Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Тибби хусусӣ рушд меёбад

Тибби хусусӣ рушд меёбад

8-10-2015, 10:30
Хабарро хонданд: 507 нафар
Назарҳо: 0
Тибби хусусӣ рушд меёбадИмрӯз дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори таҷлили нахустин солгарди “Рӯзи соҳибкор” таҳти унвони “Саҳми соҳибкорони ватанӣ дар сармоягузории тибби хусусӣ ва фарматсевтӣ” мизи мудаввар бо иштироки соҳибкороне, ки дар ин самт кору фаъорлият доранд, сармоягузорони соҳаҳои тибби хусусӣ ва фарматсевтӣ ва намояндагони масъули Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар ибтидо муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лола Бобоҳоҷиева аз номи роҳбарияти вазорат соҳибкоронро бо таҷлили нахустин солгарди идашон табрик гуфта, ёдовар шуд, ки як сол пеш сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқот бо соҳибкорон қайд намуда буд, ки минбаъд таърихи 14 октябри ҳар сол “Рӯзи соҳибкор” ҷашн гирифта мешавад.
Давлатҷон Ҳабибов, сардори Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд, ки имрӯз зарурати саҳмгузории соҳибкорон дар аксари соҳаҳо ба миён омадаву дар пешрафти кулли соҳаҳои хоҷагии халқ саҳми онҳо назаррас аст.
Раиси Ассотсиятсияи фарматсевтони Тоҷикистон Раҳматулло Маҳмадов иброз дошт, ки ҷиҳати рушди истеҳсоли дорувории ватанӣ танҳо дар 5 соли охир аз ҷониби 9 ширкати ватанӣ ба маблағи зиёда аз 70 млн сомонӣ барои хариди таҷҳизот ва сохтмону таъмири биноҳо харҷ гардида, истеҳсоли зиёда аз 124 номгӯи маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ дар кишвар ба роҳ монда шудааст. Дар ин корхонаҳо зиёда аз 300 нафар мутахассисон бо ҷойҳои нави корӣ таъмин гардида, дар вақти корҳои мавсимӣ шумораи онҳо ба 1500 нафар мерасад.
Бино ба гуфтаи раиси Ассотсиатсияи тибби хусусии Тоҷикистон Абдушафеъ Ҳоҷиев имруз аз ҷониби Давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба тибби хусусӣ ва рушди он диққати хоса дода мешавад. Дар баробари ин мутахассисони дар ин самт фаъолиятдошта низ саҳми сазовори худро дар беҳдошти сиҳатии мардум ва расонидани хизмати босифати тиббӣ мегузоранд. Пайдо шудани муассисаҳои хусусии ташхисию табобатӣ, зиёд гашатни шумораи онҳо рақобати солимро ташкил дода, ҳар як муассиса мекушад сифати хизматрасониашро беҳтару хубтар ва ба стандартҳои ҷаҳони имрӯза мутобиқ гардонад.
© www.health.tj
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: