Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Файл: 23-юми март Рӯзи байналмилалии обуҳавошиносон

Файл: 23-юми март Рӯзи байналмилалии обуҳавошиносон

20-03-2018, 11:05
Хабарро хонданд: 197 нафар
Назарҳо: 0
Файл: 23-юми март Рӯзи байналмилалии обуҳавошиносон
Файл: 23-юми март Рӯзи байналмилалии обуҳавошиносон

Пешгӯйии обу ҳаво торафт мукаммал мегардад
Дар арафаи Рӯзи байналмилалии обуҳавошиносон хабарнигори «Минбари халқ» бо саволи «Обуҳавошиносони ҷумҳурӣ ба ин рӯз бо чӣ дастовардҳо омаданд?» ба директори Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон Ҳамидҷон Расулзода муроҷиат кард.
-Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон зери сарпарастӣ ва таваҷҷуҳи доимии бевоситаи давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ, аз ҷумла Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар тӯли солҳои истиқлолияти давлатӣ заминаҳои моддию ҳуқуқии он рушди тоза ёфт, - гуфт Ҳ. Расулзода. -Дар ин давра аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ як силсила санадҳои ҳуқуқӣ ва барномаҳои соҳавӣ таҳия ва қабул гардидаанд, ки заминаҳои пешрафти устувори соҳаро таъмин менамоянд. Рушди дурнамои иқтисодиёти ҷумҳурӣ дар пешбурди сиёсати ягонаи давлатӣ дар бахши обуҳавошиносӣ, омӯзиши таъғирёбии иқлим, ҳолати пиряхҳо, кӯлҳои баландкӯҳ, мониторинги ғилзати муҳити зист, пешгӯйӣ ва муайян намудани ҳолати захираҳои обӣ ва сар задани офатҳои табиӣ дар ҷумҳурӣ ба зиммаи Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон вогузор шудааст.
Дар ин давра ҷиҳати рушди соҳа се барнома, аз ҷумла “Барномаи барқарорсозии стансия ва дидбонгоҳҳои обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2016”, “Барномаи мониторинги муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017” ва “Барномаи давлатии ҳифз ва омӯзиши пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030” қабул гардид, ки аз онҳо ду барномаи дар аввал зикргардида бомуваффақият ба анҷом расонида шуда, кори барномаи охирин идома дорад.
Аз аввали узвияти кишвар ба Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳамоҳангсоз барои амалӣ намудани уҳдадориҳои кишвар дар назди Конвенсия дар таҳияи Нақшаи Миллии Фаъолияти (НМФ) Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст намудани оқибатҳои тағйирёбии иқлим барои солҳои 2003 – 2010 саҳми босазо гузоштааст. Дар ин доира дар якҷояги бо машваратчиёни дохилӣ ва хориҷӣ дар давоми солҳои 2001-2014 се Ахбороти Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тағйирёбии иқлим ва ҳам ҳисобот оид ба Саҳми миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро омода намуда, ба увони Котиботи Конвенсия фиристодааст.
Дар ин давра 54 стансияи ҳавосанҷӣ ва 16 дидбонгоҳи обченкунӣ бо таҷҳизоти худкор ва 42 иншооти обченкунӣ бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, Маркази яхшиносӣ таъсис ёфт. Мутахассисони Агентӣ шуруъ аз соли 2014 то ин ҷониб шаш экспедитсия гузаронидаанд. Ҷиҳати таъмини саривақтии стансияҳои обуҳавошиносии дурдаст бо маводи зарурӣ ва ҳам бехатарии сафари хизматии мутахассисон Агентӣ соҳиби 10 автомобил, аз ҷумла 8 автомобили саҳрогард ва 2 автомобили боркаш гардид. Барои гузаронидани мушоҳидаҳои шабонарӯзӣ ҷиҳати баҳодиҳии ҳолати ғилзати ҳавои атмосфера дар шаҳри Душанбе нуқтаи худкори мушоҳидавӣ ва бо мақсади арзёбии сифати об, ҳаво ва анҷом додани корҳои фаврии гидрологӣ санҷишгоҳи сайёр бо газоанализаторҳои замонавӣ ва профилографи акустикии доплерӣ ба фаъолият шуруъ намуданд. Ҷиҳати осон ва пурсамар намудани фаъолияти мутахассисон онҳо бо техникаи компютерӣ ва дигар лавозимоти корӣ пурра таъмин карда шуданд. Тавсифи «Хусусиятҳои иқлимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017» анҷом дода шуда, Кадастри давлатии об барои соли 2016 ва Солномаи «Ҳолати олудашавии ҳаво дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав ба нашр омода гардидаанд. Ба системаи коркарди маълумотҳои гидрологии «РЕКА-РЕЖИМ» ҷиҳати қабули маълумотҳои фаврӣ аз дидбонгоҳҳо ва шабакаҳо барномаҳои Агентӣ «АРМ-метеоролог», «АРМ-синоптик» ва «АРМ-гидролог» насб карда шудаанд. Як қатор системаҳои муосири коммуникатсионӣ, ба мисли Митра, ГИС-метео, Клайвар, Юнимас ва МҶММ (Маркази ҷамъоварии маълумотҳои мушоҳидавӣ) васл гардиданд. Системаи “МИТРА” ба қабул ва интиқоли иттилооти обуҳавошиносӣ тавассути моҳвора имконияти хуб фароҳам овард. Бо мақсади огоҳонидан аз зуҳуроти хавфноки гидрометеорологӣ дар доираи лоиҳа таҷҳизотҳо барои беҳдошти имкониятҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва МГ ҶТ оид ба расонидани иттилооти буҳронии соҳаи обуҳавошиносӣ то ба сохторҳои дар маҳалҳо будаи кумита дастрас гардонида шуданд. Айни ҳол 96%-и иттилоот дар муҳлати пешбинишуда интиқол дода мешавад.
Дар ҷумҳурӣ соли 2018 Соли Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шуд. Агентӣ ҷиҳати таъмин намудани сайёҳони хориҷӣ бо маълумотҳои фаврии обу ҳаво ва иқлимии ҷумҳурӣ сомонаи интернетиро дар шакли нав ба кор омода намуд. Айни замон, ҷиҳати мукаммалии пешгӯйиҳои вазъи обу ҳавои кишвар дар Агентӣ ду моҳвора истифода мешавад.

Мусоҳиб Н. Худойбахшов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: