Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Суханронии Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ

Суханронии Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ

5-12-2015, 05:10
Хабарро хонданд: 678 нафар
Назарҳо: 0
Суханронии Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ оид ба фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар давраи баъди Анҷумани ХII ҳизб ва вазифаҳои навбатии ҲХДТ дар марҳалаи ҳозира, Душанбе, 04 декабри соли 2015

Муҳтарам аъзои Кумитаи
Иҷроияи Марказӣ!
Ҳозирини гиромӣ!
Мақсад аз баргузор намудани Маҷлиси навбатии Кумитаи Иҷроияи Марказӣ натиҷагирӣ аз корҳои то имрӯз амалигардида ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ дар марҳалаи минбаъда мебошад.

Зеро таҳлилу натиҷагирӣ аз корҳои иҷрогардида ва дарёфти самтҳои мушаххаси фаъолияти минбаъда имкон медиҳад, ки кори ҳизб, бахусус, дар шароити имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон дуруст ба роҳ монда шавад.

Мо дар марҳалае кору фаъолият дорем, ки ҷаҳонро буҳрони амиқи молиявию иқтисодӣ ва сиёсиву иҷтимоӣ фаро гирифтааст.

Дар гӯшаҳои мухталифи сайёра ва дар кишварҳои гуногуни олам воқеаву таҳаввулоте ба амал омада истодаанд, ки ба раванди табиии тараққиёти ҷомеаи мо низ бетаъсир намемонанд.

Бинобар ин, моро лозим аст, ки ин тағйироту дигаргуниҳоро ҳамаҷониба баррасӣ намуда, ба онҳо баҳои воқеӣ диҳем ва дар заминаи онҳо фаъолияти минбаъдаи худро мушаххас гардонем.

Ҳоло дар ҷаҳони ислом гурӯҳҳои ифротиву террористӣ, чун “Ҳизби таҳрир”, ҳаракати “Толибон”, давлати ба ном исломӣ ва монанди инҳо даст ба куштору ғорат, террори мардуми осоишта зада, авзои сиёсиву иҷтимоии кишварҳоро ноором мекунанд.

Қариб бист сол мешавад, ки ҳаракати “Толибон” дар кишвари ҳамсояи мо-Афғонистон ва давлати ба ном исломии Шому Ироқ дар як қатор мамлакатҳои арабӣ барои бунёди давлати исломии сохта мубориза бурда истодаанд.

Дар ин ҷо саволе пайдо мешавад, ки магар мардуми кишварҳои исломӣ ё мусулмоннишин эътиқодмандони дини мубини ислом нестанд? Ё онҳо мехоҳанд, ки ин мардуми ҳазорсола мусулмонро дубора мусулмон кунанд? Пӯшида нест, ки зери ин шиорҳо мақсадҳои дигар ниҳонанд.

Ҳадафи асосӣ бо истифода аз усулҳои куштори мусулмон аз ҷониби мусулмон, ба вуҷуд овардани фазои тарсу ваҳм ва куштори бераҳмонаи мардум иҷборан ба зиндагии асримиёнагӣ баргардонидан буда, ин гурӯҳҳо зери парчами ислом нақшаҳои ғаразнок ва қудратталабонаи доираҳои муайянро амалӣ кардан мехоҳанд.

Боиси нигаронист, ки садҳо нафар ҷавонони тоҷик мустақиман аз Тоҷикистон ё ки аз кишварҳои дигар ба ҷангҳои ба ном ҷиҳоди давлати исломӣ рафта истодаанд.

Баъзеашон ҳатто бо аъзои оилаи худ вориди кишварҳои арабӣ мешаванд. Пӯшида нест, ки шумораи ночизи онҳо дар заминаи эътиқодӣ ин роҳи хаторо интихоб мекунанд.

Дар асл аксарияти онҳо бар ивази маблағи муайян ва орзуи соҳиби пули калон шудан ё фирефтаи ваъдаҳои эмиссарҳои давлати ба ном исломӣ гашта, нияти ба кишварҳои Сурияву Ироқ рафтанро мекунанд ва бештарашон кушта мешаванд.

Аз ин рӯ, ташкилотҳои ҳизбиро лозим аст, ки ба чунин раванду рӯйдодҳои муҳимми сиёсиву иҷтимоӣ бетафовут набошанд, онҳоро ҳамаҷониба таҳлилу арзёбӣ кунанд ва фаъолияти сиёсиву ҳизбии худро мутобиқи онҳо роҳандозӣ кунанд.

Ва барои пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҳизбу ҳаракатҳои манъшуда ва узвият дар ниҳодҳои низомии давлати ба ном исломии Шому Ироқ минбаъд низ чораҳои мушаххас ва муассирро амалӣ намоянд.


Ман рӯйдоду воқеаҳои ҷаҳонро бесабаб хотиррасон накардам. Зеро ҳамаи ин воқеаҳо, албатта, бо ин ё он восита ба вазъи ором ва сулҳу суботи кишвари мо, бахусус, афкору андешаи сокинони кишвари мо, аз ҷумла ҷавонон бетаъсир намемонанд.

Бо дарназардошти чунин вазъият таъкид месозам, ки нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар тарғиби арзишҳои давлати дунявӣ, солимгардонии афкори мардум ва ба самти созанда сафарбар кардани онҳо бояд назаррас бошад.

Дар ин росто, ҷалби мардум ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва таъмини зиндагии шоистаи сокинони кишвар бояд ҳадафи аслӣ ва меҳвари фаъолияти ҳизби моро ташкил диҳад.


Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади амалӣ гардонидани орзуву омоли мардум ва зина ба зина баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар барномаҳои воқеӣ ва илман асоснок таҳия мекунад ва онҳоро дар маъракаҳои интихоботӣ ба ҷомеа манзур менамояд.

Ин аст, ки чунин барномаҳои созандаро мардум мепазиранд ва ҷонибдорӣ мекунанд. Мо ин воқеиятро дар интихоботи охирини парламентӣ баръало мушоҳида кардем.

Тавре ки медонед, дар интихоботи гузашта 8 ҳизби сиёсӣ бо пешниҳод намудани номзадҳояшон иштирок карданд.

Аҳзоби сиёсӣ дар интихобот аз рӯи рӯйхати ягонаи ҷумҳуриявӣ барои ишғоли 22 курсии вакилӣ беш аз 120 номзад пешбарӣ намуданд.

Яъне ҳар ҳизб ва ҳар шахсе, ки тибқи қонунҳои ҷорӣ ҳуқуқи пешбарӣ кардани номзадҳоро ба вакилии маҷлисҳои зинаҳои гуногун дошт, аз ин ҳуқуқ истифода кард.

Дар ин раванд, фаъолияти густурда ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон имкон фароҳам овард, ки ба пирӯзӣ расад.

Омили дигари муҳимми пирӯзии ҳизби мо дар он буд, ки мо номзадҳои арзандаро пешбарӣ кардем.

Дӯстони азиз!
Акнун мехоҳам дар хусуси вазъи сиёсиву иҷтимоии кишвар, ки ҷузъи таркибии равандҳои муосири минтақавию ҷаҳонист, ибрози ақида намоям.

Мо имрӯз дар асри ҷаҳонишавӣ, бархӯрди тамаддунҳо ва пешрафти бесобиқаи илму технологияҳои нав қарор дорем, ки аз ҳар яки мо муносибати масъулона ва ҷиддиро дар ҳамаи самтҳои фаъолиятамон тақозо менамояд.

Дар шароити ноорому пуртазоди ҷаҳони муосир мо бояд насли ҷавонро аз оқибатҳои манфии равандҳои ҷаҳонӣ эмин дорем, онҳоро бо дастовардҳои навини илм ва технологияҳои замонавӣ шинос кунем, барои таъмини зиндагии шоистаи мардум талош намоем, анъанаҳои миллиамонро рушди тоза бахшем ва ҳамеша кӯшиш кунем, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи сазовор дошта бошем.

Таъсири раванду воқеаҳои минтақа ва ҷаҳон бевосита ё ғайримустақим ба гурӯҳҳои сиёсии мамлакат ва баъзе шахсиятҳои кӯтоҳандеш мерасад.

Ман ҳодисаҳои аввали моҳи сентябри соли ҷориро дар назар дорам, ки чанд нафар аз соҳибмансабони низомӣ бо ҳизби тамоюли динидоштаи мамлакат забон як карда, мехостанд, ки бо зӯри силоҳ авзои кишварро ноором сохта, ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шаванд.

Онҳо умед доштанд, ки дар байни ҷомеа тарафдор пайдо мекунанд.

Вале чунонки шоҳид будем, мардум, баръакс, бо сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкорӣ намуда, нагузоштанд, ки вазъи сиёсиву иҷтимоӣ ноором гардад.

Зеро мардуми Тоҷикистон як маротиба оқибатҳои ҷанги ҳамватаниро аз сар гузаронида, харобиҳо ва қурбониҳои бешуморро фаромӯш накардаанд. Бинобар ин, намегузоранд, ки даҳшату фоҷиаҳо дубора такрор шаванд.

Мардуми кишвар, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва умуман аҳли ҷомеа гунаҳгорони воқеаҳои нангинро маҳкум намуданд.

Ҳоло мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ин ҳодисаҳоро баррасӣ карда, сабабҳои аслии онро эълон мекунанд.

Аллакай ташаббускорони бенизомиҳо фош карда шуданд, ки яке аз онҳо ҳизби террористиву экстремистии наҳзати исломи Тоҷикистон мебошад.

Бесабаб нест, дар заминаи бурҳону далелҳои мушаххас мақомоти судии кишвар фаъолияти онро қатъ намуд.

Дар тамоми кишварҳои мутамаддин ва демократӣ муборизаҳои сиёсӣ ба таври осоишта, яъне бо роҳи парламентӣ анҷом дода мешаванд.

Ҳизби сиёсӣ бо кору амали шоистаи худ тарафдор пайдо мекунад, барнома месозад, вакилонашро пешбарӣ мекунад ва бо гирифтани раъйи мардум ва ишғоли курсиҳои муносиб дар парламент барои татбиқи ҳадафҳояш талош меварзад.

Ягон давлату Ҳукумат роҳ намедиҳад, ки гурӯҳе ё ҳизбу ҳаракате бо роҳи зӯрӣ ва силоҳ дар кишвар бесуботӣ ва нооромӣ ба вуҷуд орад.

Ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ бояд танҳо аз тариқи таҳияи барномаи мушаххас, нуфуз пайдо кардан дар байни мардум ва овози зарурии интихобкунандаҳоро ба даст овардан барномаҳояшонро амалӣ гардонанд.

Дар ин амр нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон басо арзишманд мебошад. Барномаҳои он танҳо барои пешрафту тараққиёти мамлакат, беҳдошти зиндагии мардум ва таҳкими сулҳу субот нигаронида шудаанд.

Ин рисолатро мо бояд пайваста тақвият бахшем ва ҷидду ҷаҳд намоем, ки ҳизби воқеан ҳам мардумӣ бошем.


Ҳизби мо дар давоми беш аз бист соли фаъолияташ аз имтиҳонҳои зиёде гузашта, обрӯ ва манзалаташро дар миёни табақаҳои мухталифи ҷомеа таҳким бахшид.

Ҳамин аст, ки дар маъракаҳои сиёсӣ пешсаф буда, дар сабқатҳои интихоботӣ пайваста ба пирӯзӣ мерасад.

Ташкилотҳои ҳизби мо пайваста дар ҷараёни ҳалли проблемаҳои мардум мебошанд.

Одамон бо эътимоду боварӣ ҷиҳати баррасии масъалаҳои рӯзмарра ба қабулгоҳҳои ҷамъиятии ҳизб муроҷиат мекунанд.

Ягон дархост ва арзу пешниҳоди онҳо бенатиҷа ва беэътибор намемонад. Ҳамин аст, ки онҳо ба ҳизби мо аъзо мешаванд ва тақдирашонро бо ин ниҳоди сиёсӣ мепайванданд.

Бинобар ин, ҳизби моро ҳизби мардумӣ ва хизматгори халқ мегӯянд.

Бо дарназардошти ин, ҳар яки мо, пеш аз ҳама, роҳбарони кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявиро зарур аст, ки барои нигоҳ доштани эътимоди мардум ва ҳалли мушкилоту масъалаҳои онҳо боз ҳам кӯшиш кунанд.

Ҳозирини гиромӣ!
Бояд тазаккур дод, ки мафҳуми демократия ва бунёди давлати демократӣ барои мо вожаҳои нисбатан нав мебошанд.

Ман борҳо таъкид намудаам, ки мо набояд қолаби демократияи кишварҳои пешрафтаро айнан нусхабардорӣ кунем, балки кӯшиш кунем, то дар Тоҷикистон демократияе созем, ки дар пояи арзишу унсурҳои миллӣ ва фарҳанги сиёсии худамон устувор гашта бошад.

Танҳо дар ҳамин сурат мо ба ҷонибдории оммаи васеи мардум, пешрафту ободии Ватанамон ва зиндагии шоистаи сокинони кишварамон ноил мегардем.

Моро лозим аст, ки ҳамеша бо мардум бошем, бо табақаҳои мухталифи ҷомеа суҳбату мулоқотҳо анҷом диҳем ва барои ҳалли саривақтии мушкилоти онҳо кӯмак расонем. Ин яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳизби сиёсӣ маҳсуб меёбад.

Тавре ки мушоҳида мешавад, баъди Анҷумани охирини ҳизб дар фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ як ҷунбиши тоза, вусъати корҳо, масъулиятшиносӣ ва ташаббускорӣ ба амал омада истодааст.

Созмонҳои ҳизбӣ дар шаҳру ноҳияҳо талош мекунанд, ки ҳамқадами ҳаёт бошанд, дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ ва ҳукуматӣ иштироки фаъолона дошта бошанд ва пешсафи ҷомеа буданашонро бо кори амалӣ нишон диҳанд.

Ин дуруст аст, зеро ҳизби пешқадами ҷомеа ҳақ надорад, ки фаъолияти худро заррае суст кунад, чунки мардум ба ташкилоти сиёсии дар ҷомеа эътирофшуда бовар мекунанд ва умед доранд, ки ниёзмандиҳои онҳоро амалӣ месозад.

Аз ин рӯ, таъкид менамоям, ки ташкилотҳои ҳизбӣ дар шароити кунунӣ доимо фаъолияти густурда дошта бошанд ва нагузоранд, ки фазои сиёсии солимро ҷараёну ҳаракатҳои ғайриқонунӣ олуда созанд ва нуфузашонро афзоиш диҳанд.

Дастуру супоришҳои ҳизбӣ бояд маҳз аз Кумитаи иҷроияи марказӣ ва роҳбарияти ҳизб ба ташкилотҳои поёнӣ ирсол гарданд.

Ҷараёни иҷрои онҳо ва гузоришҳо низ бояд сари вақт пурсида ва талаб карда шаванд.

Дар акси ҳол фаъолияти ҳизбиву сиёсии ташкилотҳоямон натиҷаҳои назаррас намедиҳанд.

Таҷрибаи сафарҳои кории кормандони дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб ба шаҳру навоҳӣ қобили дастгирӣ мебошад.

Дар ин раванд лозим аст, ки сафарҳои омӯзишӣ ба низоми муайян ва доимоамалкунанда табдил ёфта, ба таҳкими шаклу усулҳои пешқадами корбарӣ нигаронида шавад.


Тавре зикр намудам, мо бояд фаъолияти худро вобаста ба таҳаввулоти ҷомеа бозсозӣ кунем ва тақвият бахшем. Навсозӣ бояд тамоми самтҳои фаъолияти ҳизбиро фаро гирад.

Ин ҷо сухан, пеш аз ҳама, дар бораи интихоби кадрҳои болаёқат, фаъолияти шаффоф, истифодаи технологияҳои муосири сиёсӣ, баҳсҳои озод ҳангоми пешниҳоди ғояҳои созанда ва ҳамкории мутақобилан судманд бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ меравад.

Роҳбарони сохторҳои ҳизбӣ бояд дар маҳалҳо на аз рӯи принсипи ихтисор шудан аз вазифаҳои дигари давлатӣ ё ба таври муваққатӣ, яъне то таъин шудан ба вазифаи дигар пешниҳод шаванд, балки аз рӯи истеъдод, лаёқату кордонӣ ва маҳорату малака интихоб гарданд.

Ҳизб бояд барои кадрҳои ҷавон ва болаёқат ба сифати такягоҳи боэътимод хизмат расонад, онҳоро ҳарчи бештар ба корҳои муҳимми давлатӣ ё ҷамъиятӣ ҷалб созад.

Аз ин рӯ, супориш медиҳам, ки мактаби захираи кадрҳои ҳизбӣ таҳти таваҷҷуҳи мақомоти давлатӣ қарор гирифта, ҳангоми пешбарӣ ба вазифаҳои роҳбарикунандаи сатҳҳои гуногун мавриди истифода қарор дода шавад.

Дар баробари ин, таъкид кардан бамаврид аст, ки мо нисбат ба собиқадорони ҳизб ҳам бетафовут набошем.

Таҷрибаи онҳоро ҳамаҷониба истифода карда, дар синни нафақа ба онҳо ғамхорӣ зоҳир кунем.

Собиқадорон бояд дар ташкилотҳои ҷамъиятӣ муттаҳид карда шаванд ва дар мактаби маҳорату истеъдодашон кадрҳои ҷавон тарбия гиранд.

Бо ин мақсад мо ҳанӯз моҳи апрели соли 2013 бо қарори Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказӣ Шӯрои собиқадорони ҳизбро таъсис дода будем.

Аммо кор дар ин самт ҳоло ҳам мувофиқи матлаб ба роҳ монда нашудааст.

Лозим аст, ки фаъолияти Шӯро ҷоннок гардонида шуда, таҷрибаи ғании собиқадорон дар самти тақвияти арзишҳои ватандорӣ, худшиносӣ, эҳтироми суннатҳои миллии мардум ва таблиғу ташвиқи дастовардҳои мамлакат ба манфиати миллат ва ҷомеаи кишвар мавриди истифода қарор дода шавад.

Яке аз самтҳои афзалиятноки барномаи пешазинтихоботии ҳизб кор бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва диаспораҳои мо берун аз кишвар мебошад.

Чунончи, танҳо соли равон кормандони ҳизбӣ ду маротиба ба шаҳру вилоятҳои Федератсияи Россия ба назди муҳоҷирон рафта, бо мақомоти гуногуни кишвари Россия мулоқотҳо доир намуданд, ки ба беҳбудии вазъи муҳоҷирон нигаронида шудааст.

Ҳизбиёни мо барои пешрафти фаъолият дар самти кор бо муҳоҷирон пешниҳодҳои воқеан ҳам ҷолибро манзур карданд.

Ман барои баррасӣ ва ҳалли онҳо ба вазорату идораҳои дахлдор дастур додам. Моро лозим аст, ки ин анъанаро доимӣ намоем.

Чизи дигаре, ки дар ин раванд ба вуҷуд омад, ин буҳрони иқтисодӣ ва таҳрими иқтисодии кишварҳои ғарбӣ болои Россия мебошад, ки аз ин муҳоҷирони кории тоҷик низ зиён дида истодаанд.

Дар ниҳояти кор ин вазъият ба зиндагии мардум дар Тоҷикистон низ беасар намемонад.

Ҳоло идораҳои марбута ҷиҳати беҳдошти авзоъ дар ин самт кор бурда истодаанд.

Дар ин росто, ба сохторҳои марбутаи ҳизбӣ супориш дода мешавад, ки иқдоми муҳимми ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои тоҷикони муқими Россия ва ҷалби муҳоҷирони кориро ба фаъолияти ҳизб ва иҷрои нақшаву ҳадафҳои созандаи он тақвият дода, ба он муваффақ шаванд, ки сафи аъзои ҳизб аз ҳисоби онҳо минбаъд низ афзоиш ёбад.

Дар баробари ин, ташкилотҳои ҳизбии мо, аз ҷумла роҳбарони сатҳи вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ муҳимтарин барномаи пешазинтихоботиамон, яъне ташкили ҷойҳои нави корӣ ва бо шуғл фаро гирифтани шумораи ҳарчи бештари аҳолии мамлакатро ҳеҷ гоҳ набояд аз мадди назар дур кунанд ва бо ин мақсад аз ҳамаи захираву имкониятҳо истифода баранд.


Ҳозирини муҳтарам!
Таваҷҷуҳ ба занону ҷавонон ва тарбияву сафарбар кардани онҳо ба корҳои давлативу ҷамъиятӣ яке аз самтҳои афзалиятноки кори ҳизбӣ мебошад.

Зеро ҳизб мактаби ташаккули сиёсии шахс буда, кадрҳои ҷавони дар он тарбияёфта мавқеи мустаҳками сиёсӣ пайдо мекунанд.

Хушбахтона, дар парламенти ҳозира сафи бонувону ҷавонон зиёд гардидааст.

Қобили зикр аст, ки танҳо шумораи занон дар Маҷлиси намояндагон ба 12 нафар мерасад.

Аммо, мутаассифона, шумораи бонувон дар маҷлисҳои маҳаллӣ хеле кам аст.

Бинобар ин, ташкилотҳои ҳизбиро лозим аст, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба масъалаи пешбарӣ ва тарбияи кадрҳо аз ҳисоби занон ва ҷавонон эътибори ҷиддӣ диҳанд.

Вақте ки занону ҷавонон ба мақомоти маҳаллии намояндагӣ пешбарӣ шуда, фаъолият мебаранд, онҳо дар айни замон сабақу таҷриба мегиранд ва дар оянда барои иҷрои масъулият дар мақомоти болоӣ омода мешаванд.

Вобаста ба ин, дар шароити имрӯза моро лозим аст, ки ба масъалаи кор бо ҷавонон низ аҳаммияти аввалиндараҷа зоҳир намоем.

Зеро ҳама гуна зуҳуроти номатлуб метавонад таъсири худро аввал ба мафкураи қишри ҷавони ҷомеа расонида, тафаккури онҳоро тағйир диҳад, ки ин ҳолат ба ҷомеаи мо хатари ҷиддиро ба вуҷуд меорад.

Аз ҷониби дигар, ҷавонони кишвари мо қисми зиёди аҳолии мамлакатро ташкил дода, қувваи пешбарандаи ҷомеа ва идомадиҳандаи анъанаҳои неки гузаштагону имрӯзиён мебошанд.

Онҳо қисми нисбатан осебпазири ҷомеаи мо буда, ба раҳнамоӣ ва дастгирии ҳамаҷониба ниёз доранд.

Барои ҳизби мо муҳим аст, ки имрӯз роҳҳои нави корбариро бо ҷавонон пайдо намояд.

Ин ҷо манзури мо ҳам истифода аз усули муносибати оддӣ, мулоқот, тамоси рӯ ба рӯ бо ҷавонон ва ҳам истифодаи воситаҳои муосири коммуникатсия, яъне интернет аст.

Шабакаҳои иҷтимоӣ ва пойгоҳҳои хабарии электронӣ бояд ба майдони фаъолияти ҳизбӣ табдил дода шаванд.

Имрӯз аксарияти ҷавонон соатҳои фориғи худро дар шабакаҳои интернет мегузаронанд ва мо мехоҳем ё не, сафи онҳо ногузир афзоиш меёбад.

Дар ин замина хеле муҳим аст, ки мо дар шабакаҳои интернетӣ чорабиниҳои кушоди иттилоотӣ ва вобаста ба ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ конфронсҳо доир намоем.

Ин иқдом, бешубҳа, ба оммавӣ ва шинохта шудани ҳизб дар байни ҷавонон замина мегузорад.

Аз ин лиҳоз, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои милливу фарҳангӣ ва дӯст доштани меҳан тарбия намудани ҷавонон вазифаи аввалиндараҷаи ҳизб, бахусус Ташкилоти ҷавонони он «Созандагони Ватан» мебошад.

Аммо дар низоми сохториву ташкилӣ ва фароҳам овардани базаи моддиву техникии он то ба имрӯз камбудиҳои зиёд ба назар мерасанд.

Аз ин лиҳоз, ба Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб, Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш медиҳам, ки доир ба бартараф намудани проблемаҳои ҷойдошта ва татбиқи роҳу механизмҳои самараноки фаъолияти ташкилоти ҷавонони ҳизб чораҳои муассир андешанд.

Ҳозирини гиромӣ!
Пешбурди корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ ва ба низом даровардани корҳои дохилиҳизбӣ дар раванди корҳои ҳизбӣ омили муҳим ба ҳисоб меравад.

Истифодаи дурусту самараноки механизмҳои муосири таблиғотӣ метавонад мавқеи ҳизбро дар ҷомеа боз ҳам таҳким бахшад.

Аммо тибқи гузоришҳои гурӯҳҳои корӣ баъди интихоботи гузашта дар фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ як навъ фориғболӣ ба мушоҳида мерасад.

Дар баъзе ташкилотҳои ҳизбӣ тарзу услуби муосири кориро намеомӯзанд, гурӯҳҳои таблиғотиву ташвиқотӣ ба ном вуҷуд доранд.

Гузашта аз ин, дар ҳайати онҳо таблиғотчиёни бомаҳорат, сухандон ва донишманд кам ба мушоҳида мерасанд.

Вобаста ба ин ҳолат, ба ҳамаи ташкилотҳои вилоятию шаҳрӣ ва ноҳиявии ҳизб дастур дода мешавад, ки ҳайати гурӯҳҳои таблиғотӣ ва мобилиро такмил дода, фаъолияти онҳоро доимоамалкунанда гардонанд.

Дар такмили корҳои дохилиҳизбӣ коргузорӣ ва низоми таҳияи санадҳо аз ҷумлаи талаботи аввалиндараҷа маҳсуб меёбад.

Аммо таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ин кор ҳанӯз ҷавобгӯи талабот нест.

Дар фаъолияти таблиғотӣ ва коргузории ҳизбӣ истифодаи усулҳои замонавии корбарӣ хеле кам ба мушоҳида мерасад.

Бо ахбори таъҷилии сиёсиву ҳизбӣ фаро гирифтани аъзо ва алоқамандони ҳизб дигар мавзӯи муҳимми таблиғоти ҳизбӣ мебошад.

Барои ин мо нашрияҳо ва сомонаҳои ҳизбӣ дорем, ки онҳо пайваста ба дастгирии масъулин ва аъзои ҳизб эҳтиёҷ доранд.

Пӯшида нест, ки фазои иттилоотӣ саҳнаи муҳимми муборизаи сиёсӣ мебошад.

Дар замони ҳозира ахбору иттилооти мухталиф ба афкори мардум таъсири ҷиддӣ мерасонад. Ба назар гирифтан лозим аст, ки ҳоло шумораи расонаҳои мустақил ва хусусӣ нисбат ба васоити ахбори оммаи расмиву давлатӣ хеле зиёд аст. Ба замми ин, садҳо васоити ахбори электронӣ, шабакаҳои радио ва телевизионҳо дар ихтиёри шаҳрвандон қарор доранд.

Худи одамон интихоб мекунанд, ки чиро бинанду хонанду шунаванд. Табиист, ки дар чунин ҳолат мазмуну муҳтавои нашрияҳо мақоми муҳим касб мекунад.

Чунин ҳолат боиси он мегардад, ки дар чунин воситаҳои ахбор мақола ё маводе низ ба нашр мерасанд, ки аз воқеият дур мебошанд.

Аз ин лиҳоз, ташкилотҳои ҳизбиро лозим аст, ки ба интиқоду матолиби муғризонаи мухолифони сиёсӣ, ки дар расонаҳои мустақилу расонаҳои хабарии хориҷӣ ва сомонаҳои интернетӣ ба нашр мерасанд, вокуниши саривақтӣ нишон дода, мардумро аз асли воқеаву рӯйдодҳо бохабар созанд ва ҷиҳати иҷрои ин ҳадаф соатҳои ахбори сиёсӣ гузаронанд.

Моро лозим аст, ки корҳои сиёсиву ҳизбиамонро дар ҳамин замина роҳандозӣ намоем ва мардумро ба моҳияти аслии онҳо ошно кунем, ба онҳо фаҳмонем, ки барои кишвари мо дар шароити ҳозира танҳо оромӣ ва сулҳу субот лозим аст.

Бояд барои таҳкими ваҳдати миллӣ ҳарчи бештар ҷидду ҷаҳд кунем ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.


Мехоҳам махсус таъкид намоям, ки бо вуҷуди дастуру супоришҳое, ки аз ҷониби роҳбарияти ҳизб ва Дастгоҳи марказии он доир ба омӯзиши рӯйдодҳои иҷтимоиву сиёсӣ ва ба онҳо баҳои саривақтӣ ва воқеӣ додан ба ташкилотҳои поёнӣ мерасанд, онҳо ба ин масъалаҳо беэътиноӣ зоҳир мекунанд.

Ташкилотҳои ибтидоӣ чун сохторҳои ҳукуматӣ дар доираи гузаронидани чорабиниҳо ба истиқболи ҷашну маъракаҳо маҳдуд мешаванд.

Ҳол он ки фаъолияти таблиғотии ташкилотҳои ҳизбӣ бояд фаротар аз кори ниҳодҳои ҳукуматӣ бошад.

Ташкилотҳои ҳизбӣ дар мавриди коргузорӣ ҳоло ҳам ба камбудиҳо роҳ медиҳанд.

Дар замоне, ки тамоми муассисаҳои пешрафта фаъолияташонро аз тариқи технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳандозӣ намудаанд, баъзе комиҷроияҳои ҳизбии мо почтаи оддии электронӣ надоранд.

Самти дигари фаъолияти ҳизбро сабту қайди дақиқи аъзо ва шаффофияти ҳисоботи оморӣ ташкил медиҳад.

Бо ҳамин мақсад соли чорум аст, ки мувофиқи қарори Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказӣ аз 18 сентябри соли 2014 дар Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ Барномаи “Махзани ягонаи электронии аъзои ҲХДТ” амалӣ шуда истодааст.

Аммо бинобар фориғболии бархе аз кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ дар самти ворид намудани маълумотномаи аъзои ҳизб то ҳол фаъолияти барномаи мазкур пурра роҳандозӣ нашудааст.

Бинобар ин, Дастгоҳи марказии ҳизб иҷрои ин супоришро бояд таҳти назорати ҷиддӣ қарор диҳад.

Имрӯзҳо ба узвияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайвастани шаҳрвандони мамлакат зиёд ба мушоҳида мерасад, ки ин, албатта, падидаи фараҳбахш аст.

Ҳизби мо имрӯз дар 4187 ташкилоти ибтидоӣ зиёда аз 281 ҳазор нафар аъзоро муттаҳид намудааст. Танҳо дар муддати даҳ моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 28 ҳазор нафар шаҳрвандон ба сафи ҳизб шомил шуданд, ки аз ин шумора 15 ҳазору 700 нафарашон занон ва 11 ҳазору 590 нафарашонро ҷавонон ташкил менамоянд.

Айни замон ҳазорҳо аризаи шаҳрвандон дар омӯзиши ташкилотҳои ҳизбӣ қарор доранд, ки хоҳиши узви ҳизби мо шуданро доранд.

Аммо моро мебояд, ки дар масъалаи қабули аъзои нав эҳтиёткор бошем ва дар ин самт бояд ба сифатҳои шахсии онҳо, яъне донишҳои сиёсиву маърифати онҳо ва садоқате, ки ба ғояҳои ҳизбӣ доранд, таваҷҷуҳ намоем.

Дар ин раванд, ҳамчунин зарур аст, ки ба масъалаи ватандӯстиву поктинатии аъзои ҳизб, аз ҷумла муборизаи беамон бар зидди кирдорҳои коррупсионӣ эътибори ҷиддӣ ва доимӣ диҳем.

Ҳозирини арҷманд!
Соли оянда мо 25-солагии истиқлолияти кишвари худро ҷашн мегирем.

Дар ин росто, қабл аз ҳама, дарк бояд кард, ки истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири даҳ асри охир мебошад.

Тоҷикистон маҳз ба шарофати истиқлолият ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон чун кишвари дорои низоми давлатдории муосир арзи ҳастӣ намуд.

Роҳи таърихие, ки мо дар даврони истиқлол тай кардем, шоҳроҳи ҳамвор набуд ва тамоми мардуми Тоҷикистон хуб огоҳанд, ки то расидан ба дастовардҳои имрӯза мо чӣ қадар маҳрумияту монеаҳои вазнин ва мушкилоти сахту сангинро паси сар кардем.

Фаромӯш набояд кард, ки фазои басо мураккаб, печида ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, вазъи геосиёсии сайёра ва минтақаи Осиёи Марказӣ, афзудани таҳдиду хатарҳои терроризми байналхалқӣ, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ба ҳар яки мо ҳушдор медиҳад, ки истиқлолияти миллӣ, манфиатҳои халқ ва давлати Тоҷикистон метавонанд дучори хатару таҳдидҳои ҷиддии хориҷӣ ва дохилӣ гарданд.

Аз ин рӯ, Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳоро лозим аст, ки бахшида ба 25-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии ҷиддӣ гирифта, чорабиниҳоеро роҳандозӣ намоянд, ки ба таҳкими истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва густариши худшиносиву ватандӯстии шаҳрвандони мамлакат мусоидат намоянд.

Дар фарҷоми сухан бо эътимод иброз медорам, ки тамоми аъзои ҳизб барои амалӣ шудани вазифаҳои стратегии давлат, мукаммал гардидани низоми қонунгузорӣ, густариши минбаъдаи ғояҳои ватандӯстӣ ва худшиносиву ваҳдати миллӣ саҳми арзишманди худро мегузоранд.

Саломату сарбаланд бошед!
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: