Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » «Ҳамин заминӣ будану хоксориаш аст, ки ба ҳар гӯшаву манотиқи кишвар, ки меравад, мардум бо сидқ, чеҳраи кушода хуш истиқболаш мекунанд» — шарҳи матбуот

«Ҳамин заминӣ будану хоксориаш аст, ки ба ҳар гӯшаву манотиқи кишвар, ки меравад, мардум бо сидқ, чеҳраи кушода хуш истиқболаш мекунанд» — шарҳи матбуот

7-10-2016, 10:14
Хабарро хонданд: 193 нафар
Назарҳо: 0
«Ҳамин заминӣ будану хоксориаш аст, ки ба ҳар гӯшаву манотиқи кишвар, ки меравад, мардум бо сидқ, чеҳраи кушода хуш истиқболаш мекунанд» — шарҳи матбуот

/АМИТ «Ховар»/.Шумораи навбатии «Ҷумҳурият» (03.10.2016, №196) сафари кории Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб инъикос карда, аз ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6 дар ноҳияи Муъминобод, шиносоӣ бо боғи интенсивии хоҷагии деҳқонии «Хоҷаи нур», ифтитоҳи қасри фарҳанг, варзишгоҳи марказӣ ва мулоқоти Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Муъминобод гузоришҳои муфассал чоп кардааст. Дар шумораи рӯзи сешанбеи «Ҷумҳурият» (04.10.2016,№197) ҷараёни сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоб инъикос шудааст. Ҳамчунин дар ин шумораи нашрия суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолон ва сокинони ноҳияи Восеъ дарҷ гардидааст.


«Таърих гувоҳ аст, ки агар забони миллӣ аз байн равад, миллат ҳам дер ё зуд тафаккури миллии худро аз даст дода, оқибат завол меёбад. Аз ин рӯ, вазифаи ҳар як фарди бонангу номус ҳифзу эҳтиром ва гиромӣ доштани забони давлатӣ аст» — бо ҳамин суханони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шумораи навбатии «Ҷумҳурият» (05.10.2016,№198) аз чоп баромадааст. «Президент» — сарлавҳаи сармақолаи шумораи мазкур мебошад, ки муаллифи он Абдулқодири Раҳим навиштааст: «Ҳамин заминиву хоксориаш аст, ки ба ҳар гӯшаву манотиқи кишвар, ки меравад, мардум бо сидқ, чеҳраи кушода хуш истиқболаш мекунад ва барояш дасти дуо бармедораду таманно менамояд, то Худо ҳамчунон тандуруст нигоҳаш бидораду барои умре ӯ, танҳо ӯ, Сарвару Раҳбару Раҳнамову Пешвояш бошад».


Нашрияи парлумонии «Садои мардум» (04.10.2016, № 125) аз баргузор гардидани ҷаласаи якуми Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва савганди садоқат ёд кардани вакилони Маҷлиси намояндагони кишвар хабару гузориши муфассал пешкаши хонандагон намудааст. Дар шумораи имрӯзаи нашрияи «Садои мардум» (06.10.2016, № 126) ҷараёни сафари кории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои Муъминободу Восеъ ва шаҳри Кӯлоб, вохӯрию суҳбатҳои Пешвои миллат бо сокинону фаъолони минтақаи Кӯлоб, ифтитоҳи як зумра иншооти маишӣ-хизматрасонӣ ва муассисаҳои тандурустиву соҳаи маориф дарҷ гардидаанд.
«Ҳамин заминӣ будану хоксориаш аст, ки ба ҳар гӯшаву манотиқи кишвар, ки меравад, мардум бо сидқ, чеҳраи кушода хуш истиқболаш мекунанд» — шарҳи матбуот


«Адабиёт ва санъат» – минбари эҷодкорони Тоҷикистон навиштаҳои «Сурма сангин накунад шӯхии чашми ӯро», «Адиб тимсоли одоб аст», «Шеър ва дониш», «Гавҳаршиноси вожаҳо», «Гузашти замон ва тақдири инсон», «Ҳикмате беҳтар аз афсона нест», ҳамчунин шеърҳо ва ҳикояу латифаҳоро пешкаши мухлисони худ кардааст.

Нашрияи марказии ҲХДТ «Минбари халқ» дар баробари чоп кардани хабару гузоришҳои пурра аз сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷамоати Сағирдашти ноҳияи Дарвоз ва шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби бостон, ҳамчунин мақолаи таҳлилии сармуҳаррири нашрия Бахтиёр Ҳамдамро бо сарлавҳаи «Кӣ оташ мезанаду кӣ ҳезум мекашад…» пешкаши хонандагон кардааст. Муаллифи мақола ҳодисаҳои солҳои охир дар кишварҳои минтақа рӯйдода, аз ҷумла ҷангҳои хунини дар Сурия ва Ироқ идомадоштаро мавриди таҳлилу хулосабарорӣ қарор додааст.

Ҳамчунин дар ин ҳафта ҳафтаномаҳои «Миллат», «Фараж», «Нигоҳ», «СССР», «Тоҷикистон», «Оила», «Чархи гардун» низ аз чоп баромада, пешкаши хонандагону мухлисони худ гардиданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: