Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Нақши Пешвои миллат дар рушди сайёҳии кишвар

Нақши Пешвои миллат дар рушди сайёҳии кишвар

23-11-2017, 09:00
Хабарро хонданд: 230 нафар
Назарҳо: 0
Нақши Пешвои миллат дар рушди сайёҳии кишвар
16 ноябри соли 2017 дар толори КВД “Кохи афсарон” бахшида ба рӯзи Президент мизи мудаввар таҳти унвони “Нақши Пешвои миллат дар рушди сайёҳӣ” баргузор гардид.
Дар ҳамоиш коршиносони соҳа, роҳбарони ширкатҳои сайёҳии ватанӣ, устодон ва донишҷуёни риштаи сайёҳии мактабҳои олии кишвар иштирок доштанд.
Ҷамъомадро раиси Кумита Нуъмон Абдуғаффорзода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба ин санаи таърихӣ табрик намуд. Ҳамзамон, дар рафти ҳамоиш аз ҷониби номзади илмҳои педагогӣ Фазлидин Қодирӣ, сармуҳаррири газетаи “Минбари халқ” Бахтиёр Ҳамдамов, хатмкунандаи бахши сайёҳӣ, магистранти Донишгоҳи давлатии иҷтимоии Федерасияи Россия Сулҳияи Қувватбек, директори осоишгоҳи “Сатурн” Абдусаттор Назриев маърузаҳо пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.
Қайд гардид, ки хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди тағйироти нави бунёдкориву созандагӣ, аз ҷумла, бунёди неругоҳҳои барқӣ, кушодану васли роҳу нақбҳо, бедору ғанӣ гардонидани ифтихори миллӣ, вусъат бахшидан ба вазъи таълиму тарбия, тандурустӣ ва сайёҳӣ ҷойгоҳи махсус дорад.
Дар баробари ин, Президенти кишвар бо пешниҳоду ташаббусҳои байналмилалӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ мақоми хосса дошта, ин маҳбубият на танҳо боиси боварию эътиқоди мардуми Тоҷикистон, балки ифтихори тамоми тоҷикони ҷаҳон аст.
Мавриди тазаккур аст, ки маҳз бо талошҳои созанда ва пайгиронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи сиёсати “Дарҳои кушод” Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2007 узви комилҳуқуқи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ гашта, барои ворид шудани соҳаи сайёҳии кишвар ба бозори ҷаҳонии сайёҳӣ заминаҳои воқеӣ фароҳам оварда шуд.
Тӯли солҳои охир як қатор ислоҳоти муҳим дар бахши сайёҳӣ амалӣ гардида, заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳа бо қабул ва татбиқи қонунҳои ҶТ “Дар бораи туризм”, “Дар бораи сайёҳии дохилӣ”, Консепсияи рушди туризм дар ҶТ, Барномаи рушди туризм ва дигар санадҳо устувор гардид.
Дар анҷоми кори ҳамоиш байни иштирокчиён ва коршиносони соҳа вобаста ба иҷлосияи тақдирсоз ва нақши Президенти кишвар дар рушду нумӯи соҳаи сайёҳӣ мубодилаи кор сурат гирифт .
Гулҳаёи Мадимар
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: