Даъвати баҳорӣ оғоз гардид8-04-2016, 13:00
Хабарро хонданд: 692 нафар
Назарҳо: 0
Куҳистони Мастчоҳ ва Истиқлол нақшаи даъватро пурра иҷро карданд Дар асоси фармони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1989-1998 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ», аз 1-уми апрели соли 2016 дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз гардид. Дар нахустин рӯзи ин маъракаи муҳими сиёсӣ аввалин шуда дар ҷумҳурӣ ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ ва баъдан Истиқлоли вилояти Суғд аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш доданд. Даъвати баҳорӣ оғоз гардид Рӯзи гузашта дар назди Қасри фарҳанги навтаъсиси ба номи М.Воҳидови ноҳия чорабинии гусели даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомат баргузор гардид, ки дар он роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, собиқадорони ҷангу меҳнат, иштирокчиёни барқароркунии сохти конститусионӣ, ҷанговарони интернасионалист, инчунин сокинони ноҳия, махсусан ҷавонону наврасон ширкат варзиданд. Даъватшавандагонро, ки ҳар яке бо хоҳиши худ ба хизмати Ватан-Модар омада буданд, раиси ноҳия Азимбой Азизӣ муборакбод намуда, қайд кард, ки хизмат ба Ватан қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавони бонангу номус ва ватанпараст мебошад ва ба ҳамагон дар иҷрои ин ӯҳдадорӣ комёбиҳо орзу намуд. Собиқадори меҳнат Машарипов Асадулло ҷавонони шуҷои диёрро дуои нек намуда, афзуд, ки моён пирону собиқадорон дар ҳаққи шумоён ҷавонон дуои нек менамоем, ки бо сари баланд аз хизмати аскарӣ баргардед. Модари наваскар Қосимова Сабоҳат зимни баромади хеш зикр намуд, ки имрӯз ҷавонон бо хоҳиши худ ба хизмати Ватан-Модар саф кашидаанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷавонони бору номуси ноҳияи мо низ ватандӯсту меҳанпарастии хешро бори дигар собит намуда истодаанд. Баъдан ба наваскарон бо дуои модарона роҳи сафед таманно намуд. Сипас баъди намоиши қисми фарҳангӣ, бо дуои пирону собиқадорон, тӯҳфаҳои хотиравӣ ва маросими ноншиканӣ 80 нафар ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ гусел карда шуданд.Мо ҳомиёни ин Ватанем Дар асоси нақша чорабинии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва бо мақсади муосидат дар муташаккилона доир гаштани маъракаи даъвати баҳорӣ соли 2016 Муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод Дониёров Парвизҷон 4-уми апрели соли 2016 дар маъракаи гуселонидани даъватшудагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд. Бояд қайд намуд, ки имрӯз аз ноҳияи Зафаробод 77 нафар даъватшудагон бо хоҳиши худ барои адо намудани вазифаи муқаддаси хеш дар назди Ватан ба хизмати ҳарбӣ фиристода шуданд. Дар маъракаи гусели наваскарон Раиси ноҳияи Зафаробод Зиёзода Сулаймон Ризоӣ иштирок ва суханрони намуда аз ҷумла изҳор дошт, ки хизмати Ватан қарзи конститутсионии ҳар як шаҳрванди боору номуси миллат аст. Дар фарҷоми чорабини сархатиби ноҳия Азизов Б ба наваскарон дуои хайр дода, барои хизмати содиқонаи модар Ватан ҳидоят намуд. Сипас барои наваскарон чорабинии фарҳангӣ ва дастархони идона аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод дар тарабхонаи «Баҳор» ороста шуд. Гусели ҳомиёни Ватан Дар майдони Исмоили Сомонии маркази ноҳияи Ҷаббор Расулов дар маросими тантанавӣ ҷавонони ноҳия барои адои хизмати ҳарбӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гусел карда шуданд. Дар чорабинии идонаи мазкур иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Салимзода Комил, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Рустам Очилов, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳия Умарзода Б., роҳбарони сохторҳои қудратии ноҳия, ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ, ташкилоту муассисаҳои ноҳия, собиқадорони ҷангу меҳнат, аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва инчунин падару модарони ҷавонони навдаъватшуда иштирок намуданд. 95 нафар ҷавонони ноҳия барои адо намудани хизмати Модар – Ватан дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикситон бо ҳисси ватандӯстии баланд дар чорабинии мазкур ҳозир шудаанд. Дар давоми чорабинӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Салимзода Комил ба сухан баромада, ҷавононро бо ин рӯзи муборак ва хизмати ҳарбии пурмасъулияти дар пеш истода табрик намуд. Баъд аз табрикоти раиси ноҳия падару модарони ҷавонони навдаъватгардида ба сухан баромада, табрикоти худро ба фарзандон, ҷавонон ва ба иштирокчиёни чорабинӣ баён намуданд. Дар охир аз ҷониби шахсони масъул ва кормандони шуъбаи фарҳанги ноҳия консерти идона ва намоишҳои варзишӣ бахшида ба чорабинии гусели ҷавонони ноҳия барои адои хизмати ҳарбӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш дода шуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.