Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Шиносоии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни татбиқи лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара» марҳилаи дуюм

Шиносоии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни татбиқи лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара» марҳилаи дуюм

12-05-2017, 15:08
Хабарро хонданд: 196 нафар
Назарҳо: 0
Шиносоии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни татбиқи лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара» марҳилаи дуюм
ДУШАНБЕ, 12.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти ба номи Исмат Шарифов ҳамчунин бо ҷараёни татбиқи лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара» марҳилаи дуюм шинос шуданд.

Дар давоми солҳои 2001-2016 дар ноҳияи Данғара бо ҷалби сармоя дар доираи лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара» дар ду марҳила 4248,5 га замин обёрӣ ва аз худ карда шудааст, ки аз ин солҳои 2001-2006 марҳилаи якум-2500 га ва солҳои 2008-2016 марҳилаи дуюм 1750 гектарро фаро гирифта, маблағи умумии корҳои иҷрошуда 42,0 млн.доллари ШМА мебошад. Татбиқи навбати дуюми лоиҳа дар муҳлати муайяншуда амалӣ гардида, барои киштукори пахта, зироати полезӣ ва бунёди боғу токзор пешбинӣ шудааст. Истифодаи самараноки заминҳои обӣ кафолати таъсиси зиёда аз 6000 ҷои корӣ, баланд бардоштани некуаҳволии мардум ва афзоиши ҳосилнокии меҳнат мебошад.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара», марҳилаи ду солҳои 2008-2016 амалӣ гардида, лоиҳаи марҳилаи якум солҳои 2001-2006-ро дарбар мегирад ва ҷамъи заминҳои азхудкардашуда ва обёригардида дар ду марҳила зиёда аз 4200 гектарро ташкил медиҳад.

Бояд зикр намуд, ки марҳилаи 3-юми татбиқи лоиҳаи Обёрии заминҳои водии Данғара аллакай оғоз гардида, дар соли 2017 маблағи 381,4 ҳазор доллари ШМА ва аз аввали марҳила 2849,2 ҳазор доллари ШМА аз худ карда шудааст. Дар доираи татбиқи лоиҳаи марҳилаи сеюми аз худ намудани 1750 га заминҳои нав дар назар аст, ки ин имконияти таъсиси боз 8 ҳазор ҷойи нави кории иловагиро фароҳам меоварад.

Дар доираи Лоиҳаи дуюми таъмини шуғли аҳолӣ барои устувории хоҷагии қишлоқ ва идоракунии захираҳои обӣ дар ноҳияи Данғара корҳои тоза намудани каналҳои ирригатсионӣ 21 км ва заҳбуру заҳкашҳо 15 км ба маблағи 2,4 млн. сомонӣ ба нақша гирфта шуда, айни замон ба маблағи 2,1 млн. сомонӣ корҳо ба иҷро расонида шудаанд.

Инчунин корҳои барқарорсозии шабакаҳои обрасонӣ ба дарозии 9,6 км, ғалақа (задвижка) 10 адад, қубури обпарто 44 адад, чоҳҳои оҳану бетонӣ 24 адад ба маблағи 3,7 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шуда, то 1 апрели соли ҷорӣ ба маблағи 3,4 млн. сомонӣ корҳо ба анҷом расонида шудаанд.

Дар баробари ин аз ҳисоби лоиҳаи мазкур корҳои барқарорсозии шабакаҳои обрасон, дарвозаҳои обтақсимкунанда, чоҳҳои амудӣ, пойгоҳҳои обкашӣ ва тоза намудани ҷӯйборҳои обрасон тариқи дастӣ ба маблағи 7,6 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шуда, дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ ва нимаи аввали соли 2018 амалӣ хоҳанд гашт.

Бояд таъкид кард, ки ҳамчунин дар доираи барномаҳои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2005-2009 ва 2010-2014 дар ноҳияи Данғара ба маблағи 756 ҳазор сомонӣ корҳои мелиоративӣ гузаронида шуда, ҳолати ғайриқаноатбахши 739 га заминҳо беҳтар карда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо ҷараёни татбиқи лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара», марҳилаи дуюм ба сифати корҳои анҷомдодашуда таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, ба роҳбарияти вилоят, ноҳия ва масъулони дахлдори соҳа барои татбиқи саривақтӣ ва босифати марҳилаҳои ниҳоии обёрӣ ва азхудкунии заминҳо, истифодаи самараноки об ва ҳар қитъа замини обёришуда, техникаю таҷҳизоти таъйиноти мелиоративию кишоварзӣ, тақвияти корҳои беҳдоштии кишоварзӣ ва дигар масоили рӯзмарра дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: