Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Технология ва пешрафти тиб

Технология ва пешрафти тиб

25-12-2015, 15:00
Хабарро хонданд: 624 нафар
Назарҳо: 0
Технология ва пешрафти тиб
Омӯзишу истифодаи компютер ва фарогирии технологияи иттилоотӣ дар фаъолияти ҳамарӯзаи кормандони соҳаи тандурустӣ имкон медиҳад, ки табобати беморон сари вақт, бо сифати баланд ва мувофиқи талаботи рӯз иҷро гарданд. Якчанд самти имконпазири татбиқи технологияҳои компютериро дар намуди нақшаи зерин пешкаш менамоем:
Технология ва пешрафти тиб


Дар идораву ҳуҷраҳои пизишкӣ компютерҳои муосир вазифаҳои корбарӣ ва коргузориро иҷро мекардагӣ шудаанд. Ворид гаштани технологияҳои компютерӣ ба соҳаи тиб аниқӣ, суръати тадқиқотгузаронӣ ва сифати ташхисҳои тиббиро якчанд маротиба болотар бурдааст. Ёрии компютер ҷараёни қабули қарорҳоро, ки аз онҳо вазъи беҳдошт ва баъзан ҳаёти бемор вобастагӣ дорад, метезонад.

Самти муҳими хизматрасонии тиббӣ дар Тоҷикистон татбиқи усулҳои нави пешгирӣ аз беморӣ, ташхисгузаронӣ ва табобат мебошад. Ҳадафи ин усулҳо асосан кам кардани шумораи беморони барои табобат берун аз марзи ҷумҳурӣ фиристодашаванда мебошад.

Пойгоҳҳои компютерӣ имконият фароҳам овардаанд, ки табибон аз навгониҳои илми тиб ҳамеша бохабар бошанд. Ин пойгоҳҳо тавассути шабакаҳои компютерӣ доимо навсозӣ мегарданд.

Имрӯз муяссар гаштааст, ки барои сутунмӯҳра ва косахонаи сар бо ёрии компютер оқибатҳои зарбаҳои дар натиҷаи садамаҳои автомобилӣ рӯйдода мавриди омӯзиш ва табобат қарор дода шавад. Компютер имконият медиҳад, ки дараҷаи таъсири ҳавои ифлос барои аҳолии минтақаи додашуда таҳқиқ карда шавад ва ё дар сохтани харитаи суръати паҳншавии касалиҳои сироятӣ хизмат расонад.

Барои санҷиши вазъи организми инсон асбоби махсуси компютерӣ – таҷҳизоти аналогӣ-рақамӣ (томографи компютерӣ) истифода бурда мешавад, ки он иттилоотро дар шакли сигналҳои электрикӣ ба компютер ворид месозад. Усули томографияи компютерӣ яке аз усулҳои муосири тадқиқоти ренгенӣ буда, дар омӯзиши узвҳои дохилии инсон усули беҳамто ба ҳисоб меравад.

Самти дигари зуд рушдёбандаи татбиқи компютер дар соҳаи тиб ин хизматрасонӣ ба маъюбон ва нафароне мебошад, ки онҳо имкониятҳои маҳдуд доранд: нобиноҳо, кару гунгҳо, фалаҷҳо ва ғайра. Масалан, барои шахсоне, ки дастонашон фалаҷ аст, имконияти идоракунии компютер бо ёрии пойҳояшон пешбинӣ шудааст. Дар мавриди фалаҷ будани ҳам дасту ҳам пой, асбобҳое пешбинӣ шудаанд, ки онҳо компютерро ба воситаи даҳон ё сар идора мекунанд. Айнан ҳамин тавр, имрӯз барои нобиноён компютерҳои овозӣ, барои шахсони нури чашмонашон кам компютерҳо бо мониторҳои махсус ва ғайра рӯйи кор омадаанд.

Истифодаи компютер дар дандонпизишкӣ низ хеле пурмаҳсул буда, бештар барои ҳалли масъалаҳои зерини соҳа хизмат мерасонад:
- омӯзиши аниқи фрагментҳои гуногуни дандон;
- корбарӣ бо видеогенетикаи дандонҳо;
- гирифтани акси аниқи дандони алоҳида ва ё гурӯҳи дандонҳо то табобат ва баъди он;
- маҳфуз доштани акси дандонҳо дар хотираи компютер.

Компютер метавонад воситаи хеле хуби худомӯзи табибон ва асбоби беҳамтои таълимии кормандони соҳаи тиб бошад. Масалан, духтури ҷавон пеш аз он ки бо бемор ин ё он амалиётро гузаронад, метавонад бо истифода аз барномаи омӯзишии зарурӣ аввал ин гуна таҷрибаро дар компютер амалӣ гардонад. Аксар барномаҳои омӯзишӣ ба сатҳи малакаҳои касбӣ ва қобилияти табиб (корбари компютер) баҳогузорӣ менамоянд.

Нанотехнология яке аз самтҳои тараққиёфтаи илм дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла дар тиб ва дорусозӣ, пазируфта шудааст. Ба он на танҳо давлатҳои мутараққӣ, балки давлатҳои рӯ ба инкишоф низ таваҷҷӯҳ зоҳир карда истодаанд. Солҳои охир диққати ҷаҳониёнро бештар наномедитсина (нанотиб) ба худ ҷалб намудааст. Ин соҳа яке аз соҳаҳои ояндадор шинохта шудааст. Зери мафҳуми наномедитсина татбиқи нанотехнология дар ташхис ва табобати бемориҳо фаҳмида мешавад. Амалишавии наномедитсина ва дастовардҳои геномикаю протомика ба олимон имконият фароҳам овардаанд, ки онҳо ба фаҳмиши асосҳои молекулярии бемориҳо наздик шаванд.
©Баҳрулло Раҷабов, аспиранти Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: