Нахустин Анҷумани байналмилалии офталмологҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон6-10-2015, 16:39
Хабарро хонданд: 420 нафар
Назарҳо: 0
![]() Мавриди зикр аст, ки бори аввал дар давраи 24 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди рушди офталмология мавриди муҳокимаи васеъ қарор гирифта шудааст. Чорабинии мазкур мавқеи мутахассисони соҳаи офталмологияи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ қавӣ мегардонад ва баҳри рушди минбаъдаи он фазои мусоид фароҳам меоварад. Дар чорабинӣ дастовардҳо ва мушкилотҳои соҳаи офталмология муҳокима гардида, чорабиниҳои минбаъда дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ накшабандӣ карда мешаванд. Дар анҷумани мазкур аз тамоми гӯшаву канори мамлакат мутахассисони соҳавӣ, менеҷерони муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ роҳбарони муассисаҳои табобатию пешгирӣ, муассисаҳои давлатии таълимӣ инчунин, меҳмонон берун аз марзи ҷумҳурӣ иштирок мекунанд. © www.health.tj |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.