Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Мушкилоти обёрии заминҳои ноҳияи Сангвор то ҳол боқӣ мондааст

Мушкилоти обёрии заминҳои ноҳияи Сангвор то ҳол боқӣ мондааст

1-02-2018, 04:07
Хабарро хонданд: 247 нафар
Назарҳо: 0
Мушкилоти обёрии заминҳои ноҳияи Сангвор то ҳол боқӣ мондааст

САНГВОР, /АМИТ «Ховар»/. Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Сангвор дар тавозуни худ 11 шабакаи обёрӣ дорад, ки 6 шабакаи он дар истифода буда, 5 адади дигараш корношоям мебошанд. “Сабаби таъмир нагардидани каналҳои номбурда набудани техника ва маблағҳои зарурӣ мебошад”,-мегӯянд масъулини ҳукумати ноҳияи Сангвор.

Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Сангвор соли 2017 дар барқарорсозии канал ва таъмири иншооти обгузар 14 ҳазору 371 сомонӣ масраф карда, аз 1944 га замини корами обӣ 500 га заминро бо оби полезӣ таъмин намудааст. Ҳаҷми обе, ки хоҷагиҳои деҳқонӣ аз заминҳои шартномавии корхона истифода бурдаанд, 1,2 миллион метри мукаабро дар бар мегирад, ки арзиши он ба 18 ҳазору 794 сомонӣ баробар аст.

Маблағи пешакии истифодаи об соли 2017 дар ноҳия 26 ҳазору 695 сомонӣ пардохт шудааст. Аз тарафи Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмири шабакаҳои обгузари ноҳия 228 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, маблағи мазкур барои таъмиру барқарорсозии шабакаҳои обёрии Шакоб-Разак, Деҳаи Шоҳ, Хирз ва Лайрони поён масраф карда шуда, ҳоло корҳо дар ин самт идома доранд.

Тибқи иттилои масъулини ноҳия, мушкилоти асосӣ дар ин самт паст будани ҳолати мелиоративии зиёда аз 400 га заминҳои корам ва азхудкунии заминҳои корам дар ҷамоатҳои Тавилдара, Чилдара, Сангвор мебошад, ки барои бартараф кардани он маблағҳои зиёд заруранд. Мутаассифона, то ба ҳол сарчашмаи маблағгузорӣ пайдо нагардидааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: