Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Забон аз хастии миллат дарак медиҳад

Забон аз хастии миллат дарак медиҳад

11-10-2016, 10:46
Хабарро хонданд: 445 нафар
Назарҳо: 0
 Забон аз хастии миллат дарак медиҳад

Дар толори маҷлисгоҳи Раёсати АИ ҶТ бо иштироки намояндагони кишварҳои хориҷӣ-олимону донишмандони ҳавзаҳои форсизабон, давлатҳои муштаракулманофеъ, тоҷикзабонони Осиёи Марказӣ ва Аврупо инчунин намояндагони Ҳукумати кишвар, вазорату идораҳои давлатӣ ва намояндагони ВАО, таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами забон ва адабиёти форси- тоҷикӣ» баргузор гардид. Дар Конференсия Сафири фавқуллода ва мухтори ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон , Абдулғаффор Орзу, Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҳасан Қарибӣ ва олимону муҳақќиқони ватанӣ иштирок ва баромад намуданд. Маърӯзаи гуногуни илмӣ бахшида ба такоммул ва инкишофи забон ва адабиёти тоҷику форс аз ҷониби мутахассисони бахшҳои гуногуни забоншиносӣ ва адабиётшиносӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Мавзӯъҳои баррасишуда дар мавриди забон ва адабиёт, ба хусус, таърихи такомул ва инкишофи забони тоҷикӣ ва мақоми он дар муносибатҳои байналмилалӣ суханронӣ шуда баҳсҳои илмии олимони соҳа диққати иштирокдоронро ба худ ҷалб намуд. Зикр гардид, ки забон аз мавҷудияти як миллат ва ё давлате хабар медиҳад. Давлатҳои дунё кӯшиш бар он доранд, ки ҳар чӣ бештар гӯяндагони зиёдеро бо забони хеш вусъат диҳанд. Ин аст, ки соҳибзабонони даҳр барои мустаҳкам нигоҳ доштани забони хеш мубориза бурда онро ҳам дар шакли гуфтугӯӣ ва ҳам дар шакли китобӣ ба гӯяндагон ва соҳибфикрон дастрас менамоянд. Забони форсӣ-тоҷикӣ низ ба забонҳое дохил мешавад, ки дар тӯли таърих ба шиканҷа ва шикастҳои зиёде дучор шуд, вале тавонист мавқеи худро бо ин ҳама таҳдидҳо нигоҳ дорад.
Забон дар ҳама давру замонҳо яке аз сарчашмаҳои асосии Истиқлолияти миллӣ ва омили муҳими ташаккули миллат мебошад. Бинобар ин ҳанӯз 1100 пеш ба сулолаи Сомониён муяссар шуд, ки дар қаламрави Мовароуннаҳру Хуросон бори нахуст дар таърих давлати мутамарказ ва миллии тоҷиконро бунёд намояд. Гарчанде ки давлати Сомониён пас аз чанде таназзул карда бошад ҳам, вале баъди онҳо ҳам забони тоҷикӣ ҳамчун забони умури идорӣ гуфтугӯи байни мардум ҳукмрон буд. Ҳамин тавр забони тоҷикӣ баъд гирудориҳои зиёде то ба замони мо омада расид. Барои танзим ва истифодаи он ҳамчун забони давлатӣ ва муайян намудани вазъи ҳуқуқии он дар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал мекунад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори сиёсати давлатӣ дар бораи забон буда, 30-юми июни соли 2012 таҳти рақами 335 « Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2106»-ро тасдиқ намуд. Яке аз вазифаҳои асосии Барнома ин робита бо марказҳои илмии ҷаҳон дар масоили таърихи забони тоҷикӣ ва таҳкими робитаҳои илмӣ бо кишварҳои ҳамзабон мебошад.

Гулҳаёи Мадимар
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: