Дар Хатлон сафи ихтиёриён барои хизмат дар Артиши миллӣ меафзояд7-10-2016, 09:29
Хабарро хонданд: 312 нафар
Назарҳо: 0
Қурғонтеппа, 06.10.2016. /АМИТ Ховар/. Дар вилояти Хатлон маъракаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон идома дорад. Имрӯз зимни маросими гусели ҷавонон, ки дар шаҳри Қурғонтеппа доир шуд, муовини раиси вилояти Хатлон Раҷабалӣ Раҷабов зикр кард, ки «солҳои охир сафи ҷавононе, ки ихтиёран ба сафи Артиш мераванд, зиёд шудааст». Дар маросими гусел наваскарон ва хизматчиёни ҳарбии қисмҳои низомии мустақар дар Хатлон омодагии худро барои ҳифзи марзу буми ватан изҳор намуданд. Раҷабалӣ Раҷабов бо кори комиссияи даъватии вилоят шинос гардид. Дар доираи маросими гусел инчунин мусобиқаҳои варзишӣ ва барномаи консертӣ баргузор гардиданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.