Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Арабистони Саудӣ барои бунёди инфрасохтори сайёҳӣ дар Тоҷикистон ва ҷалби васеи сайёҳони кишварҳои арабӣ омода

Арабистони Саудӣ барои бунёди инфрасохтори сайёҳӣ дар Тоҷикистон ва ҷалби васеи сайёҳони кишварҳои арабӣ омода

8-02-2018, 03:36
Хабарро хонданд: 318 нафар
Назарҳо: 0
Арабистони Саудӣ барои бунёди инфрасохтори сайёҳӣ дар Тоҷикистон ва ҷалби васеи сайёҳони кишварҳои арабӣ омода

ДУШАНБЕ, /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ, аз ҷумла, муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар кишварҳои арабӣ ва ҷалби сайёҳон, ҷалби сармояи сармоягузорони араб ба инфрасохтори сайёҳӣ, гузаронидани курсҳои бозомӯзии кормандони бахши сайёҳӣ дар мулоқоти раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода бо Менеҷери иҷроияи шабакаи курортҳои «Raghadan Tourist Resort» доктор Солеҳ Тавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Зимни мулоқот ба сармоягузори араб оид ба дастгирии давлатии бахши сайёҳӣ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли 2018, пешниҳоди имтиёзҳо барои дар панҷ соли аввали фаъолият аз андози даромад озод намудани ширкатҳои сайёҳӣ, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди иншооти инфрасохтори сайёҳӣ, 50% коҳиш ёфтани боҷи гумрукӣ барои воридоти мошинҳои нав, ҳамзамон фаъол будани низоми электронии дастрас намудани раводид ва дигар ҷанбаҳои ислоҳоти соҳаи сайёҳӣ маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.

Менеҷери иҷроияи шабакаи курортҳои «Raghadan Tourist Resort» доктор Солеҳ Тавидар бо намояндагӣ аз сармоягузорони Арабистони Саудӣ ва имтиёзҳои фароҳамовардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин зикр кард: «Сармоягузорони Арабистони Саудӣ барои бунёди инфрасохтори сайёҳӣ дар Тоҷикистон ва ҷалби васеи сайёҳони кишварҳои арабӣ омода ҳастанд».

Дар робита ба ин Нуъмон Абдуғаффорзода гуфт, ки «аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ лоиҳаҳои сармоягузории инфрасохтори сайёҳӣ ва хатсайрҳои гуногуни сайёҳӣ ба минтақаҳои сайёҳии ҷумҳурӣ дар самтҳои сайёҳии экологӣ, таърихию фарҳангӣ, табобатию солимгардонӣ ва кӯҳнавардию шикор ба ҷониби арабӣ пешниҳод карда мешаванд».
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: