«Кишвари бехато»- талқин ба рушди забон26-02-2018, 09:52
Хабарро хонданд: 335 нафар
Назарҳо: 0
Маъсулони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишаст бо хабарнигорон аз пешравӣ ва инкишофу таҳаввулот дар забони тоҷикӣ хабар дода, дар баробари он ҷой доштани камбудиҳоро низ дар ин самт тасдиқ карданд. Зикр гардид, ки барои боз ҳам хубтару босамартар ба роҳ мондани робита бо хонандагон ва корафтодагон, кумита сомонаи худро фаъол намудааст. Сомонаи ниҳоди мазкур (kumitaizabon.tj) бо забонҳои тоҷикӣ, рӯсӣ ва ангилисӣ ба ҷӯяндагон хидмат мерасонад. Муштариён имкон доранд, ки бо истифода аз забони динхоҳашон доир ба саволҳои худ посухи мушаххас гиранд. Инчунин, дар сомонаи кумита хизматрасонии онлайн барои номгузорӣ ба фарзанд ва номгузории ташкилоту муассисаҳо ба роҳ монда шудааст. Гузашта аз ин, барои боз ҳам беҳбуд бахшидан ва эҳтиром гузоштан ба забони давлатӣ дар сомонаи кумита саҳифаи нави «Кишвари бехато» кушода шудааст, ки ҳар як шаҳрванд минбаъд метавонад дар рушди забон саҳмгузор буда, барои тозаю ода нигоҳ доштани забони давлатӣ дигаронро низ лқин мекунад.
Гулҳаёи Мадимар |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.