Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » «Нақши ду сарвар ва дӯстии чил миллион нафар», «Тораҳои нури бовар» – шарҳи матбуот

«Нақши ду сарвар ва дӯстии чил миллион нафар», «Тораҳои нури бовар» – шарҳи матбуот

9-03-2018, 13:24
Хабарро хонданд: 297 нафар
Назарҳо: 0
«Нақши ду сарвар ва дӯстии чил миллион нафар», «Тораҳои нури бовар» – шарҳи матбуот
Март 9, 2018 10:52

ДУШАНБЕ 09.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияи расмии мамлакат «Ҷумҳурият» (05.02.2018,№48) мақолаи таҳлилии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзодаро дар мавриди дӯстии тоҷикон ва ӯзбекон таҳти сарлавҳаи «Равобити адабию фарҳангӣ – рукни муҳими таҳкими дӯстии тоҷикон ва ӯзбекон» чоп кардааст. Муаллиф навиштааст: «Тоҷикон бо таърих, фарҳанг ва адабиёти худ машҳур гардида, аз ҷумлаи халқҳои қадимтарин ба шумор мераванд. Онҳо бо осори шифоҳиву хаттӣ, ёдгориҳои бузурги таърихӣ ва катибаҳои нодири худ дар тамаддуни башарӣ саҳми бузург гузошта, бо ин роҳ шуҳрати бештар касб кардаанд. Решаҳои ин фарҳанги ғанӣ аз тамаддуни ориёӣ маншаъ гирифта, тайи ҳазорсолаҳо ташаккул ёфта, як қисми таркибии он бо шаклу шеваи хос то замони мо расидааст. Бунёди ин мероси гаронбаҳоро дӯстию рафоқат, хайрхоҳӣ, некию накӯкорӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ташкил медиҳанд». Дар идома А.Раҳмонзода оид ба таърихи дӯстии тоҷикон бо ҳамсоягони наздики худ, хусусан бо халқи бародари ӯзбек, дар мисоли ҳамкории адабию дӯстонаи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ бо Мир Алишер Навоӣ дар асри XV ва идомаи чунин равобит аз ҷониби устод Садриддин Айнӣ бо адибони ӯзбек Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, Абдулло Қодирӣ, Ғафур Ғулом дар садаи ХХ изҳори назар карда, зикр намудааст, ки солҳои баъдӣ ин муносибатҳои некро ходимони адабиву давлатӣ Мирзо Турсунзода ва Шароф Рашидов ба сатҳи олӣ бароварданд: «Дӯстиву ҳамкории Шароф Рашидов ва Мирзо Турсунзода намунаи барҷастаи дӯсти ду халқ маҳсуб ёфта, солҳои 60-70-уми қарни ХХ ба рафоқату бародарӣ табдил меёбад. Вохӯриву суҳбатҳои самимии онҳо дар атрофи илму адаб, шеъру шоирӣ, равобити адабиву фарҳангии ду халқи бародар, таъсирпазирии онон аз ҳамдигар ва дигар масъалаҳо на танҳо дар вазъи расмӣ, балки сари як пиёла чой дар хонаҳои якдигар низ дар Душанбеву Тошканд сурат мегирифтааст».

Нашрияи «Ҷумҳурият» (07.03.2018,№49) дар шумораи навбатӣ Табрикномаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бахшида ба Рӯзи Модар бо сарлавҳаи «Пешвои миллат: Модар рамзи ҷовидонаи меҳр аст» бознашр карда, оид ба зарурати таҳкими робитаҳои дӯстӣ миёни тоҷикон ва ӯзбекон мақолаи Тоҷибой Икромов, муовини раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистонро таҳти унвони «Саҳфаи навро боз мекунем» ва навиштаи Сулаймон Эрматовро «Дарахти дӯстӣ биншон…» пешкаши хонандагон кардааст.

Садои мардум» (08.03.2018,№30)- нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба зеботарин иди фасли баҳор – Рӯзи модар силсилаи мақолаҳоро, ки бо қалами занони Парлумони мамлакат эҷод шудаанд, чоп кардааст. Аз ҷумла, мақолаи раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ҳилолбӣ Қурбонзода бо сарлавҳаи «Нақши Парлумон дар баланд бардотани мақоми зан дар ҷомеа бориз аст», навиштаи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Насиба Содиқова бо сарлавҳаи «Зани хубу донандаву порсо» ва мусоҳибаи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Гулбаҳор Назирӣ таҳти унвони «Мораторий ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад» дар шумораи идонаи нашрия чоп шудаанд.

Муҳтавои нашрияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Омӯзгор» аз мақолаҳои зерин: «Нақши ду сарвар ва дӯстии чил миллион нафар», «Миллат дар ҷисм аст, фарҳанг ҷони ӯст», «Тоҷикистон дӯстонро интизор», «Пешвои миллат ва рушди ВАО», ки дар мавзӯъҳои муҳими рӯз навишта шудаанд ва хабару гузоришҳо, ки аз ҳаёти мактабу маорифи ҷумҳурӣ нақл мекунанд, иборат ёфтааст.

Нашрияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе «Мароми пойтахт» бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик, ки ҳамасола 11 март ҷашн гирифта мешавад, мақолаи устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳафиз Раҳмонро бо сарлавҳаи «Бар матлаби баланд ба сахтӣ тавон расид» чоп кардааст. Муаллиф бо овардани намунаҳо аз навиштаҳои Лев Толстой, Артур Шопенгауэр, Бедил, Филипп Грэм, Мирзо Сироҷи Ҳаким — муҳаррири рӯзномаи «Бухорои шариф» ва таҳлилу мулоҳизарониҳо таъкид кардааст, ки сухан бояд созанда бошад, на сӯзанда: «Муҳимтарин унсури озодии баён ҳамин аст, ки сухан офарандаву созанда бошад. Матбуот имрӯз садранга аст ва шарт нест, ки чунин рангорангӣ ба шуури хонанда талқин шавад…».

Минбари эҷодкорони Тоҷикистон «Адабиёт ва санъат» бо номи «Бародар бо бародар тавоност» оид ба таърихи робитаҳои адабии халқҳои тоҷику ӯзбек мақолаи илмӣ-оммавии олимон Муҳаммадюсуф Имомзода ва Муртазо Зайниддиновро чоп кардааст. Нашрия зери рубрикаи «Созандагӣ» шеърҳои Муъмин Қаноат «Панҷаи нур», Низом Қосим «Қасидаи Роғун», Муҳаммад Ғоиб «Маънои Роғун», Раҳмат Назрӣ «Лолаи оташ», Бозор Собир «Роғун», Гулназар Келдӣ «Таронаи Роғун», Нурмуҳаммад Ниёзӣ «Баҳори нозанин дил бохт Роғунро», очерки Бахтиёр Муртазо «Фотеҳи қалби Роғун» ва дигар навиштаҳои адибони мамлакатро дар бораи НБО «Роғун» чоп кардааст. Дар пешгуфтори рубрикаи «Созандагӣ» мақолаи Асаддуло Раҳмон бо сарлавҳаи «Тораҳои нури бовар» пешкаши хонандагон шудааст. Дар мақола омадааст: «Навиштаҳое, ки тавассути ин шумораи ҳафтаномаи адибони мамлакат — «Адабиёт ва санъат» манзури хонанда мегарданд, қатрае аз баҳри чакидаҳои хомаи шоиру нависандагонро дар бораи НБО-и Роғун ташкил медиҳанд. Дар ин замина сабку услубҳои гуногун мушоҳида мешаванд, бадеияту ҳанармандӣ низ яксон нест, вале ҷиҳати хоси ин ҳама асарҳо дарки амиқи моҳияти ин кохи бузурги нур, эҳсоси шарафу ифтихори шаҳрвандиву ватандорӣ ва самимияти бозгӯи онҳост, ки дар ҳар пора равшан ба назар мерасад… Солҳо мегузаранд, даҳсолаҳо мегузаранд, НБО-и Роғун манзилу дилҳо ва зиндагии мардуми моро гарму равшан мекунад, дар рӯдҳои пурнури кишвар неругоҳҳои нави барқафзо қомат меафрозанд, захираҳои азим ва азму талоши созандагии халқ бо ҳидоятҳои бузурги Пешвои миллат Тоҷикстонро беш аз ин ҳам мутараққиву шукуфонтар месозанд…».

А. САНГЗОДА,

АМИТ «Ховар»
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: