Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Гусели наваскарон аз Деваштич

Гусели наваскарон аз Деваштич

5-10-2016, 10:04
Хабарро хонданд: 263 нафар
Назарҳо: 0
Гусели наваскарон аз Деваштич

Чун анъана, баҳри иҷроиши Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 2016, таҳти №751 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1989-1998 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» ба тасвиб расида, даъвати тирамоҳонаи ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ оғоз гардид. Дар майдони назди муҷассамаи «Сарбози Ватан» роҳбарони ташкилоту корхонаҳо, намояндагони Ҷамоатҳои шањраку дењот, сарбозони қисмҳои низомии дар ноҳия буда, хонандагони мактабҳо, падару модарон барои гусели даъватшавандагон ширкат варзиданд.
Имрӯз барои адои қарзи фарзандӣ зиёда аз 120 нафар ихтиёриён аз ҳамаи Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ба хизмати Модар-Ватан омода шуда, байни ҷавонон сафи ихтиёриён мувофиқи ноҳия сол ба сол зиёд гардида истодааст. Дар рӯзи аввали гусел натиҷаи фаъолияти якҷояи масъулини соҳа, кумитаи маҳаллаҳо ва фаъолони деҳаҳои ноҳия назаррас буда, аз Ҷамоатҳои деҳоти Яхтан 13 нафар, Муҷун 28 нафар, Ғазантарак 17 нафар, Ваҳдат 23 нафар, Исмоили Сомонӣ 12 нафар, Росровут 13 нафар, Далёни Боло 11 нафар ва шаҳраки Ғончӣ 4 нафар ҷавонони баору номус ва шуҷою далери ноҳияи Деваштич ихтиёран азми хизмати Ватан карданд.
Маросими гусел бо гузоштани гулчамбар дар пояи муҷассамаи «Сарбози Ватан» оғоз гардида, Раиси ноҳия Ҷӯразода Рустам ба сухан баромада, қайд намуд, ки давлат ва Ҳукумат дар доираи барномаҳои рушди Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва ҷиҳати ба мактаби воқеии омодасозии муҳофизони Ватан табдил додани ҷузъу томҳои низомӣ аз ҳамаи захираву имкониятҳо истифода бурда, дар марҳилаи имрӯзаи рушди давлатдории миллӣ, фазои орому осудаи Ватан ва таъмини амнияти давлат ва ҷомеа аз сатҳи масъулиятшиносӣ ва садоқати Шумоён ҷавонон, ки дар сафҳои Артиши миллӣ хизмат менамоед, вобаста мебошад. Ҳар яки Шумо ҷавонони сарбаланди ноҳияи Деваштич бо хизмати содиқонаи худ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд исбот намоед, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар ҳақиқат сипари боэътимоди давлат, ҳимоятгари асосии сокинони кишвар ва сулҳу Ваҳдат дар ҷомеа мебошад. Дар охир Раиси ноҳия Ҷ.Рустам ба ҷавонони баору номус сипосгузорӣ карда, барои наваскарон тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида, аз фаъолияти масъулин изҳори қаноатмандӣ намуд.
Аз номи волидони даъватшавандагон Саидамин Мизоев баромад намуда, аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории хешро баён карда, изњор дошт, ки барои тарбияи фарзандони ватандӯст мо падару модарон меҳру муҳаббат ва тамоми ҳастии худро равона месозем.
Ҳамин тариқ, 120 нафар ихтиёриёни навбати аввал аз майдони «Сарбози Ватан» бо рӯҳияи идона ва барномаҳои фарҳангӣ гусел карда шуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: