Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Тарофаҳои имтиёзнок бар зарари ширкат шуданд

Тарофаҳои имтиёзнок бар зарари ширкат шуданд

22-02-2018, 08:42
Хабарро хонданд: 191 нафар
Назарҳо: 0
Тарофаҳои имтиёзнок бар зарари ширкат шуданд
Соли 2017 дар мамлакат беш аз 15,3 миллиард кВт.соат барқ истеҳсол карда шуд, ки дар қиёс ба як сол аз ин пеш 955,8 миллион кВт.соат зиёд аст. Ҷамъоварии маблағи фурўши барқ дар дохили ҷумҳурӣ нисбат ба соли 2016 ба маблағи 461,7 миллион сомонӣ афзоиш ёфта, ба 1 миллиарду 898,6 миллион сомонӣ баробар шуд.
Мирзо Исмоилов, раиси ШСХК «Барқи тоҷик», дар нишасти матбуотӣ бо вуҷуди афзоиши истеҳсоли барқ ва маблағи фурўши он, дар сатҳи ниҳоят паст пардохт шудани маблағи барқ аз тарафи истифодабарандагони азимро мушкилоти ҷидди ширкат унвон кард.
Ба дастгирии соҳаи хоҷагии оби ҷумҳурӣ аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ нигоҳ накарда, ки аз соли 2010 ин ҷониб нисбати корхонаҳои Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ тарофаи имтиёзнок татбиқ мешавад, дар соли 2017 онҳо пардохти маблағи ҳаққи истифодашудаи барқро ҳамагӣ дар сатҳи 2,7 фоиз таъмин намуданд. Тарофаҳои имтиёзнок барои насосҳои обкашӣ дар ҳафт соли татбиқашон даромади молии ширкати моро зиёда аз 980 миллион сомонӣ кам карда, ба вазъи молиявии он таъсири манфӣ расонида истодааст, гуфт раиси ширкат ва афзуд, ки корхона бо мақсади рўёнидани қарзҳои дебиторӣ соли гузашта ба 2450 муштарии қарздор ба маблағи зиёда аз 173 миллион сомонӣ даъво пешниҳод намуд. Бо вуҷуди он, ки дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар охири соли 2017 қарзи ШСХК «Барқи тоҷик» дар назди буҷети давлатӣ аз ҳисоби андозҳо ба маблағи 81,95 миллион сомонӣ тариқи ҳисоббаробаркунии қарзи Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ дар назди ширкат кам карда шуд , қарзи кредитории зикршуда ба ҳолати 31 декабри соли 2017 танҳо аз ҳисоби фоизҳо ба 101,2 миллион сомонӣ баробар шудааст.

Н. Худойбахшов




Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: