Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

Боди афғонӣ

4-07-2017, 11:54
Хабарро хонданд: 171 нафар
Назарҳо: 0
Боди афғонӣ
Донишмандони озмоишгоҳи ташхиси физикии ҳаво дар Тоҷикистон мегӯянд, ҳангоми вазидани “боди афғонӣ”, дар ҳавои кишвар таркибҳои кимиёвии зиёновари ҷадвали Менделеев зиёд мешаванд. Ингуна бод одатан дар поёни тобистон ва ё аввали тирамоҳ дар тамоми қаламрави Тоҷикистон мушоҳида мешавад.
Сабур Абдуллоев, доктори илмҳои физикаи мегӯяд, ки як таҳқиқи муштараки онҳо бо донишмандони хориҷӣ нишон дод, ки боди ғуборолудаи ғализ ба сиҳатии инсон зиён мерасонад.
Ба гуфтаи ӯ, "боди афғонӣ ҳеҷ иртиботе ба Афғонистон надорад, чун аз биёбони Саҳрои Кабир дар Африқо бармехезад ва аз тариқи қаламравӣ Эрон, Туркманистон, Қазоқистон ва Ӯзбакистон, ки низ биёбонҳои зиёд доранд, аз ҷануб вориди кишвар мешавад.
"Мо якҷо бо пажӯҳишгарони олмонӣ ва амрикоӣ мушаххас кардем, ки дар таркиби ин бод то 32 элементи ҷадвали Менделеев вуҷуд доранд, ки ба саломатии инсон таъсири манфӣ мерасонанд” - мегӯяд, донишманди тоҷик.
Боди афғонӣ

Ба гуфтаи Сабур Абдуллоев, дар муқоиса бо солҳои пешин, “боди афғонӣ” дар Тоҷикистон бештар мемонад ва баъзан вақт, бод ба ҳадде гарду ғубор меорад, ки инсон то 200 метр дурро намебинад. Ба гуфтаи ӯ, гармоиши курраи Замин, биёбоншавӣ, як сабаби афзоиши бодҳои ғуборолуд ба Тоҷикистон аст.
Баъди Саҳрои Кабир, аз Баҳри Арал
Айни замон, донишмандони тоҷик мушаххас кардаанд, ки вазидани бодҳои олуда бо намак аз бистари баҳри нимахушкидаи Арал, суръати обшавии пиряхҳо дар Тоҷикистонро тундтар кардааст. Ба сабаби рехтани ин намакҳо дар болои пиряхҳо дар кишвар солҳои охир садҳо пиряхи хурд ақибнишинӣ кардаанд ва ё комилан об шудаанд.
“Дуруст аст, ки мо дар болои пиряхҳои Тоҷикистон намакҳоеро ошкор кардем, ки аз қаъри баҳри Арал ба фазо печида, болои пиряхҳои мо фуруд омадаанд. Ин ҳама сабаб шуд, ки пиряхҳои Тоҷикистон ба зудӣ об шаванд, вагарна, пиряхҳои Тоҷикистон тӯли садсолаҳо вуҷуд доштанд” – гуфт Сабур Абдуллоев.
Барои ҳифз намудани саломатӣ дар рӯзҳои афзоиш ёфтани «боди афғонӣ» моро зарур аст, ки ба худ даҳонпушақхои махсусро истифода барем.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: