Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » БИЁ, ЭЙ ҲАМВАТАН, ТО ҶОНФИДОИ ИН ВАТАН БОШЕМ! Имрӯз дар пойтахт маросими «Даъватшаванда» баргузор гардид

БИЁ, ЭЙ ҲАМВАТАН, ТО ҶОНФИДОИ ИН ВАТАН БОШЕМ! Имрӯз дар пойтахт маросими «Даъватшаванда» баргузор гардид

2-04-2018, 15:25
Хабарро хонданд: 227 нафар
Назарҳо: 0
 БИЁ, ЭЙ ҲАМВАТАН, ТО ҶОНФИДОИ ИН ВАТАН БОШЕМ! Имрӯз дар пойтахт маросими «Даъватшаванда» баргузор гардид
Апрель 2, 2018 15:01

ДУШАНБЕ, 02.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими «Даъватшаванда»- даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ баргузор гардид, ки дар он ҳудуди 200 нафар ҷавонони чор ноҳияи шаҳри Душанбе – ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсӣ, масъулини сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, кормандони масъули Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ва волидайни даъватшудагон ширкат доштанд.

Дар маросими «Даъватшаванда» муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва сардори Раёсат оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳваршо Донаёрзода ҷавонони даъватшаванда ба сафи Артиши миллиро табрик намуда, ба онҳо роҳи сафед ва хизмати содиқона дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таманно карданд.

Зикр шуд, ки маросими «Даъватшаванда» бо мақсади татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 12 марти соли 2018 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1991-2000 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» ва Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ «Дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1991-2000 ба хизмати ҳарбӣ» гузаронида мешавад.

Таъкид гардид, ки хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҳар ҷавони бонангу номус шараф ва ҳифзи марзу буми кишвар вазифаи муқаддаси ҳар як ҷавони бонангу ор мебошад. Зикр шуд, ки дар зарфи солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз бо саъю талошҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии мамлакат пуриқтидор гардида, барои хизмат ба ҷавонон дар сафи Артиши миллӣ тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Дар ин росто ҷавононро мебояд ба Ватан ва ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодиамон содиқона хизмат намуда, онро бо ҳушёрию далерӣ ва мардонагӣ чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.

Ба маросими имрӯзаи «Даъватшаванда» барномаи ҳунарӣ шукӯҳи тоза зам намуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: