Панҷакент: Маркази иттилоотӣ барои сайёҳон кушода мешавад27-10-2016, 16:15
Хабарро хонданд: 405 нафар
Назарҳо: 0
Дар доираи сафари кории роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Панҷакент, Истаравшан, Хуҷанд ва Гулистону Бустон, дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои пешқадами сайёҳӣ масъалаи рушди инфрасохтори сари роҳ, хизматрасонии ошхонаву тарабхонаҳо ва меҳмонхона мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Тавре аз ин ниҳод ба faraj.tj иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқоти роҳбарияти Кумита бо ширкатҳои сайёҳии вилояти Суғд, пешниҳод гардид, ки дар шаҳри Панҷакент бо такя ба имконият ва захираҳои бойи сайёҳӣ аз қабили Саразми бостон, Панҷакенти қадим, Ҳафткул, Панҷрӯд, базаи сайёҳии Артуч, ёдгории таърихии Хоҷа Муҳаммади Башоро ва Санҷартеппа кушодани Маркази иттилотӣ ва мағозаи савғотӣ барои сайёҳон дар назди Шӯрои рушди туризми Зарафшон, ки чанд сол боз фаъолияташ маҳдуд шуда буд, эҳё ва таъсис дода шавад. Манбаъ мегӯяд, айни замон мутахассисон барои хизматрасонӣ дар ин марказ то охири сол аз омӯзиш ва таҷрибаи Марказҳои иттилотии шаҳри Хуҷанд ва Хоруғ гузашта, аз аввали мавсими сайёҳӣ дар соли 2017 ин марказ ба таври расмӣ ба фаъолият оғоз хоҳад кард. :. ХАБАРИ РӮЗ 27.10.2016 11:57 72 |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.