Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Солгарди “Ҷумҳурият”

Солгарди “Ҷумҳурият”

18-03-2018, 09:03
Хабарро хонданд: 258 нафар
Назарҳо: 0
Солгарди “Ҷумҳурият”
Нахуст шумораи “Ҷумҳурият” 15-уми марти соли 1925 бо номи “Иди тоҷик” дар Душанбе ба табъ расид. Воқеан ҳам барои ҷумҳурии тозатаъсиси Тоҷикистон ва миллати тоҷик рӯйдоди муҳими таърихӣ буд, зеро замонаи бераҳм рӯшанфикронамонро нишони тир мекард, китобҳои ниёконамонро дар оташи ҷаҳолат месӯхт ва доираи амали забони тоҷикиро маҳдуд месохт.
Мақсаду мароми рӯзнома аз шумораи дуввум, ки ба худ номи “Бедории тоҷик”-ро гирифт мушаххасу равшантар гашт. Тоҷик воқеан ҳам беш аз ҳама ба бедории сиёсӣ ва худшиносии миллӣ ниёз дошт ва рӯзномаи “Бедории тоҷик” бо дарки комили масъулият ин рисолати бузургро бар дӯш гирифт. Вобаста ба шароити давру сиёсати замон рӯзнома чанд бор тағйири ҳуруфу ном кард, вале ҳаргиз мавқею ҳадафи хешро тағйир надод. “Ҷумҳурият”, бо он ки борҳо дар вазъи хеле мураккаб афтодаву ба мушкилоти миёншикан мувоҷеҳ гаштааст, рисолати таърихии худ - дифоъ аз обрӯву манфиатҳои давлату миллати тоҷикро ҳамеша содиқона, сарбаландона ва муваффақона анҷом додааст, ин нуқта 15 марти соли ҷорӣ бахшида ба ҷашни 93-солагии рӯзномаи “Ҷумҳурият”, ки дар маҷлисгоҳи нашрия доир шуда буд, садо дод.
Қурбоналӣ Раҳмонзода, сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷумҳурият” аз ҷумла зикр кард, ки: “инъикоси саривақтӣ ва коршиносонаи ҳама рӯйдод, масъала, мушкил, тадбир, ки ба манфиати давлату миллат иртибот доранд, ҳамчунон аз вазифаҳои муҳимтарини “Ҷумҳурият” буд ва боқӣ хоҳад монд. Мо аз ҳар як иқдоми неку наҷиб, ки ба хотири миллату давлат бошад, ҷонибдорӣ мекунем ва аз онҳое, ки қарзи муқаддаси дифоъ аз ин манфиатро бар дӯш мегиранд, ҳамеша пуштибонӣ менамоем”.
Гуфта шуд, ки рӯзномаи “Ҷумҳурият” тӯли фаъолияти пурсамари худ дар тарғибу ташвиқи муҳимтарин масоили ҷомеа, бахусус фарҳангу адабиёт, густариши ҳисси ифтихори миллӣ, тарбияи маънавии мардум ва равнақи иқтисоди мамлакат нақши бориз гузоштааст ва ин рисолати хешро имрӯз низ пайгирона думболагир аст. Нақши “Ҷумҳурият” дар таблиғу татбиқи сиёсату ормонҳои давлати Тоҷикистон бағоят бузург аст. Мардуми кишвар маҳз ба василаи ин нашрия ба тозатарин воқеаҳои кишвар ва сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон ошно мегарданд.
Сипеҳри Ҳасанзода, нависанда навиштааст, ки: “нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҷумҳурият” дар чанд соли охири даврони Истиқлолият маҳбуби ҳама гардида, муштариёни бешумор пайдо кардааст. Вақте ки рӯзномаро рӯйи даст мегиред, баробари пуштибонӣ аз сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба матлабҳои сиёсӣ, иқтисодиву фарҳангӣ, ҳуқуқӣ, варзишӣ ва монанди ин дучор меоед. Забони мақолаҳо муъҷазу суфта ва хонданибобанд. Ҷузъитарин ҳаводиси олам аз назари рӯзноманигорон дур намонда, навгониҳои ватанию хориҷӣ, мушкилоти иқтисодӣ ва роҳҳои рафъи он боварбахш инъикос мешаванд. Тарҳи рӯзнома ва ҷобаҷогузории матлабҳо нав буда, мақолоти ҷолиби муаллифони соҳоти гуногун дар ҳаҷми худ, вале пурбор манзур мегардад. Афкори сусту бебунёд ва тиҳӣ аз маъно анқариб дар рӯнома ҷой намеёбад.
Бебаҳс рӯзномаро мактаби омӯзиш ва мубаллиғи арзишҳои волои миллӣ метавон унвон кард. Аз ин минбар афроди бедордил ва хизматнишондода ба нафъи халқу Меҳан садо баланд мекунанд. Онҳо барои якпорча мондани Тоҷикистони азиз, таҳкиму сулҳу ваҳдати миллӣ, сарсабзу хуррам нигоҳ доштани мулки аҷдодӣ ва бегазанд ба мерос гузоштани он ба пасовандонро таблиғгаранд”.
- Рӯзномаи “Ҷумҳурият”, ки дар мушкилтарин рӯзҳои ҳаёти Тоҷикистони навин арзи ҳастӣ кард ва чун чашму гӯши фарзанди баҳушу вафодори миллати тоҷик дар муборизаҳои шадиду оштинопазир барои ҳифзи ному нанг, таъриху адабиёти миллат, рушди иқтисодиёт, маърифатомӯзии мардум хизматҳои беназир кардааст, дар фаъолияти худ роҳи пуршебу фароз, лек пурифтихори як давлату миллатро таҷассум менамояд. Рӯзнома аз қадамҳои нахустин оғуши хеш ба рӯйи адибону олимони маъруф кушод. Дар саҳифаҳои он асарҳои устодон С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, М. Турсунзода, С. Улуғзода, М. Миршакар, Ҷ. Икромӣ, Лоиқ Шералӣ, Ф. Муҳаммадиев ва дигарон нашр шуда, ба баланд шудани маънавиёти мардум мусоидат кардаанд, балки бисёре аз адибон кормандони ин рӯзномаи муътабар ҳам буданд. Яъне, “Ҷумҳурият” ҳамеша барои рушди забони модариву адабиёт ва афкори бадеӣ майдон фароҳам меовард, ки аз ин аҳли адаб миннатдор мебошад, -афзудааст Меҳмон Бахтӣ, шоири шинохтаи тоҷик.
Камоли Абдураҳим мегӯяд: “Ҷумҳурият” таърихи зиндаи Тоҷикистон ва мардуми он мебошад. Ҳамаи китобҳои таърихӣ пеши таърихие, ки рӯзнома онро бозгӯӣ мекунад, ноқис ба назар мерасанд. Агар аз он китобҳо чанд санади муҳимро пайдо намоем, аз рӯзнома ҳама чизро дарёфт кардан мумкин аст. Дар саҳифаҳои он на танҳо муаррих, балки сардори давлат, арбоби сиёсиву ходими ҷамъиятӣ, адибу омӯзгор, муҳандису пизишк, ҳунармешаву варзишгар, коргари одиву деҳқони хокпош ва албатта, беш аз ҳама рӯноманигор баромад карда, муҳимтарин ва пурарзиштарин иттилоъро ба хонанда пешкаш менамоянд”.
Хотирасон мекунем, ки дар ҳамоиши идона намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, адибон, сармуҳаррирони якчанд рӯзномаю ҳафтаномаҳои кишвар, ҳайати эҷодӣ ва дӯстдорони рӯзномаи “Ҷумҳурият” иштирок ва суханронӣ карданд.

Ҳасан АЗИЗОВ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: