариш мекарданд. Вақте ки чунин аст, аз чӣ сабаб гармшавии иқлим дар даҳсолаи охир ин қадар ташвишовар шудааст? Воқеан, натиҷаи санҷишҳо дар 250 соли охир ва маълумоти ғайримустақим (масалан, суръати сабзиши дарахтон аз рӯйи ҳалқаҳои солонаи кунда, гарди гул ва тухмӣ) доир ба гармшавии иқлим дар муддати ҳазор ва аз ин ҳам беш солҳо нишон медиҳанд, ки болоравии ҳозираи ҳарорат дар сайёра дар таърихи инсоният бесобиқа нест. Гармои асримиёнагии баландтарин ва қабл аз ин давраҳои яхбандии калон ҳам вуҷуд доштаанд. Бахусус дар давраи динозаврҳо гармӣ нисбат ба ҳозира тахминан 70 С зиёдтар будааст. Яке аз сабабҳои асосии гармшавии ғайримуқаррарии иқлимро ба пайдоиши омили нави иқлимӣ – ҷамъшавии (консентратсияи) бемислу монанди гази ангидриди карбон (СО2 )ва метан дар атмосфера нисбат медиҳад. Афзоиши яку якбораи гази ангидриди карбон (СО2) дар атмосфера бештар дар 40-50 соли охир хуруҷ кард. Ҷаҳиши яку якбораи ҳарорати ҳаво ба сӯхтани канданиҳои фоиданоки сӯзишворӣ ва аз байн бурдани ҷангалзорҳо алоқаманд буда, болоравии дараҷаи гармӣ дар кураи Замин танҳо яке аз оқибатҳои он мебошад. Ва аз сабаби он, ки партови газҳоро дар муҳлати кӯтоҳ кам кардан имкон надорад, инсониятро гармшавии боз ҳам бештари ҳарорати ҳаво интизор аст. Аз ин рӯ, инсониятро на танҳо ҳодисаҳои фавқулодаи табиие, ки имрӯз ба амал меоянд, балки бештар рухдодҳои оянда ба ташвиш мегузоранд. Вале болоравии ҳарорати атмосфера як тарафи масъала буда, агар он ба оҳистагӣ ва нарм гузарад, чандон боиси ташвиши ҷиддӣ нест. Бадтар аз он мо ба тағйирёбии иқлим рӯ ба рӯ шудаем, ки аз болоравии ҳарорати атмосфера тамоман фарқ мекунад. Бадбахтии асосӣ – афзоиши суръат ва қувваҳои хатарноки ҳодисаҳои гидрометереологист, ки инро мушоҳидаҳои бевоситаи даҳсолаҳои охир тасдиқ мекунанд. Ба иқлими Замин дар асри ХХ, чун пеш аз ин ҳам, бисёр равандҳо таъсир расонидаанд. Аз ҷумла тақвиятёбии антропогении ғилзати газҳои гулхонаӣ (парникӣ), ки бо ҷамъ шудан дар атмосфера боиси гармшавии иқлим дар Замин гардида, тахминан аз соли 1975 ба омили асосӣ табдил ёфт. Ҷамъшавии СО2 аз миёнаи асри Х1Х то соли 1960-и асри ХХ дар атмосфера ба 35 ррм (қисмате аз миллион) ва баъди ин аллакай ба 70 ррм афзоиш ёфт. Бисёр олимон сабабҳои гармшавии иқлимро Офтоб ва ҳам тағйирёбии ҳарорат дар Уқёнуси Ором медонанд. Албатта, беш аз пеш шиддатёбии гармии Офтоб ва ҳам болоравии ҳарорат дар Уқёнуси Ором бетаъсир нестанд, вале ҳоло таъсири ҷамъшавии газҳои гулхонаӣ дар атмосфера нисбат ба радиатсияи офтобӣ 10 маротиба бештар аст. Маълумотҳои охирини моҳвораӣ ҳисобҳои моделиеро тасдиқ мекунанд, ки аз рӯйи назарияи афзоишёбии глобалии антропогении ғилзати газҳои гулхонаӣ гирифта шудаанд ва аз тафсидани умумии Замин шаҳодат медиҳанд. 10С зиёд аз гармии маъмулӣ Бисёриҳо гумон мекунанд, ки ба 10С ва ё камтару зиёдтар боло рафтани гармӣ чандон муҳим нест ва зарурате ҳам нест, ки онро ба қайд гирифт. Дар ҳақиқат, ба 10С дараҷа боло рафтани ҳарорат нисбат ба ҳарорати маъмулии 100 сол пеш он қадар муҳим нест. Аммо барои аҳамияти миёна дар ҳама шабакаҳои обуҳавосанҷӣ ҳатто даҳ ҳиссаи 10С гармӣ бузургии боварибахши бақайдгиранда аст. Истифодаи босамари маълумотҳо оид ба ҳарорати сатҳи Замин ба олимон имконият медиҳад, ки обу ҳаворо ба модел дароварда, ҳама омилҳоеро, ки ба фаъолияти хоҷагидории одам таъсир мерасонанд, ба ҳисоб гиранд. Бино бар ҳамин ҳам ба олимон донистани ҳарорати миёнаи Замин ин қадар муҳим аст. Метеорологҳо шубҳа намекунанд, ки ҳарорати миёнаи глобалии қабати болои ҳавои сайёра дар сад соли охир ба 10С гармтар шудааст. Ба 1,00С боло рафтани гармӣ барои сайёра рақами кам нест. 10 С гармӣ ҳам нақше дорад, мисле ки гоҳо бо ҳазл мегӯянд, «агар ҳарорати бадани одам 36,60 бошад, сиҳат ва агар 37,60 бошад, аллакай бемор аст». Ҳарорати умумии Заминро аз ҳарорати ҳаво бояд тафовут кард. Қисми болои ҳар як сайёра ҳарорати муайяни худро дорад, ки он дар давоми эволютсия пасту баланд мешавад ва аз омилҳои таъсири ситораҳои ба он наздик вобаста аст. Рушди илм ва прогресси техникӣ ба одам имкон дод, ки сабабҳои номафҳуми ҳодисаҳои пешинаи табиӣ дар сайёраро, ки ба ҳаёти ҳаррӯза бевосита таъсир мерасонанд, дарёфт намояд. Ҳоло бо ёрии радифҳои маснуъии Замин метавон ҳарорати умумӣ дар Заминро чен кард. Болоравии ҳарорат (ҳатто ба 10 ҳиссаи 10С) боиси обшавии пиряхҳо ва баландхезии сатҳи оби уқёнус гашта, дар навбати худ метавонад минтақаҳои калони хушкӣ ва ҳатто шаҳрҳои калонро ғарқ кунад. Ҳарорати ҳаво гуфтан фақат ҳарорати ҳаворо дар қитъаҳои гуногуни Замин дар назар дорад. Вале сатҳи сайёра нисбат ба ҳаво хеле зуд гарм мешавад. Ба тафсидани сатҳи Замин на танҳо Офтоб, балки бисёр омилҳои дигар таъсир мерасонанд. Масалан, ҳарорати миёна аз пӯшонида шудани сатҳи сайёра бо рустаниҳо, шиддатнокӣ ва тағйирёбии ҷараёни уқёнусҳо вобаста аст. Обшавии қабатҳои яхи ҳамешагӣ дар ноҳияҳои шимолӣ буғшавии андозаи бузурги гази метанро дар пай дорад. Афзоиши ғуншавии гази ангидриди карбон ва гази метан дар қабатҳои болои атмосфера боиси тафсидани Замин мегардад. Он гоҳ нурҳои инфрасурх сатҳи сайёраро тафсонда, атмосфераро тарк намекунанд, балки бо аксуламал онро боз ва боз аз нав метафсонанд. Аз рӯйи иттилои таҳқиқгарон, фақат дар даҳсолои охир партови газҳои гулхонаӣ дар атмосфера 29% афзудааст. Ҳоло дар Замин беш аз пеш ҳарорати ғайримуқаррарие ба қайд гирифта мешавад, ки пеш аз ин ба мушоҳида намерасид. Ҳароратҳои аз ҳама баланд 13 сентябри соли 1922 дар Арабистони Саудӣ(58,40) ва соли 2005 дар биёбони Дашти Лути Лубнон(700) ба қайд гирифта шудааст. Гармои ғайримуқаррарии моҳи августи соли 2010 дар сад соли охир бо давомнокӣ ва оқибатҳои худ дар Россия мислу монанд надошт. Ҳатто тобистони соли 1938 ва 1972–ро бо он баробар кардан мумкин набуд. Вайроншавии қабати озонии атмосфера ҳамчунин аз таъсири тафсидани сатҳи Замин ба амал омадааст. Тибқи гузорише, ки тадқиқотчиёни Университети Англияи Шарқӣ соли 2014 анҷом доданд, ҳарорати ҳаво дар Замин то охири ҳамин садсола ба ҳисоби миёна мувофиқ ба дараҷаи афзоиши партовҳои гулхонаӣ ва коҳиши имкониятҳои табиии сайёра дар «ҳазм» кардани ин газҳо 6,00С боло меравад. Ин нишондиҳанда пешгӯйии қаблии олимонро дар бораи то охири аср то 20 боло рафтани гармӣ ва ба ҷаҳон чандон таҳдид накардани он рад мекунад. Ба гуфти коршиносон, ҳароратҳои глобалӣ торафт афзоиш меёбанд, пиряхҳо об мегарданд, сатҳи Уқёнуси ҷаҳонӣ боло мехезад ва минбаъд ҳам боло хоҳад хест. Дар минтақаҳои бештар салқин боришоти шадид ба амал омада, дар минтақаҳои бештар хушк минбаъд ҳам хушк омадани ҳаво шиддат мегирад, ки бисёр ҳам ташвишовар аст. Қитъаҳо дар қиёс ба уқёнусҳо зудтар гарм мешаванд, бахусус дар арзҳои нимкураи Шимолӣ чунин гармшавӣ баръало ба мушоҳида мерасад. Сатҳи оби Уқёнуси ҷаҳонӣ дар як сол 3 мм баланд мешавад, ки ба инсоният ва иқтисодиёти марзҳои наздисоҳилӣ хатари калон дорад. Тоҷикистон ва тағйирёбии иқлим Ба қавли коршиносон Тоҷикистон дар сайёра яке аз мамлакатҳои аз ҳама бештар аз тағйирёбии иқлим осебпазир аст ва агарчи дар ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ ҳиссаи ночиз дошта бошад ҳам, чандин сол боз аз оқибатҳои тағйирёбии иқлим зиёни ҷиддӣ мебинад. Дар шароити Тоҷикистон мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим самти муҳими фаъолият дар ҳалли проблемаи тағйирёбии иқлим маҳсуб меёбад. Тадбирҳои мутобиқшавӣ метавонанд омодагии оммавиро ба тағйирёбии иқлим таъмин намуда, оқибати ногувори онро коҳиш диҳанд ва ё пешгирӣ кунанд. Тибқи маълумоти коршиносон, дар ҷумҳурӣ ба таври умумӣ болоравии ҳарорат, бардавомии хушкии ҳаво ва ҳодисаҳои фавқулодаи табиат ба мушоҳида мерасад. Обшавии пиряхҳо, ки ҳама дарёҳои минтақаҳои Осиёи Марказиро бо об таъмин мекунанд, метавонад соҳаҳои энергетика ва кишоварзиро дар худи мамлакат ва тамоми минтақа таҳти хатар қарор диҳанд. Тибқи пешгӯйии илмии онҳо, то соли 2050 бисёре аз пиряхҳои майдони то 1 км2 –ро ишғолкарда пура нобуд шуда, масоҳати зери ях қарордошта дар бисёр ноҳияҳои Тоҷикистон то 20-25 фоиз коҳиш ёфта, ҳарорат мумкин аст аз 1,80 то 30 ва дар ноҳияҳои алоҳидаи ҷанубӣ 4-5 ва ҳатто 90 бештар аз гармии маъмулӣ гармтар шавад. Маълумотҳое, ки дар Нақшаи миллии фаъолият доир ба паст кардани оқибатҳои тағйирёбии иқлим оварда шудаанд, нишон медиҳанд, ки танҳо дар як даҳсола (солҳои 1991-2000) аз се як ҳиссаи талафоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон натиҷаи ҳодисаҳои экстремалӣ будаанд. Коршиносони тоҷик муътақиданд, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ба мушкилоти тағйирёбии иқлим муносибати хеле ҷиддӣ дорад ва барои мутобиқшавӣ ба он тадбирҳои мушаххас андешида, ҳамкориро бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ дар масъалаи мазкур дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондааст. Олимони мо аз рӯй проблемаҳои экосистемаҳои кӯҳӣ ва соҳаи кишоварзӣ вобаста ба тағйирёбии иқлим бисёр фаъолона кор мекунанд. Воқеан, соли 2011 Бонки Осиёии Рушд дар ҳамкорӣ бо Бонки Ҷаҳонӣ ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар ҷумҳурӣ барномаи ҳадафнокеро доир ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим роҳандозӣ намуд, ки мақсад аз он дастгирии Тоҷикистон дар таҳияи барнома оид ба паст кардани таъсири оқибатҳои тағйирёбии иқлим аст. Ба гуфти Насимҷон Раҷабов, сардори Маркази омӯзиши тағйирёбии иқлим ва қабатҳои озонии назди Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ва Музаффар Шодмонов, мутахассиси пешбари маркази мазкур, дар даҳ соли охир Барномаи ҳамкорӣ барои рушди СММ барномаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистонро зиёда аз 100 миллион доллари ИМА маблағгузорӣ кардааст ва дар ҷумҳурӣ вобаста ба он корҳои зиёде анҷом дода шудаанд. То ин замон се Ахбороти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Конвенсияи меъёрии Созмони Милали Муттаҳид доир ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, ки солҳои 1990-1998, 1999-2003 ва 2004-2009-ро дар бар мегиранд, аз ҷониби Маркази омӯзиши тағйирёбии иқлим ва қабати озонии назди Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон омода карда, ба Конвенсияи меъёрии СММ фиристода шудааст ва кор дар болои Ахбороти Миллии чорум моҳи ноябри соли гузашта оғоз ёфта, мувофиқи нақша соли 2020 анҷом меёбад. Бояд гуфт, ки бо дарки далели тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои он барои Тоҷикистон, Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳалли ин мушкилот қарорҳои муҳим қабул карда, ҳама саъю кӯшиши худро ба коҳиш додани таҳдидҳое, ки ба тағйирёбии иқлим алоқаманданд, равона намудааст. Тоҷикистон Конвенсияи меъёрии СММ оид ба тағйирёбии иқлимро соли 1998 ва Протоколи Киотаро соли 2008 ба тасвиб расонида, ҳамчун Ҷонибдори Конвенсия уҳдадориҳои ба зимма гирифтаашро пайиҳам амалӣ менамояд. Дар мамлакат асоси қонунгузорӣ ва институтсионалӣ, ки барои фаъолият ба ҳалли масъалаи тағйирёбии иқлим равона гардидааст, гузошта шудааст. Айни замон корҳо барои омода намудани Ахбороти Миллии чорум ва Ҳисоботи якуми дусола пеш бурда мешаванд. Тавофуқномаи Париж доир ба иқлимро, ки 12 декабри соли 2015 дар сессияи Конференсияи 21-уми Тарафдорони конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим дар пойтахти Франсия шаҳри Париж бо иштироки сарони мамлакатҳо, аз ҷумла Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, метавон аз воқеаҳои пурмуҳтавои такондиҳанда вобаста ба тағйирёбии иқлим дар чанд соли охир унвон кард. Парлумони Тоҷикистон тавофуқномаи мазкурро 16 феврали соли 2017 ба тасвиб расонид ва бастаи ҳуҷҷатҳои батасвибрасидаро ба Депозитарияи СММ пешниҳод кард. Ҷонибдории Тоҷикистон ба пешниҳоди ҳама гуна саҳмгузориҳои имконпазир дар мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар конференсияи Париж аз забони Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо дод. Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ қайд кард, ки «соҳаҳои асосии иқтисодиёти Тоҷикистон бо пайомадҳои манфии вобаста ба тағйирёбии иқлим рӯ ба рӯ шудааст. Обшавии босуръати пиряхҳо бар асари тағйирёбии иқлим ба раванди таъмини шароити мусоиди зиндагии аҳолӣ ва ҳифзи захираҳои об таҳдиди ҷиддӣ дорад. Дар давоми 30 соли охир аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон беш аз 1000 пирях нобуд шудааст. Ҷараёни босуръати обшавии пиряхҳо дар натиҷаи баланд шудани ҳарорати ҳаво боиси афзоиши бесобиқаи офатҳои табиӣ ва таназзули экосистемаи обӣ гардидааст. Ин падида ҳар сол сабабгори хароб гаштани иншооти зиёди иқтисоди миллӣ ва хисороти бузурги моддӣ ба аҳолӣ мегардад. Танҳо тобистони соли равон бар асари офатҳои табиии вобаста ба об ба аҳолии Тоҷикистон ва иқтисодиёти мамлакат ба садҳо миллион доллари амрикоӣ зарари моддӣ расид» . Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ аз пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба он то имрӯз барои такмили қонунгузорӣ, сиёсати давлатӣ ва иҷрои тавсияҳои ҳамоишҳои тарафҳои Конвенсия тадбирҳои амалӣ андешида, бо шарикони байналмилалии худ ва котиботи Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим фаъолона ҳамкорӣ менамояд». Ба андешаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, омили самараноки коҳиш додани оқибатҳои тағйирёбии иқлим рушди минбаъдаи энергияи барқароршаванда мебошад. Бино бар ҳамин мамлакати мо ба истифодаи самараноки манбаъҳои барқароршавандаи энергия, бахусус гидроэнергетика, ки боиси рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ, мутобиқшавии аҳолӣ ба тағйирёбии иқлим ва ташаккулёбии «иқтисоди сабз» мегардад, аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Ва аз ин ҷост, ки рушди гидроэнергетика дар шумори самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Тавофуқномаи Париж доираи васеи масъалаҳои иқлимӣ доир ба кам ва маҳдуд кардани партови газҳои гулхонаӣ, амалигардонии тадбирҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, дастрасӣ ба технология ва донишҳои нав барои рушди устувори мамлакатро дар бар мегирад. Мақсади асосии ин тавофуқнома аз нигаҳдошти болоравии ҳарорати миёнаи глобалӣ хеле кам аз 20С бар замми дараҷаи тоиндустриалӣ ва кӯшиши то 1,50 маҳдуд кардани баланд шудани ҳарорат иборат аст. Айни замон Тоҷикистон ҳамчун ҷонибдорони Конвенсияи меъёрӣ оид ба тағйирёбии иқлими СММ барои татбиқи Тавофуқномаи Париж дар сатҳи миллӣ тавассути пешниҳоди саҳми миллии худ (NDC), ки пиёдасозии чораҳо оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани партови газҳои гулхонаиро дар бар мегирад, тадбирҳои аввалиндараҷаро амалӣ менамояд. Саҳми Тоҷикистон қабл аз ҳама аз кам кардани партови газҳои гулхонаӣ бо дарназардошти ду нишондиҳанда- коҳиш додани сатҳи партовҳо бе ҷалби маблағгузории байналмилалӣ ва кам кардани сатҳи партови газҳои гулхонаӣ бо баҳисобгирии маблағгузории назарраси байналмилалӣ ва дастрасӣ ба технология иборат аст. Тибқи нишондиҳандаи аввал бояд Тоҷикистон то соли 2030 партови газҳои гулхонаиро аз 80-90 фоизи сатҳи партовҳои соли 1990 (25,5 миллион тонна СО2-эквивалент) зиёд накунад. Нишондиҳандаи дуюм бо ҳамин шарт уҳдадории коҳиш додани 65-75 фоизи маҷмӯи партовҳои соли 1990 –ро дар назар дорад. - Соли 2015 мо саҳми миллии Тоҷикистон оид ба тағйирёбии иқлимро анҷом додем ва моҳи феврали соли 2017 аз ҷониби парлумони ҷумҳурӣ ба тасвиб расид. Метавон гуфт, ки кор дар Тоҷикистон ҳафт сол муқаддам дар доираи Барномаи пилотии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим оғоз ёфт. Айни замон модернизатсияи Маркази обуҳавошиносӣ аз ҳисоби ҳамон барномаи пилотӣ бо маблағи 13 миллион доллар идома дорад. Ин маблағ дар харидани таҷҳизот ва муҷаҳҳазгардонии стансияҳои обуҳавошиносӣ сарф мегардад,-мегӯяд Насимҷон Раҷабов ва илова мекунад. - Ҳоло аз ҳисоби Фонди «Иқлими сабз» кори соҳаро пеш мебарем. Маблағи ин фонди ҷаҳонӣ зиёда аз 10 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки ҳиссае аз он барои Тоҷикистон муқаррар шудааст. Алҳол барномаи пилотие, ки соли 2010 оғоз ёфт, аз тарафи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад. Кумита Барномаи стратегӣ доир ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим то соли 2030-ро омода карда, барои тасдиқ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намудааст. Мо уҳдадор ҳастем, ки дар фосилаи ҳар се-чор сол Ахбороти миллӣ, яъне ҳисоботи миллии худро доир ба тағйирёбии иқлим тайёр карда, ба Конвенсияи меъёрии тағйирёбии иқлими СММ пешниҳод намоем. Айни замон корҳо дар ин самт давом доранд. Тоҷикистон аллакай чанде аз тадбирҳо ва лоиҳаҳоеро, ки ба иҷрои уҳдадориҳо дар назди Конвенсияи қолабии тағйирёбии иқлими СММ ва Тавофуқномаи Париж алоқаманданд, амалӣ мегардонад. Яке аз чунин лоиҳаҳо Барномаи пилотии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим мебошад, ки шаш қисмат: •Пурқувватсозии зарфият оид ба устуворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим; •Беҳтарсозии пешниҳоди хизматрасонӣ ва маълумот доир ба обу ҳаво, иқлим ва об; •Барнома оид ба илми иқлимшиносӣ ва моделсозӣ; •Пурқувватгардонии устувории иқлимӣ дар сохтори энергетикӣ; •Соҳаи кишоварзӣ ва идоракунии устувори захираҳои замин; • Пурқувватгардонии устувории иқлимӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ – ро дар бар мегирад ва аз рӯйи ҳамаи ин қисматҳо алҳол кор бомаром идома дорад. Бо назардошти сиёсати миллӣ ва байналмилалӣ дар соҳаи тағйирёбии иқлим, экология ва татбиқи мақсадҳои СММ доир ба рушди устувор, Тоҷикистон имкон дорад, ки нақшаҳои дарозмуҳлати худро, ки ба рушди устувор нигаронида шуда, аз стратегия ва барномаҳои миллӣ бармеоянд, дар амал татбиқ намояд. Н. Худойбахшов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.